МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Табрикоти раиси ноҳияи Восеъ ба муносибати Иди сайиди Қурбон

Табрикоти раиси ноҳияи Восеъ ба муносибати Иди сайиди Қурбон

 

 

        Дустони азиз! 

        Ҳар сол иди сайиди Қурбон ҳамчун яке аз аркони панҷгонаи дини мубини ислом аз ҷониби мусулмонони ҷаҳон, аз ҷумла мардуми шарафманди тоҷик бо хушҳоливу самимияти хоса қайд карда мешавад. Шукри даврони истиқлолияти кишвар, ки ин иди мубораку сайиди Қурбон бо ибтикори Президенти маҳбуби кишвар, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, ҳамасола он дар руҳияи баланди шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи кишвар, адои ҳама фарзу суннатҳои аркони дини мубини ислом таҷлил мегардад. Рӯзи иди сайиди Қурбон барои ҳамаи шаҳрвандони мамлакат вақти фароғату дамгирӣ ва амру ниятҳои хайр эълон шудааст.

        Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба ин муносибат шодбош гуфта, ба Шумо имону эътиқоди комил, ибодати мақбули даргоҳи илоҳӣ, иҷобати дуоҳо ва саодатмандию баландиқболиро орзу менамоям.

        Иди сайиди Қурбон ҳам аз ҷумлаи азизтарин маросимҳои суннатии мардуми мусулмон буда, бешак ба маромҳои инсондӯстиву мурувват ва сулҳхоҳиву меҳрубонӣ бунёд ёфтааст. Ташвиқи оқилонаи ин арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, пеш аз ҳама ба ходимони дин, пирони хирадманду рӯзгордида ва тамоми шахсиятҳои солимфикр ва бедордили ҷомеа вобаста аст. Аз ин рӯ итминони комил дорам, ки Шумо аҳли намозгузорон, ки аз қонуну қавоиди шариати исломӣ ба хуби огаҳӣ доред, рисолати инсонӣ ва фарзияти мусалмонии худро ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани моҳияти зиндагии осоишта, бузургии ваҳдату якпорчагии сарзамин, тинҷиву амонии Ватан, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии мардум ва ғамхориҳои ҳамешагии Сарвари давлатро дар ин самт адо менамоед.  Хусусан дар ин шабу рӯзе, ки фазои Тоҷикистони азизи мо як гурӯҳи нохалафи хиёнаткорон бо амалҳои зишти худ доғдор намуданд, вале ба мақсадҳои манфури худ нарасиданд, ҳар фарди соҳибдили кишвар бояд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, дарки амиқи ватандорӣ дошта бошад ва насли ҷавони ҷомеаро дар ин роҳи ояндасози кишвар ҳидоят созанд.          Дастгирии моддӣ ва кӯмак ба эҳтиёҷмандон, кушодани дасти сахо, покизагии қалбҳо аз ҳама кинаву ҳасуд, дароз кардани дасти дӯстиву бародарӣ, аёдати беморон, зиёрати мазори гузаштагону бо дуои хайр шод намудани руҳашон ва дигар амалҳои хайру савоб аз фазилатҳои ин иди муборак ба ҳисоб меравад.

        Бори дигар Иди сайиди Қурбонро ба ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо ба хурду калони ноҳия табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Умедворам, ки Худованди бузург ҳамаи Шуморо аз чашмаи меҳрубониаш шодоб гардонида, бароятон имони комил, ақли солим ва дасти расои хайру сахоро ато намояд.

        Иди сайиди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-08-2018, 09:36:05 | Диданд: 732