МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Таҷлили Рӯзи Конститутсия

Таҷлили Рӯзи Конститутсия

Субҳи рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарону масъулони ноҳия чорабинии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ Ғафурзода Мусо Зариф раиси ноҳияи Восеъ аҳли толор ва мардуми ноҳияро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Қайд гардид, ки дар таи 24 сол ноҳияи Восеъ ба як қатор пешравиҳо ноил гардида, имрӯз мардум бо риоияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагии осоишта доранд. 

Қабл аз ин чорабини дар ҳудуди ноҳия мизи мудаввар ва дигар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида шуданд.  

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-11-2018, 08:21:54 | Диданд: 491