МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

...КОРВОН МЕГУЗАРАД!

...КОРВОН МЕГУЗАРАД!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба масъулони Вилоят як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд.

Маълум аст, ки дар зиндагӣ ҳар як шахс нияту орзуҳои зиёде дорад. Барои иҷроиши баъзе орзуҳо вақту сабру таҳаммул лозим аст. Барои беҳтар гардонидани ҳолати зисти сокинони шаҳри Хоруғ сохта ба истифода додани иморатҳои баландошёна оѓоз гардидаву дар камтарин вақт таъмин намудани сокинони шаҳри Хоруғ бо оби нӯшокии доимӣ ва сохта ба истифода додани роҳҳои автомобилгарди дорои стандарти оламӣ оғоз гардидааст. Ба роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ барои даст назадан ба корҳои ғайриқонунӣ ҳушдор дода шудааст. Зеро давлат қонунҳои хешро дораду танҳо қонунҳои амалкунандаи он ҳаёти рўзмарраи шаҳрвандон ва набзи давлатдориро ба низом медарорад ва ягон гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ набояд садди роҳи иҷроиши ин қонунҳо шавад ё дар ин роҳ монеа эҷод намояд. Ҳамаи ин тадбирҳо барои беҳтар намудани ҳолати зисти ороманаю босуботи тамоми аҳли ҷамъияти Вилоят, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона гардидааст.

Вале ин тадбирҳо боз ба як иддаи тангназар, аз қабили гурӯҳи ба ном  «Паймони Миллии Тоҷикистон» (ҳамон ТЭТ ҲНИ-и пештара) “намефорад”. Ҳоло бо ҳар гуна “флешмоб”-ҳои дасисаангез мехоҳанд аз номи Бадахшон ва мардуми шарифи он суиистифода кунанд. Ин маънои онро дорад, ки наҳзатиҳо барои маблағи нави  аз хоҷагони хеш гирифтаро ҳалол кардан, бояд боз аккоси сагона бизананд. Вале, дар зарбулмасали русӣ дар ин боб омадааст: «Собака лает караван идёт» (Саг аккос мезанад, вале корвон роҳи худро идома медиҳад). Ба ин маъно дар зарбулмасали арабӣ низ омадааст : «Набҳу килоб ло язуру ила саҳоб» (Аккоси саг ба абр зараре намерасонад).

Аз Лаҳистон истода, “бонги хатар” задани наҳзатиён баракс халқро дар атрофи Пешвои муаззамамон боз муттаҳидтар намуда, дастгириро нисбати сиёсати ба манфиати тамоми халқи кишвар равонгардида зиёдтар мегардонад!

Наҷмиддин Салимов,

Сармуҳаррири маҷаллаи «Дин ва ҷомеа»

Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1144

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-10-2018, 06:35:31 | Диданд: 546