МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Хоинони ватан лӯхтакони хоҷагони хориҷӣ.

Хоинони ватан лӯхтакони хоҷагони хориҷӣ.

Хоинони ватан лӯхтакони хоҷагони хориҷӣ. Саркарда аз асри 20 пешравии илму техника ба як сатњи тамоман нав баромада, бо суръати тез рушд карда истодааст. Инсоният бо ин ҳама дастовардҳои худ дар ҷодаи илму техника қаноат накарда то рафт онро такмил дода истодааст, то тариқи он ҳайёти худро хубтару беҳтар ва корро осонтар намояд. Пешрави дар тамоми самтҳои фаъолияти инсон ба назар мерасанд. Яке аз самтҳое, ки дар асри мо рушд намудааст ин самти ҷамоварӣ, паҳну пахши иттилоот ба ҳисоб меравад. Дар масъалаи ҷамоварӣ ва паҳну пахши иттилоот нақши ВАО ва дигар воситаҳои паҳнкунанда аз қабили шабакаҳои иҷтимои интернет дар замони мо хеле калон мебошад. Дар замони мо паҳн намудани иттилоот на танҳо бо мақсади хабардор нмудани одамон оиди ягон масъала, балки як воситаи хуби маблағ ба даст овардани бархе аз одамон гаштааст. Дар ин радиф шабакаҳои иҷтимоии интернетро як зумра хоинони кишвари мо мехоҳанд барои вайрон кардани мафкураи шаҳрвандорн, бахусус ҷавонон истифода намоянд. Вазъи имрӯза ва сиёсати пешгирифтаи давлатро ба қавли худашон таҳлил менамоянд. Бархе аз ин инсонҳои ватангадо бар он ақидаанд, ки имрӯз онҳо мисли Амрикоиҳо ё Олмониҳо бояд зиндаги дошта бошанд. Дастовардҳои мардуми кишвари худро нодида мегиранд. Онҳо гумон намекунанд, ки барои ба чунин сатҳ расидан вақт ва заҳматҳои калон кашиданамон даркор аст. Олмон ва Амрикониз яку якбора ба ин сатҳ нарасидаанд. Яке аз дастовардҳои бузурге, ки мо дар ин давра дар баробари ба даст овардани истиқлолият ба даст овардем ин сатҳи роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифтан, дар кишвар сулҳу суботро пойдор гардонидан ва ба ваҳдати миллӣ расидан ба ҳисоб меравад. Бояд қайд намуд, ки барои ин қабил шахсон на манфиати давлату миллат, балки манфиати шахсӣ, яъне ба даст овардани пӯл дар ҷои аввал меистад. Лекин дар коре, ки маблағ ҷудо шудааст, ҳатман ҳисоботи хароҷот талаб карда мешавад. Бинобар ин ба ном “ғамхорони мардум”, ки айни ҳол дар хориҷи кишвар қарор доранд маълум, ки пул кор карданро тавассути сиёҳ кардан ва пастзадани давлати хеш ёфтаанд аз ин роҳи худ баргаштани нестанд. Ҳаргиз ниятҳои нопоки онҳо амалӣ намешаванд. Зеро мардуми тоҷик ва аз он ҷумла ҷавонон мақсаду ниятҳои нопоки ин дурӯябозони ватани худро медонанд ва ҳеҷгоҳ намегузоранд, ки чунин бадкирдорон бо ҳамроёни хоҷагони худ нақшаҳои кашидаашонро дар кишвари биҳиштосои мо анҷом диҳанд. Сокини ноҳияи Восеъ Маҳмадзода Ш.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 26-07-2021, 15:14:16 | Диданд: 186