МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Фитнагарони ватанфур ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд.

Фитнагарони ватанфур ба  монанди    Муҳиддин Кабирӣ ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд.

Фитнагарони ватанфур ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд. Корҳо ва ё ақидаҳое, ки имрӯз аз ҷониби шайтонбачаҳои наҳзатӣ монанди Муҳиддин Кабирӣ ва дигаронаш нисбати халқу Ватани худ мегӯянду анҷом медиҳанд, маро ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон нафратам боло мегираду ҳазорон маротиба ба онҳо лаънат мехонам. Муҳиддин Кабирӣ аз он фитнагарони наҳзатие мебошад, ки ҳеҷ гоҳ ваҳдату ягонагиро намехоҳанд. Ба Тоҷикистон омадану боз Аврупо рафтани Муҳаммадиғболи Садриддин низ яке аз дассисаҳои навбатии бадхоҳони миллати тоҷик аст. Дар асл омадану рафтани чунин хоинону ватанфурӯшон ягон аҳамияте надораду нахоҳад дошт. Зеро чунин нафарон асолатбохтагоне ҳастанд, ки дар зиндагӣ роҳгумзада шудаанд. Ин Ватани маҳбуби ҳамаи мо-Тоҷикистони азиз бе Муҳаммадиғболи Садриддин М. Кабирӣ, А. Шерзамону дигар хоинон ободу зебо ҳаст ва аз ин ҳам ободтар хоҳад шуд. Аммо дар ин миён набояд ҳеҷ гоҳ воқеаҳои нангину фоҷеабори ба сари мардуми Тоҷикистон омадаи аввали солҳои навадум-ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997, хиёнату дассисаҳо, истифода бурдани минбарҳои калони исломӣ аз тарафи намояндагони ТЭТ ҲНИ тавассути хоҷагон ва дар ин замина бурдани ҷанги идеологӣ, аслан нақша ва дурнамои барномаҳои тарҳрезишудаи душманони миллату давлати мо буда, бо дастгирии кишварҳои хориҷа рӯи кор омадаанд, фаромӯш созем. Сари болои тоҷикон аз фарҳанги волои ӯст ва инак бо фарҳанги сулҳофарӣ дар тамоми ҷаҳон ифтихор мекунем. Дар таҷрибаи таърих беназиртарин корро сомон додем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаро бахшид, ба хотири оромиву осудагии кишвар, ба хотири фардои дурахшони ин миллату сарзамин. Пас чаро иддае боз носипосиву курнамакӣ намуда, теша ба пояҳои Истиқлолияти давлатӣ зада истодаанд. Минбарҳои гуногуни итилоотиву сиёсӣ ва диниро интихоб намуда, берун аз Ватан даъвои ватанхоҳӣ карда, нияти сиёҳ сохтани миллату давлатро доранд. Чӣ бояд, кард ки тамоми ҷомеа аз кӯдакону наврасон сар карда, то ҷавонону пиронсолон, ҳама новобаста аз тоҷиру ронанда, деҳқону коргар, муҳоҷиру варзишгар, зиёиву табиб, мувоҷеҳи он бошанд, ки дубора саҳву хатоҳоро мо ҳамагон такрор накунем?! Ба карахтиву барҷомонии иддае аз аҳли ҷомеа чи чораандешӣ намоем? Баръло мебинем, ки нафароне чашм аз кирдорҳои ҳасудон гурезонида, гӯшро ношунавою мушкилот мушкилоти ман нест гӯён бетарафиро ихтиёр менамоянд. Солҳои навадуми асри гузашта маҳз хамин бетарафиҳо ва аз ҷиҳати фардӣ ва сиёсӣ, таҳлили амиқ накарданҳо, нисбати ҳар даъвату гуфторҳо бе хулосагирии аниқ равон шуданҳо буд, ки Ватани азизи мо-Тоҷикистон оғуштаи носозгориҳо ва оқибат ба ҷанги таҳмилӣ кашида шуд.

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 25-01-2023, 08:35:10 | Диданд: 122