МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҶАВОНОН БА ХИЗМАТ МЕРАВАНД

ҶАВОНОН БА ХИЗМАТ МЕРАВАНД

Бо назардошти фармони Сарфармондеҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 567 аз 14 сентябри соли 2015 оид ба эҳтиёт рухсат додани сарбозони муҳлати хизматашон ба охиррасида ва даъвати нави тирамоҳӣ дар комиссариати ҳарбии ноҳия ҷамъомади гусели даъватшавандаҳо ба сафи Артиши Миллӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад падару модарони даъватшавандаҳо, хонандагони мактабҳо, сарбозони қисми ҳарбии 13483-и дар ноҳиябуда, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва як қатор ташкилоту корхонаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Дар ҷамъомад раиси ноҳия Мусо Ғафурзода баромад намуда, падару модарон, алалхусус даъватшавандаҳоро ба ифтихори ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ шомил шудану вазифаи фахрии худро иҷро намудан аз самими дил табрик гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ ва бахту саодат ва дар роҳи ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз, оромию осудагии мардуми ҷумҳурӣ комёбиҳо таманно намуд. Чуноне ки раиси ноҳия иброз дашт дар даъвати нахустин 50 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ ба хизмати Ватан камар баста, ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир гардиданд.

Чуноне яке аз даъватшавандаҳо Рустам Ҳусайнов изҳор дошт, ӯ худ ихтиёран ба хизмати ватан камар баста, ба комиссариати ҳарбӣ омадааст. Ва ҳамдиёрон, ҷавононро даъват намуд, ки ӯро пайравӣ карда, қарзи шаҳрвандии худро бо сари баланд адо намоянд.

Ҳамчунин дар ҷамъомади тантанавии маросими гусели даъватшавандаҳо  сарбозони қисми ҳарбии 13 483 Насим Сафаров ва Давлатов баромад намуда, ҳозирин ва наваскаронро табрик гуфта, аз савганди худ ёдоварӣ намуданд ва афзуданд, ки сарзамини аҷдодиашонро аз чашми бад нигоҳ дошта, намегузоранд, ки ашхоси ғаразнок оромию осоиш ва ваҳдати миллӣ ва дӯстию рафоқати мардуми шарифи Тоҷикистонро вайрон намоянд.

Дар охир дастаи ҳунарии идораи фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи консертӣ нишон доданд.

 

Илова кард: Бобоев Аҳмад | Илова шуд: 2015-10-12 | Диданд: 1088