МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

САРҲАДИ  ДАВЛАТИИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

САРҲАДИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Ҳимояи сарҳади давлати ва муҳофизати он вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳуриамон мебошад, валле мутасифона хоинони миллат мехоҳанд, ки муносибатҳои миллию сарҳадии ин давлатҳоро муташаниҷ гардонда, ду миллатро бо ҳам ҷангу хунрези андозанд. Сиёсати сарҳади бо назардошти принсипҳои байналмиллалии эҳтироми соҳибихтиёри тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ ташакул ёфта ба он асос меёбад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҳади давлатиро ҳамчун хатти муайянкунанда ба ҳисоб рафта давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистони яке аз мамлакатҳои пешрафта ба ҳисоб меравад. Мо бояд ба халқу миллати худамон ҳамеша содиқона хизмат намоем. Бояд гуфт, ки ҳар яки мо дар сиёсати пешгирифтаи сарвари давлатамон саҳмдор бошем ва талаботро дар ин самт бояд ба сифати баланд расонем. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Сарҳади давлатӣ бо санадҳои меъёрии хуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст муайян карда мешавад. Сиёсати сарҳади ҷузъи сиёсати давлатии дохили ва хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-сарҳади давлатӣ)-хат ва сатҳи амудии аз ин хат гузарандааст, ки ҳудуди қаламрави давлатии (хушки обҳо қаъри замин ва фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд яъне ҳадди фазоии амали соҳибихтиёрии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Беҳуда нест, ки дар маърӯзаи Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид карда буд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифаи Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро конститутсияи ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буд. Пешвои Муаззами Миллат Соҳибеҳтиром Эмомали Раҳмон ҷамъ омад, барои гулгулшукуфоии Ватани ҷонҷонамон,то ҳатто ҷонамонро қурбон месозем. ҲАМА ТАН БА ТАН САР БА КУШТАН ДИҲЕМ, АЗ ОН БЕҲ, КИ КИШВАР БА ДУШМАН ДИҲЕМ. Сокини н. Восеъ Шарипова. Ш

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-07-2021, 13:39:40 | Диданд: 291