МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси назорати назди раиси ноҳия

Баррасии масъалаҳо дар маҷлиси назорати назди раиси ноҳия

Таҳти раисии Ғафурзода Мусо Зариф маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия баргузор гардида дар он масъалаҳои таҳияи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати омодагӣ ва иҷрои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба таҷлили 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил намудани Асотсиатсияи рушди соҳибкорӣ дар ноҳия, оғоз бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ, пешниҳоди руйхати шахсоне, ки муҳтоҷи кӯмаки хайрия мебошанд, пешниҳоди руйхати ҷавонон ва занони лаёқатманд барои ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда, таъмини аҳолии деҳаи Охҷари ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев бо оби нӯшокӣ, пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар ҷамоати шаҳракро барраси намуда доир ба ҳалли масъалаҳои мазкур ба  роҳбарону масъулони дахлдор супоришҳои мушаххас дода шуд. 

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2015-12-12 | Диданд: 921