МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲАНГОМАСОЗИИ НАВБАТӢ ДАР МАСЪАЛАИ БАДАХШОН

ҲАНГОМАСОЗИИ НАВБАТӢ ДАР МАСЪАЛАИ БАДАХШОН

Ахиран сомонаи ифротии «Кимиёи саодат» мусоҳибаи хабаргузории «Tasnimnews»-ро бо «коршинос» Хурсанд Хуррамов таҳти унвони «Баъид нест худдории ҳукумат аз гузарондани амалиёти низомӣ дар Бадахшон, натиҷаи талоши Оғохон бошад» интишор дод. Ин нафар хостааст ба масоили ахири Бадахшон расидагӣ намуда, дар робита бо он изҳори назар кунад. Ба изҳориназарҳои Хурсанд Хуррамов, ки ба манфиати наҳзатиҳост, иҷмолан посух медиҳем:

1.Дар ҳама гуна мусоҳибаю таҳлилҳое, ки аз сӯйи ба истилоҳ, назарияпардозони берунӣ, минҷумла коршиносони наҳзатӣ сурат мегиранд, як нуқтаи калидӣ ба назар гирифта намешавад ва он, бешубҳа, надонистани авзоъ ва дуруст ташхис карда натавонистани ҳолати сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию мадании минтақа мебошад. Дар ҳамин нуқта аст, ки каҷфаҳмию инҳирофот дар таҷлилу баррасиҳо мушоҳида мешавад ва хонандаро дар фаҳмиши масъала ба гумроҳӣ ва сӯйитафоҳум мебарад. Ин бори аввал нест, ки ба ном коршиносону таҳлилгарони хориҷӣ, ки ба ин ва ё он восита ба наҳзат иртибот доранд, дар масъалаи Бадахшон аз ҳассосиятҳои маҳаллӣ ва мазҳабӣ кор мегиранд, то авзоъро муташанниҷ сохта, ихтилофотро миёни мардум ва мақомоти давлатӣ барангезанд. Агар ба навиштаҳои расонаҳои наҳзатӣ ва ба ном мухолифини давлатӣ дар як моҳи ахир таваҷҷуҳ намоем, ин нукта равшан мешавад ва василаҳои ангезиш ва ё дақиқтараш, барангехтани ҳассосиятҳои мазҳабӣ ва маҳаллӣ худ аз худ маълум мегарданд.

2.Зимнан, ҳазорон маротиба Сарвари давлат ва масъулини Ситоди байниидоравии таъмини амният таъкид намудаанд, ки алайҳи мардуми ВМКБ ягон амалиёти низомӣ тарҳрезӣ нашудааст ва мубориза танҳо бо гурӯҳҳои ҷиноятӣ, ки солҳои сол вилоятро таҳти нуфуз қарор дода, беқонунию беадолатиро ривоҷ додаанд, ҷараён мегирад. Ҳатто Сарвари давлат дар мулоқоти ахирӣ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ бо фаъолони шаҳри Хоруғ доир карда буданд, ба масъулини мақомоти марбутаи давлатӣ муроҷиат карда, ҷиддан таъкид намуданд, ки бо такя ба мардум метавон бар беадолатиҳои ду-се ҷинояткор пирӯз шуд. Аз сӯйи дигар, зери суол бурдани амнияти минтақа аз ҷониби ду-се ҷинояткори маҳаллӣ дар шароити буҳрони сиёсию амниятии кишвари ҳамсоя (манзур Афғонистон аст) ҳассосиятҳои амниятиро ба вуҷуд меоварад. Таъмини амнияти минтақа дар ҳоле ки гурӯҳҳои тундраву ифротӣ дар марзҳои Тоҷикистону Афғонистон хатар эҷод мекунанд, кори саҳлу осоне нест. Имрӯз амнияти минтақа аз авлавияти вежа бархӯрдор аст ва мақомоти қудратии ҷумҳурӣ сари ин масъала тамаркуз кардаанд. Дар чунин вазъияти ҳассос қатъи фаъолияти ҷиноятии гурӯҳҳои ҷинояткори ВМКБ дар кӯтоҳтарин фурсат зарур мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Сарвари давлат мардумро такягоҳи асосӣ дар ҳалли мушкилоти вилояти мазкур арзёбӣ намуданд, аммо расонаҳои хориҷӣ дар симои коршиносони иғвогари наҳзатӣ ин масъалаи умумиро хусусӣ карда, бар асоси таҳрифи ҳаводис иғвоангезиро оғоз бахшиданд ва то имрӯз масири иғвогариро дар мавзӯи Бадахшон ҳамчунон идома медиҳанд.

3. Масъалаи гузаронидани амалиёти низомӣ дар минтақа бофтаю сохтаи гурӯҳҳои манфиатхоҳи дохилию берунӣ аст. Агар давлат мехост ва зарур мешуморид, ки дар минтақа амалиёти низомӣ иттифоқ биафтад,  ҳатман дар ин замина тасмимоту тадорукоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирифт ва аз касе ҳам сари тарс надошт. Иттифоқан, давлат ва мақомоти марбута ба касе ё мақоме ҳисобот намедиҳад, ки чи гуна бар зидди ҷинояткорӣ мубориза барад. Ин аст, ки аз ибтидо масъала ҳалли мушкилоти дохилии кишвар буд ва он ҳалли тадриҷииашро ёфтааст. На дар гузашта ва на имрӯз давлат дар масоили ҳалли мушкилоти дохилӣ алайҳи мардум аз силоҳ кор нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Аммо бар зидди гурӯҳҳои ҷиноӣ амалиёт гузаронида шуда ва мешавад ва ин ҷойи пинҳонӣ надорад. Дар тамоми дунё давлат муқобили гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ мубориза мебарад ва манофеи миллию давлатиро ҳимоят мекунад. Бадахшон марзу бум ва хоки аҷдодии мост ва мардуми ин минтақаи зебо ҳаргиз зидди манофеи миллию давлатӣ набаромадаанд. Дигар ин ки чаро давлат ва Ҳукумат бар зидди мардуми  Бадахшон, ки ҷузъи ҷудонопазири кишварамон мебошад, амалиёти низомӣ гузаронад? Мақомоти давлатӣ алайҳи чанд нафар ҷинояткори минтақа, ки номи мушаххас доранд, мубориза мебарад. Агар ҷинояткор намефаҳмад, давлат аз методикаи зӯр ва усули маҷбуркунӣ истифода мебарад. Аз ин лиҳоз, мақомоти марбутаи давлатӣ рӯйхати ҷинояткоронро рӯйи даст доранд ва бо онҳо дар асоси муқаррароти қонунӣ бархӯрд мешавад. Аз ин навъи бархӯрд ҳангома сохтан ва дар мусоҳибаҳои расонаӣ аз он муғризона интиқод кардан кори нотавонбинон аст.

4. Гурӯҳи 7-нафара, ки мусоҳиб аз онҳо ба унвони ашхоси таъсиргузори минтақа ном мебарад, миёни мардуми Бадахшон ҳеҷ гуна эътибору нуфузи баланд надоранд. Мардуми Бадахшон, ғолибан онҳоро қабул надоранд ва дар пушти ин нуфузсозиҳо доираҳои муайян истодаанд. Аммо ин нукта ҷолиби таваҷҷуҳ аст, ки ин нафарон солҳои сол миёни гурӯҳҳои ҷиноӣ нуфуз доштаанд ва тавассути яроқу аслиҳа салтанат мекардаанд. Чун қудрати қонуну тартибот дар минтақа ҷиддӣ эҳсос гардид, ҷинояткорон аз нуфузи қаблӣ маҳрум монданд. Ҳамин аст тамоми моҷарои Бадахшон.

5. Матолиби расонаҳои наҳзатӣ ва матлаби ахирӣ, ки дар қолаби мусоҳибаи расонаӣ интишор ёфтааст, симои аълоҳазрат Оғохонро дар ҳалли ба истилоҳ конфликт баҳудаю беҳуда расонаӣ мекунанд. Ҳол он ки аълоҳазрат Оғохон ба ин мушкили дохилӣ, аслан чӣ рабте дорад? Пойи аълоҳазрат Оғохонро васати масъала кашидан дар доираи манофеи гурӯҳҳои иғвогар меғунҷад, зеро ки онҳо мехоҳанд, аз ин навъи мушкили муқаррарии дохилӣ сӯйистифода намоянд ва тавтеаҳои нав ба нав дуруст кунанд. Мусоҳиб Хурсанд Хуррамов ҳадсу гумонҳоеро дар муносиботи Сарвари давлат ва Пешвои исмоилиёни ҷаҳон матраҳ мекунад. Аммо он чи ки мусоҳиб арз медорад, танҳо ҳадсу гумонанд. Аз муносиботи хуби Сарвари давлати Тоҷикистон ва аълоҳазрат Оғохон тамоми мардуми Бадахшон огоҳ аст ва пояҳои муносибот дар тӯли солҳои дароз устувортар шудааст. Пешвои исмоилиёни ҷаҳон кори дигар надорад, ки ба ҳар гуна қазияи росту дурӯғ дахл кунад ва вақти қиматашро барҳадар бидиҳад. Ташриф наовардани ӯро ба минтақа нишони эътироз донистан иштибоҳе беш нест. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша ба ин симои бузурги сиёсию фарҳангӣ арҷ мегузорад ва иқдомотеро, ки солҳои тӯлонӣ дар Бадахшон пиёда кардааст, ҳаргиз фаромӯш намекунад. Ва аммо гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҳатман ба ин масъала «расидагӣ» мекунанд ва ҷиҳати афрӯхтани оташи ихтилофоти мазҳабӣ ва маҳаллӣ аз политтехнологияи дасисаю дурӯғ истифода мебаранд.

6. Вокуниши мақомоти ИМА дар қазияи Бадахшон натиҷаи таҳлилҳои тими таҳлилӣ-ташхисии давлат аст. Фикр намекунем, ки дар тасмимоти мақомоти зиддахли ИМА дасти дигаре бошад. Бар илова, ИМА дар феҳристи қудратҳои ҷаҳонӣ дар радаи аввал қарор дорад ва дар гирифтани тасмимот ва баёни вокунишот ба марҷаоти таҳлилӣ-коршиносии худӣ такя менамояд. Ин аст, ки версияи  Хурсанд Хуррамов инҷо нобаҷост.

7.Дар охири мусоҳиба Хурсанд Хуррамов ба натиҷаи дуруст расидааст, ки «қазияи Бадахшон ба осонӣ ҳал хоҳад шуд ва то ин дараҷа буҳрон шиддат намеёбад». Воқеан, масъалаи Бадахшон, аслан ба қазия монанд нест ва онро ба унвони «қазия» муаррифӣ кардан чандон дуруст наменамояд. Масъала дар доираи салоҳияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Ситоди байниидоравии таъмини амнияти минтақа маҳдуд шудааст ва аз он ҳангома сохтан ба дарди касе намехӯрад (ба ҷуз ҳангомасозони хориҷӣ ва баъзеи доираҳои сиёсӣ). Муҳимтар аз ин, мушкили ҷинояткорони Бадахшон мушкили дохилист ва дар доираи умури дохилӣ ва маҳаллӣ ба таври тадриҷӣ ҳал хоҳад шуд.

Фаридун Ориёӣ, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ

Бознашр аз http://www.din.tj/?q=node/1160

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 05-11-2018, 08:32:06 | Диданд: 526