МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ХОИНОНИ ВАТАН ДАР ХОРИҶА ЧИ ШУҒЛ ДОРАНД?

ХОИНОНИ ВАТАН ДАР ХОРИҶА ЧИ ШУҒЛ ДОРАНД?

ХОИНОНИ ВАТАН ДАР ХОРИҶА ЧИ ШУҒЛ ДОРАНД? Бисёр аламовараст вақте мешунавем, ки як қисми ҷавонони тоҷик бар ҳар гуна ҳаракату равияҳои ифротгароӣ ҳамроҳ гардида, ҷони худро дар кишварҳои бегона баҳри манфиатҳои дунёхоҳон беҳуда қурбон месозанд. Кас ҳайрон мешавад, ки барои ин гуна ҷавонон чи намерасад? Охир дар кишварамон барои таҳсилу фаъолият тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Имрӯзҳо фаъолияти ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар кишварҳои ғарбӣ худро ҷабрдидаи сиёси ва намояндагони қувваҳои демократӣ муарифӣнамуда, бо фиребу найранг аз ин кишварҳо ва ташкилотҳои байнанмилали низ огоҳона ё ноогоҳона терроризм ва экстромизмро маблағгузори мекунанд. Агар пеши роҳи ин ташкилоти террористӣ ва хоҷагони хориҷиашон гирифта нашавад боз бадбахтиҳои зиёдеро бар сари ҷавонони гумроҳи фиребхӯрда ва миллати тоҷик меорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видиои гирдиҳамоии хоинони миллат аз қабили Салмон, Муҳаммадиқбол ва як ду нохалафи бадбахти Гуруҳи 24 пахш гардид, ки чанд нафари ноошнову ношинос ва фиребхӯрда нисбати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат бадгӯӣ мекунанд. Онҳо нобиноёна дастовардҳои Тоҷикистони азизро нодида гирифта, худро ҳомии озодию демократия меҳисобанд. Мо амалҳои иғвоангезонаи онҳоро маҳкум менамоем ва таъкид менамоем, ки нсибати Ватан, Модар ва миллат бадгӯиҳоро бас кунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба қатори кишварҳои рӯ ба тарақӣ дохил шудааст. Ҳамин оромию озодии кишвар як бойгарии нотакрор аст, ки бо ҷаҳду талоши зиёди шабонарӯзии Пешвои Тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Мо ҷавонон, набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва фирефтаи ҳаргуна созмонҳо шавем, ояндаи давлату миллат аз мо вобастагии қавӣ дорад. Мақсаду мароми мо бозҳам густариш додани сарҷамъӣ, тифоқӣ, хушбахтӣ, хандаи тифлон, сархушии ҳамагон мебошад. Сокини ноҳияи Восеъ: Каримов Анвар Муборович

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-01-2022, 11:02:19 | Диданд: 167