МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Вокуниш доир ба экстремизм.

Вокуниш доир ба экстремизм.

Вокуниш доир ба экстремизм. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти экстремисти динӣ паҳн гардида истодааст, ки ба ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳдид менамояд. Хусусан баренгехтани кинаюу адовати милли, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё диннӣ, даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ- ифротгароӣ. Экстремизми диннӣ аломатҳои худро дорад, ки аз дигар намудҳои фатъолияти экстремистӣ фарқият дорад. Бо сифати нишонаҳои ҳатмии экстремизми динӣ маҷмуи мафкураи динӣ экстремистӣ дохил мешаванд, яъне ақида ва андешаҳои муайян тарз ва усулҳои баамалбарории ақидаҳои экстремистӣ. Таҳлилҳо собит менамоянд, ки экстремизми диннӣ бо дигар зуҳуроти манфии ҳаёти ҷомеа алоқаи зич дорад. Экстремизми динӣ на фақат ба барангехтани кинаю адовати динӣ, амалҳои террористӣ, замина мебошад, ҳамчун ба гардиши ғайри қонунии силоҳ ва маводи мухаддир шароит муҳайё сохта, ҷинояткории муташаккилро фаъол мегардонад. Таҳлили амалияи тадбиқи қонунгузорӣ вобаста ба экстремизми динӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама барои барҳам додани сохти дунявии давлат равона мкарда шудааст. Ифротгароёни динӣ мақсад доран, ки фақат намояндаҳои як дин як мазҳаб дар сари қудрати сиёсӣ қарор дошта бошанд. Чунин иқдом бо вайроншудани якпорчагии Тоҷикистон, сарнагун намудани сохти конститутсионии он ва ҷорӣ намудани ғояҳои як дин ҳамчун идеологияи давлатӣ оварда расониданаш мумкин аст. Аз нуқтаи назари ҳуқуқи ҷиноятӣ бошад, экстремизми диннӣ зоҳиран дар намуди кирдор (аломатҳои обективӣ ва субективии худ), ки ба паҳлӯҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятӣ зарар мерасонад ё хатари расонидани зарар ба миён меояд, ба ҳисоб меравад. Сарчашмаи асосии пешгирии ифротгароии динӣ бояд шиори зерин гардад: моддаи 1 Эломияи ҳуқуқи аҳли башар ҳар як инсон озод ва баробарҳуқуқ тавваллуд мешавад. Дар як вақт бо дарназардошти таълимоти дини мубини Ислом, ки бо шахси дигар бе зарурият расонидани зарарро манъ менамояд, ба ягон нафар бартарият доир ба эътиқод дода намешавад, ҳар як шахс мустақилона ин масъаларо ҳал менамояд, яъне дахолат кардан манъ аст. Бо сабаби он, ки ҷиноятҳои вобаста ба экстремизми динниро мардҳо ва асосан аз ҳисоби ҷавонон содир намуда истодаанд, чораҳои муқовимат ба ин падидаи номатлуб пеш аз ҳама бояд ба ҳамин кишвари аҳолӣ нигаронида шавад. Ализода Ё.С. сокини ноҳияи Восеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 28-03-2023, 16:33:42 | Диданд: 107