МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ман ба душманони миллат аз қабили Муҳаммадиқбол ва дигар ҳамаслаконаш муроҷиат карда гуфтаниям беҳуда кушиш нанамоянд, ки ба ин давлат баргаштану ҳукмрони карда наметавонанд.

Ман ба душманони миллат аз қабили  Муҳаммадиқбол ва дигар ҳамаслаконаш муроҷиат карда гуфтаниям беҳуда кушиш нанамоянд, ки ба ин давлат баргаштану ҳукмрони карда наметавонанд.

Ман ба душманони миллат аз қабили Муҳаммадиқбол ва дигар ҳамаслаконаш муроҷиат карда гуфтаниям беҳуда кушиш нанамоянд, ки ба ин давлат баргаштану ҳукмрони карда наметавонанд. Имрӯзҳо хоинони милат аз қабили Муҳаммадиқбол ва дигар думравонаш бар он ақидаанд, ки бо дуруғу найрангҳояшон мардумро фирефта карда таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамоян. Ин хоинони бадбахт то ҳол намедонанд, ки мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд дигар бозичаи дасти наҳзатиёни бешарм намешаванд. Кули мардуми шарифи Тоҷикстони азизамонро зарур аст, ки дар замони муосир, ки тамоми шабакаҳои иҷтимои дилхоҳ маълумотҳои бардуруғро бар гуши мардум мерасонанд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода сулҳу суботи Ватани азизамонро волотар аз ҳама шуморанд. Зеро, ки ин хоинони бадбахт ба ҳар роҳу усулҳои бардурӯғ мехоҳанд, ки мардумро бар зидди Ватани худ равона созанд. Боз ҳам нақшаву мақсадҳои калони худро Муҳаммадиқбол ва думравонаш пинҳон медоранд. Ҳамоно аз муборизаҳои қонунӣ, аз демократия ҳарф зада, сиёсатмадорони аврупоиро чапғалат андохта, худро «паноҳталбандагони сиёсӣ» пиндошта, бо Ватану ҳаммиллатони хеш ҷангҳои иттилоотиро пеш мебаранд. Бар он ақидаанд, ки бо ин роҳу восита онҳо ба мақасади хеш мерасан, фикри онро недоранд, ки симои разилонаи он бешарафонро ҳамагон мешиносанд ва аз мақсадҳои нопоки онҳо огоҳанд. Мо соҳибватанем ва зодгоҳи худро посмедорем душманони худро иҷозат намедиҳем, ки ватани моро танқид намоян. Шахсан ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шод аз онам, ки ин сарзамини мардуми мо ҳамарӯз ободу зебо гашта истодааст. М.Садриддин ҳазор ёвагӯӣ кунад назди хоҷагонаш худро вонамуд карданиаст назди мо бошад душман ва аҳриманаст. Суханони у ба касе таъсир бахш нест ба ҷуз худ ва хоҷагонаш. Мо насли даврони соҳибистиқлол кишвари худро ҳимоя мекунему муқадасоташро ҳифз ва пос медорем. Душманони мардуми мо дар ҳама давру замон буданд аммо мо ба онҳо диққат намедиҳему кори созандагии худро идома медиҳем. Тоҷикистони азиз дар тулии ҳазорсолаҳо фарзандони бо нангуномусро ба воя расонидаас ва донистани онҳо пайрави намудан ба онҳо моро дигар ягон хоин наметавонад бар суи худ фирефта намояд. Сокини ноҳияи Восеъ Ализода Ё.С.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-01-2022, 13:34:28 | Диданд: 161