МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бадахшон-меъроси аҷдодист ва ҳифзи сулҳу осоиштагии он вазифаи ҷонии ҳар шахси бо ору номус аст

Бадахшон-меъроси аҷдодист ва ҳифзи сулҳу осоиштагии он вазифаи ҷонии ҳар шахси бо ору номус аст

Бадахшон-меъроси аҷдодист ва ҳифзи сулҳу осоиштагии он вазифаи ҷонии ҳар шахси бо ору номус аст Ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки Бадахшон кишвари қадимии тоҷикнишини кӯҳистонӣ, машҳур бо маъданҳои нодир, ҳавои тозаву солим ва мардумони шуҷоъу диловар мебошад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз ҷониби Сарвари давлат ҳамчун дарвозаи тиллоии мамлакат арзёбӣ мегардад, бо мардуми соҳибмаърифату маорифпарвараш шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, маркази сайёҳӣ дар минтақаи Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Бинобар ин сабаб бояд имрӯз ҷавонони боистеъдоду боору номуси ин минтақаи таърихӣ барои ҳифзи ин мероси аҷдодӣ нақши сазовору созанда дошта бошанд ва нагузоранд, ки нохалафон бо дурӯғу дассиса ва фитнаҷӯӣ ин минтақаи биҳиштосоро ба нестшавиву харобшавӣ оварда расонанд. Чун гуфтаанд: Ба зону гар занад душман, ба таъзимаш макун бовар, Ки хам-хам рафтани сайёд, баҳри қатли мурғон аст. Мо мардуми минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон даъват ба амал меорем, ки ҷавонони баору номус ва дар маҷмӯъ мардуми сарбаланди Бадахшон моҳияти сиёсати дурбинонаи Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва осоиштагии мардум сидқан талош намоянд ва муттаҳиду сарҷамъ шуда, баҳри шукуфоӣ, тараққиёт, осоиштагӣ ва пешравии кишвари хеш саҳмгузор бошанд. Мирзоев С

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-01-2023, 09:41:25 | Диданд: 110