МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ТТЭ ҲНИ АЗ ДАСТПАРВАРОНИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» АСТ

ТТЭ ҲНИ АЗ ДАСТПАРВАРОНИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» АСТ

Аз 16 то 18-уми октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср чаҳорум Конференсияи Шӯрои уламои дини ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатфо аз нигоҳи илми неазариявӣ ва амал» баргузор шуд, ки дар он Ҳизби наҳзатро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту башарият хонданд.

Конфронси байналмилалии Миср ки бо ҷалби уламои ҷаҳонии Ислом, баргузор гардид ба тамоми ҷомеаи ҷаҳони таъсири худро расонид. Ин конфронс бозгӯи масоили рӯз буда дар радифи ҳайати намояндагони 73 кишвари  ҷаҳон аз он ҷумла, Ҷумҳурии Арабии Миср, Мамлакати Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, давлати Кувайт, давлати Қатар, Судон, Малайзия, Туркия, ал – Ҷазоир, Покистон, Ироқ, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷон, Ҷамоати мусулмонони Аврупо ва ғайра бо шумули донишмандони соҳаи дин, пажуҳишгарон, муфтиҳо, раисони кумитаҳои дин намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкати фаъолона доштанд. Саидмукарам Абдуқодирзода бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу соҳибистиқлоли хеш ва бо ёдоварӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаю хирадмандонаи Пешвои миллат вазъи Тоҷикистонро, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, ба неки муаррифи намуда, ҳамзамон изҳори ташвиш намуд, ки бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар ҳоли ҷаҳонишавӣ на ҳамеша ба Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсири мусбат мерасонад.

Дар баромади худ Абдуқодирзода ҷиноятҳову хиёнатҳои ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро шурӯъ аз даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баён доштанд.

«Дар солҳои мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ роҳбарон, фаъолон ва аъзоёни ин ташкилоти терористї шуруъ аз ташкил кардани ҷанги бародаркушӣ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 141 ҷинояти дорои характери эксремистӣ - террористидоштаро содир намуда, ҷомеаи Тоҷикистонро бо кирдорҳои хеш дар арсаи ҷаҳонӣ доғдор намуданд»- афзӯд С. Абдуқодирзода, раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идомаи суҳбат аз таърих ва хусусияти ҷиноятҳои содирнамудаи хоинони ватан ёдрас шуда, ҳар якеро бо мақсадҳои нопокашон муаррифӣ намуд. Мавсуф ибрози ташвиш кард, ки дар давоми панҷ соли ахир 75 нафар аъзои ТЭТ ҲНИ барои алоқамадӣ бо ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ал - Қоида», «Ансоруллоҳ», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ» ва ғайра дастгир ва аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Илова бар ин, далели мушшахас мавҷуд аст, ки «Ҷамоати Ансуруллоҳ» қаноти ҳарбии ҲНИ буда, айни ҳол 521 нафар аъзоёни ТЭТ ҲНИ дар ҳайати гурӯҳҳои терористии «Давлати исломӣ» қарор доранд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ин минбар ҷомеаи чаҳониро бори дигар огоҳ намуд, ки ТЭТ ҲНИ барои усутувориии сулҳу ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ манфиате надошта, балки  чунин гурӯҳҳои  ифротӣ мақсад доранд, ҷихати нором сохтани ин кишвари биҳиштосо нақши иғвоангезии хешро гузоранд.  Бо дарназардошти баррасии чунини як мавзуъи рӯз намояндагони дигар давлатҳо низ фаъолияти ТЭТ ХНИ маҳкум намуданд. Муфтии собиқи давлати Миср, доктор Алӣ ҷумъа зимни суханрониаш гуфтааст, ки ТЭТ ҲНИ яке аз дастпарварони «Ихвон-ул-муслимин» мебошад ва ҳадафашон халалдор кардани амнияти кишварҳо ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти баргузории чунин як ҳамоиши судманд мо сокинони кишвар, бахусус ходимони динро лозим аст, баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар талош варзем. Кӯшиш намоем, то нафарони хиёнаткор натавонанд баҳри амалишавии мақсадҳои нопокашон комёб шаванд. Имруз, ки сиёсати давлатидории мо бо иқдомҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон побарҷост, албатта имрӯзу ояндаи дурахшон насиби мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад буд.

Усмоналӣ Нуров,

сархатиби шаҳри Бохтар, муовини Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1140

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 30-10-2018, 06:38:28 | Диданд: 789