МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ДАР ХУСУСИ ВАЗЪИЯТИ ВМКБ

ДАР ХУСУСИ ВАЗЪИЯТИ ВМКБ

ДАР ХУСУСИ ВАЗЪИЯТИ ВМКБ АТО МИРХОҶА Мақола аз Фейсбук Чандин сол аст, ки масъалаи ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ вирди забони мардуми ҷумҳурӣ, минтақа ва олам гаштааст. Яқин аст, ки чунин ҳолат пеш аз ҳама, манзалату обрӯи бадахшониҳо ва миллати тоҷикро доғдор месозад. Ман муътақид ҳастам, ки чунин вазъ аз беҳавсалагӣ ва кори ниҳоят сусти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва махсусан, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят сарчашма мегирад. Ҳукуматдорони шаҳри Хоруғ бояд бо мардум дар якҷоягӣ кор кунанд. Ҳамзамон бо ин, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳрт якрӯ, яктан, бомасъулият ва қотеона низоми давлатдорӣ ва тартиботи ҷамъиятиро дар шаҳри Хоруғ таъмин созанд. Саволе пеш меояд, ки иллати фаъолияти ғайриқаноатбахши мақомот дар ВМКБ дар чист? Пеш аз ҳама, дар рӯйбозиву риёкории кормандони он. Онҳо намехоҳанд, ки бо ин ё он шахс, ҳатто он одам ҷинояткор ё барои ҷомеа хавфнок ҳам бошад, муносибати худро вайрон кунанд. Суоли посухҷӯи дигар он аст, ки рӯю риёбозӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон аз куҷо маншаъ мегирад? Боре аз раиси суди вилоят (ё шояд прокурор буд) Иванов суол кардам, ки хулосаи коратон дар Хоруғ чист? Ҷавоб дод, ки: "О какой работе ты говоришь? В Хороге кругом одни питиши. Тут некого ловить" -- ("Дар бораи кадом кор ҳарф мезанӣ? Дар Хоруғ ҳама питиши (амакбача, холабача) якдигаранд. Ин ҷо касеро дастгир кардан мумкин нест). Ҳамин руйхотирбозӣ боис гардид, ки одамони ҷинояткор беҷазо монанд. Вақте барои ҷиноят ба маҳкама кашида намешаванд, дар назари ҳамгинони худ қаҳрамон метобанд, ба шахсияте табдил меёбанд, ки ҳатто милисаву прокурор аз вай метарсад. Ва ба лидери ғайрирасмӣ, вале бисёр соҳибнуфузи ҷомеа табдил меёбад. Яъне, чунин лидеронро тарсуӣ, бесалоҳиятӣ, бевиҷдонӣ, вазифаношиносӣ, ришвахорӣ, хешутабору ошнобозии худи мақомот ба вуҷуд меорад! Агар ба гапам бовар накунед, марҳамат, ба таърихи ташаккули ҳар як лидери имрӯзаи ғайрирасмии вилояти Бадахшон рӯ оваред. Аз соҳибмансабони даврони Шӯравӣ сар карда то имрӯз, даст рӯи дил гузошта, иқрор оваранд, ки чанд маротиба ин лидерон ба доми қонун афтодаанду онҳо нисбаташон ё парванда оғоз накардаанд ё виҷдони худро фурӯхта, қатъ кардаанд. Ман ҳамдиёронамро ба ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ёрӣ расондан ба онҳо барои ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷинояткор даъват менамоям. Бояд тазаккур дод, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ акнун имкони халос хӯрдан аз лидерони ҷудоиандоз, нашъафурӯш, тангназар ва худписанд ба вуҷуд омадааст. Ҳукумат мехоҳад, ки ба тантанаи чандинсолаи ин гурӯҳҳо нуқта гузорад, зеро онҳо муттасил бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори муътадили мақомот ва осудагиву оромии шаҳрвандони одӣ халал мерасонанд. Низоъҳоеро, ки онҳо дар ҷомеа меандозанд, боиси хушнудии бадхоҳони миллат ва давлат, онҳое мегардад, ки ҷумҳурии моро дар солҳои 90-ум ба коми оташи ҷанг тела дода буданд. Вале бояд дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дасти ҳукумат ба тамоми соҳаҳо мерасад, он қодир аст, ки амнияти шаҳрвандонро дар ҳама гуна вазъу ҳолат ҳимоят намояд. Ман дар муддати даҳ соли охир дар мақолаҳоям чандин маротиба ба масъалаи Хоруғ, ки маркази асосии нобасомониҳои вилоят мебошад, рӯ оварда, андешаву бардоштҳоямро навишта будам. Мақолаҳоям боиси гуфтумонҳои зиёде ҳам гаштанд. Ҳатто ҳақоратҳои қабеҳ ҳам шунидам. Вале бо ҳақорату дашному таҳқири онҳое, ки масъалаҳои доғи Хоруғро ба миён мегузоранд, гиреҳи мушкилот боз намегардад. Мардуми Помирамон ҳамин хел -- танқиду гапи ростро шунидан намехоҳанд. Фарзандашон, хешу таборашон авбошӣ ҳам кунад, ҳатто ягон касро кушад ҳам, бояд органҳои давлатӣ ба вай кор нагиранд. Ҳатто ба маҳкама ҳам кашанд, чандин хешу табору ёру ҷӯрааш ба такудав медароянд, ки ӯро суд накунанд. Дар ин бора даҳҳо мисол оварда метавонам, лекин бо яктояш иктифо мекунам. Моҳи июли соли 2018 ҳангоми рухсатӣ ба зодгоҳам рафтам. Ҳамон шабу рӯз кадом як ҷавоне дар роҳи ҷониби санаторияи Ҷелондӣ шахсеро, ки дар қади роҳ дар назди автомобили худ истодагӣ будааст, зер карда, ба ҳалокат мерасонад. Шоҳидони ҳол гуфтанд, ки ронанда мошину шахси дар наздаш истодаро возеҳу равшан дидааст, аммо рост омада, он мардро зер карда будааст. Ин ронандаи бехирад, (мутассифона, номаш дар хотирам намондааст), чанд моҳ пеш аз ин, ба ҳамин тариқ, шахси дигареро ҳам бо мошини худ зер карда будааст. Бо такудави хешу табораш ӯ аз суд шудан наҷот меёбад. Ҳатто аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрумаш ҳам накардаанд. Дар натиҷаи пӯшондани он ҷиноят ин ҷинояти дигар сар мезанад. Боз ҳамон хешу табор - питишу амаку тағову акаву додару янгаву қайсингулу ҳоказо дастҷамъона барои аз ҷавобгарӣ озод кардани он бадбахт ба такудав меафтанд. Ман барои дидани дӯстам -- генерал Паноев ба хонааш рафта будам, ки телефонаш занг зад ва кадом хеши ҳамин ронандаи бетавфиқ аз ӯ илтимос кард, ки барои аз дасти органҳо халос кардани ӯ барояшон кумак намояд. Генерал сахт ба ғазаб омад ва гуфт: "Ба дасти ман бошад, ин хел падарсагро ба ҳабси якумрӣ мешинонам!" Ҳоло равшан намедонам он ҷинояткорро ба ҳабс гирифтанд ё тибқи "қонунҳои дохилии хоруғӣ" ҷавобаш доданд, аммо возеҳан медонам, ки даҳҳо ҳамин гуна девонабашараҳои дебил дар ин қаламрав ба далели "маш вирод", яъне худӣ буданашон, аз подоши амал дар канор мемонанд. Рӯирост бояд иқрор шуд, ки ҳанӯз дар охирин рӯзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати реалӣ дар шаҳри Хоруғ ба дасти саркардагони олами ҷиноят гузашта буд. Мардуми одӣ аз онҳо метарсиданд, чун аз дасти онҳо ҳама гуна кори паст меомад. Органҳои дахлдори давлат нисбат ба онҳо мавқеи бетарафона гирифта буданд, чун агар милиса дастгир кунад, прокурор ҷавобашон медод, прокурор дастгир кунад, суд бегуноҳашон мебаровард ва ҳоказо. Сабаб боз ҳамон питишбозӣ, хешутаборчигӣ, ҳамшаҳригарӣ... Ҳоло ҳама дар хусуси печидани иддаи бузурги ҷавонони Хоруғу атрофи он ба афюну бангу ҳероин ҳарф мезананд. Вале шояд на ҳама донанд, ки заминаи онро наркобаронҳои машҳур Алёша-Горбун ва Ҳофизу ёру ёварони онҳо ҳанӯз дар солҳои 80-ми асри гузашта гузошта буданд! Аммо аз он ки касе пишаки онҳоро пишт нагуфт, ин рӯбоҳон аз пушти маводи мухаддира сарвати ҳангуфт андӯхта, ба шерони жаён, ҳатто қаҳрамонон табдил ёфтанд. Аз мусолиҳакориву саҳлангории мақомоти қудративу ҳифзи ҳуқуқ дар атрофашон лидеру лидерчаҳои нав ба нав пайдо шудан гирифтанд ва Хоруғу Шуғнонро дар байни худ тақсим карда, ҳокимони мутлақ шуданд. Агар ин лидерҳо ба ҳамин сурате, ки гуфтам, пайдо нашуда бошанд, марҳамат, касе далелу исботи дигаре дошта бошад, бигӯяд, ман аз ӯ ва хонандаи ин матлаб расман узр хоҳам пурсид. Дар солҳои аввали истиқлол ин лидерон мардуми моро ба чӣ балоҳо гирифтор карданд, барои ҳар шахси солимфикре, ки ҷанги худкушии тоҷиконро аз сар гузарондааст, мисли офтоб равшан аст. Ман андешаҳою ёддоштҳоямро дар ин бора дар китоби "Одами тиллоӣ", маҷмӯи хотираҳоям бо номи "Хоруғ 1994-95" ва ғайраҳо ба чоп расондаам. Ба аксари ҳамдиёронам, ҳатто дӯстони наздикам писанд наомаданд. "Чаро дар бораи мардуми худат чунин чизҳо навиштӣ?" озурдахотирона мепурсанд онҳо. Пас аз ин хел гуфтумонҳо ба худ савол медиҳам: "Оё наркобаронҳову шӯрапуштону тангназарону маҳалчиёни ашаддие, ки боиси бадбахтии тамоми халқи ман гардидаанд, "мардуми мананд? Оё ба ин далел, ки инҳо ба забони модарии ман гап мезананду дар кадом як зовияе риштаи хешовандамон ба ҳам гиреҳ мехӯрад, бародарони мананд? Оё ба хотири ҳамтабор будан, аз тамоми бадбахтиҳое, ки ин ноҷавонмардон ба сари мо оварданд, чашм пӯшаму "девор афтад дарун афтад" гуфта, ба даҳон об гирифта, бинам, ки инҳо боз ба чӣ тавтеаҳое даст мезада бошанд. Ҳазор афсӯс носазо гуфтану ҳақорати қабеҳ додану таҳқир намудани одамони баруманди Бадахшонзамин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба расми одӣ табдил ёфтааст. То ба дараҷае, ки як рӯз агар ягон рафтори он шахс ба табъи баҳимонаашон мувофиқ афтад, ӯро ба осмони ҳафтум мебароранд. Аммо Худо накарда, ягон ҳарф ё амалаш дар назари онҳо зидди манфиатҳои бӯгинашон намояд, туфони ҳақорату бӯрони маломат ба сари ӯ дарёи равон мешавад. Ва чун шахси дучори бемории склероза аз ёд мебароранд, ки дирӯз ӯро фариштаи пок бароварда буданд. Барҷастатарин мисол барои ин иддао гуфтумонҳои як соли охири шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси раиси пешинаи вилоят Ёдгор Файзов мебошанд. Бахусус, ба гурӯҳҳое таваҷҷуҳ намоед, ки онҳо ба Бадахшон рабт мегиранд. Назар ба норизояту ҳақоратҳои баёншуда, ки аксар ба забони шуғнонӣ навишта шудаанд, Файзов набояд амру фармонҳои Президенти Тоҷикистон ё ҳукумати онро иҷро кунад; бояд бар зидди ҳукумати марказӣ амал намояд ва ҳатто Президентро дар Бадахшон на қабул кунад, на меҳмондорӣ!! Олитарин намунаи ифрот дар маҳалчигиву меҳмонбадбинӣ! Калонсолон медонанд, ки ҷанги худкушии солҳои 90-ум бо "ташаббуси" ҳамин гуна хушкмағзони тангназари тундрави ифротӣ сар зад ва талхии онро миллати мо то ба ҳол чашида истодааст. Шӯрандозиву авантюристии ҳамин гуна бефаросатони давр буд, ки Хоруғи орому осуда ба нооромтарин нуқтаи Тоҷикистон мубаддал гашт. Илм, фарҳанг, адаб, маориф ночиз шуд. Зӯроварӣ, ҳамдигаркушӣ, нашъамандӣ, духтарҷаллобӣ, авбошпарастӣ ба авҷи аъло расид. Аҳли фазлу ҳунар муҳтоҷи як пора нон гашт. Бар замми нодориву қашшоқӣ ҳар замон мавриди озору таҳқири авбошону ҷиноятпешагоне, ки ягон мақоме, пеши роҳашонро гирифта наметавонист, қарор мегирифтанд. Ба ин сабаб ҳамаашон роҳи пойтахт ё дигар шаҳрҳои амни ҷумҳуриямонро пеш гирифтанд. Ман, ки фаъолтарин узви маҳфили адибони вилоят будам, дар фазои зангзадаи Хоруғ дигар нафаси озод кашида натавониста, соли 1995 ба Душанбе кучидам. Як сол пас нависандаи забардаст устод Наҷмиддин Шоҳинбод ба Хуҷанд кӯч баст. Баъд Раънои Мубориз ҳам дигар бо муҳити атроф мадоро карда натавонисту ӯ ҳам ба пойтахт омад. Дар ин солҳои наҳс даҳҳо овозхон, мутриб, ҳунарпеша, муҳандис, меъмор, наққош ва намояндагони дигар касбу кор Хоруғи гулрангро бебозгашт тарк карданд. Дар натиҷа фазои маънавии бе ҳамин ҳам тунук тамоман холӣ гашт. Бехирадон бар бохирадон, ҷоҳилон бар оқилон, тангназарон бар дарёдилон, зулмот бар равшанӣ пирӯз гашт. Аз шоирони номвар, ба сабаби куҳансолӣ, дар Хоруғ танҳо устод Ширин Бунёд монд, ки шамъи рақиқи маърифату адабро аз пуфбоди ҳодиса нигаҳбонӣ мекард. Аммо ҳамин як шоирро ҳам дар он муҳит рӯи хуш надоданд. Ҳатто пас аз маргаш ҳам тангназарони бемаърифат, назар ба қавли як дӯстам, портрети филизии дар сари роҳи деҳааш гузоштаро бо сангандозӣ сӯрох-сурох кардаанду баннери акси дар маркази ноҳия гузоштаи ӯро ҳамин сол оташ задаанд!! Оё дидаед ё шунидаед, ки дар Панҷакент ё Хуҷанд ё Кӯлоб ё Ҳисор ё Ғарм халқ ба шоири номвараш чунин муносибатро раво дидааст?! Пас шумо - эй ҳамдиёрони маърифатбадбини ман беҳтаред ё онҳое, ки ҳамдиёрам наянд, вале бадтарин авбошашон дар хусуси нобуд кардани акси аҳли адабу илм ҳатто андеша ҳам намекунад? Пас ман пас аз ин ҳама таҳқир боз ҳам тарафи шуморо гирам? Ё дар "сари кафида зери тоқӣ" гӯяму сӯзаму дам ба дарун зада бишинам?! Наметавонам! Хоруғ ҳам бояд билохира ба шаҳри ором, меҳмондӯст ва муътадилавзоъ табдил ёбад. Барои расидан ба чунин мақсад дар навбати аввал бояд нуфузи атаманҳои кӯчабозориро ба сифр баробар кард. Дигар, ҳамаи онҳоеро, ки таҳти таъсири ин лидерҳои худобехабар фазои зиндагии шаҳрро олуда месозанд, зери назорати мақомоти дахлдор гирифта, барои баромадан аз ин буҳрони равонӣ ба онҳо ёрӣ расонд. Росташ, ман фикр мекардам, ки солҳои охир эҳсоси бегонабадбинӣ дар Хоруғ хеле кам шудааст. Аммо ин гумонам иштибоҳ баромад: мисли ҳарвақта ҳоло ҳам шахси аз минтақаи дигар омадаро даррав мавриди "тергав" қарор дода, аз ӯ базӯр пул мекананд. Моҳи июли ҳамин сол (2021) бо дӯстони душанбегии худ ба Хоруғ рафта, ба мақсади харид дар назди бозори марказӣ автомобиламонро нигоҳ доштем. Ҳанӯз дари онро накушода, дар наздамон марди тахминан ҳамсоли ман ҳозир шуд ва ба ронанда гуфт: "Ин ҷо система ҳаст, системаро бояд риоя кунӣ". Ман ӯро зери маломат гирифтам. Вай таҳдид кард, ки "ман туро ҳоло бурда, разбор мекунам". Лекин чун дид, ки ба шуғнӣ гап мезанаму аз ӯ сари тарс надорам, ғур-ғуркунон туъмаи худро раҳо кард. Пас, инсофан бигӯед, ки бо ҳамин гуна муштзӯрону бадниҳодон Хоруғ чӣ обрӯе касб карда метавонад? Ё дар ин бора ҳам нагӯем, зеро он марди "системачӣ" одами худисту худӣ агар кофармоҷаро ҳам бошад, ба ӯ коре набояд бигирем? Ба фикрам, не! Вақти муросову мадоро бо чунин ашхоси фикргандида гузашта рафт! Давои тамоми ин дардҳо итоати бечунучаро ба қонун ҳасту дигар ҳеҷ. Бояд аз раис сар карда, то шаҳрванди қаторӣ қонунро риоя намояд, дар акси ҳол ба ҷои лидерҳои аз кор афтода лидерҳои нав, бо ҳилаву найрангҳои тоза пайдо шуда, боиси эҷоди мушкилиҳои боз ҳам печидатар мегарданд. Ашхосе ҳам ҳастанд, ки берун аз Тоҷикистони азиз умр ба сар мебаранд. Ба ҷои он ки мисли шаҳрвандони кишварҳои пешрафта ва тамаддунофар ба Ватани аҷдодӣ дасти ёрӣ расонанд, сармоягузорӣ кунанд, дар андешаи рушди он бошанд, баръакс бар оташи ҷиноят ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруғ равған мерезанд, вазъро боз ҳам печидатар месозанд. Ман ҳамчун зодаи Бадахшон нисбат ба чунин ашхос эҳсоси нафрат дорам. Ва гуфтанӣ ҳастам, ки агар ба Ватани худ фоида расонида наметавонед, хоҳиш мекунам, масъулияти инсонӣ ва меҳри ҳамдиёриро барои таъмини суботу оромии кишвар гум накунед. Вазифаи мо ва аҳли ҷомеа аст, ки ҷавонони гумроҳро аз зери таъсири он ҷинояткороне, ки барои ватани аҷдодии худ ақаллан дарахтеро сабз накардаанд, хиштеро болои хиште нагузоштаанд ва дар назари ҳамдиёрони худ ғайр аз ҷинояту бадномӣ хотираи дигаре боқӣ намегузоранд, берун созем. Ҳар кас бояд бидонад, ки то замоне дар шаҳри Хоруғ ҷиноят ва ҷинояткорон озоду сари худ ҳастанд, обрӯю манзалати сокинони Бадахшон зери суол қарор хоҳад дошт. Аз ин вабо ҳарчӣ зудтар бо истифодаи тамоми роҳу имкониятҳо раҳо бояд ёфт. Фардо дер мешавад.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-01-2022, 13:17:59 | Диданд: 240