МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Муҳаммадиқболи Садриддин аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон роҳи хиёнатро пешгирифт, ҳоло ҳам барои расидан ба ҳадафи худ мунтаззам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекуна

Муҳаммадиқболи Садриддин аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон роҳи хиёнатро пешгирифт, ҳоло ҳам барои расидан ба ҳадафи худ мунтаззам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекуна

Муҳаммадиқболи Садриддин аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон роҳи хиёнатро пешгирифт, ҳоло ҳам барои расидан ба ҳадафи худ мунтаззам маводҳои характери зиддидавлатидоштаро дар сомонаи худ ҷой медиҳад ва гумон мекунад, ки мардум ӯро дастгирӣ мекунанд. Имрӯзҳо хоинони милат аз қабили Муҳаммадиқбол ва дигар думравонаш бар он ақидаанд, ки бо дуруғу найрангҳояшон мардумро фирефта карда таваҷҷуҳи ҳамагонро ба худ ҷалб менамоян, ин хоинони бадбахт то ҳол намедонанд, ки мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд. Ба ҳамагон маълумаст, ки ҳоло шахсони иғвоангезу тафриқаандоз ба мисли Муҳаммадиқбол, Кабири ва дигар ҳамаслаконашон дар хориҷи кишвар зиндагӣ мекунанду худро ба тоҷикистониёну ҷомеаи ҷаҳонӣ чун “Ватандусту Ватанпарвар” вонамуд кардан мехоҳанд. Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар тарафдорони каждумсиришташ баъзе чизҳоро бо ақли норасо ва калаҳои бемағзашон ба андозаи фаҳмиши худ дарк намуда, ба дуруғу дасисаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимои мехоҳанд фаъолияти бедоғи 30-солаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёҳие чаконанд. Вале халқи тоҷик акнун ба дурӯғу нарнг ва казобиҳои ин хоинони милату давлати бовар намекунад. Имрӯз Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои маҳбубияти хоса миёни мардуми мамлакат аст, шахсият фаъолият хизматҳо ва ҷойгоҳи Пешвои миллат барои мардум комилан рушан аст. Мардум нақши ин шахсияти таърихиро дар сарнавишти милату давлат хуб медонад. Душманони дохилӣ ва хориҷии миллати мо, ҳарчанд кушиш карданд миллатро пароканда ва тоҷиконро беватан кунанд, ин нияти зишти худро натавонистанд амалӣ созанд. Зеро хушбахтона бо шарофати фарзандони ба нангу номуси миллат ба мо муясар шуд, ки роҳи низоъи даҳшатнокии дохилиро гирем, барои низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем. Аммо бингаред ба муаммоҳои ҳаёт, ки дар сафи ин миллати сарбаланди тамаддунофар, ашхосе мавҷуданд, ки бо амалҳои зиддимиллии худ унвонии душман ва хоини миллатро ба худ касб кардаанд. Имрӯзҳо душманони миллати тоҷик, ки ба ҳамагон маълуманд, яъне Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳамаслакони чунин ашхоси ифротгаро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бар зидди ваҳдату ягонагии милат, Истиқлоли давлатӣ, ки муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсти фарҳангсолори тоҷик аст, суханрониҳои иғвоангез мекунанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки таблиғоти ин ашхоси миллатситез пурра дар дораи идеалогияи ҷангу хунрезӣ дар сарзамини муқаддаси мо Тоҷикистони азиз, пеш бурда мешавад. Чунин ашхосро тоҷик ё ҳамватан номидан мумкин нест. Мо ҷавонон бояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро ҳаргиз аз даст надода, баҳри оромию осоиштагӣ, сулҳу субот ва ягонагии ваҳдати миллии Тоҷикистони биҳиштосоямон саҳмгузор бошем. Мо халқи шарафманди Тоҷикистон бояд барои доштани чунин фазои осоиштаи мамлакатамон, ки имрӯз бо саъю талошҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати шабонарӯзии халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, шукрона намоем ва ҳамеша барои нигоҳ доштани ин оромию субот дар мамлакат ва минтақа саҳмгузор бошем. Ализода Ё.С. сокини ноҳияи Восеъ.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-01-2022, 13:30:39 | Диданд: 146