МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Роғун кохи нур

Роғун кохи нур

Имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷикро руҳияи идона фаро гирифтааст. Ба ҳар ки менигари дар лабонаш табассум ҳувайдосту ба ҳар суҳбате гуш меандозӣ сухан аз боби ба кор андозии чархаи аввали неругоҳи барқи обии “Роғун” меравад. Воқеан ҳам ин як руйдоди бузурги иқтисодии кишвар дар солҳои Истиқлолият аст.

            16-уми ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тантана бо пахш намудани тугмаи огрегати  аввал онро мавриди баҳрабардорӣ қарор додан қадами ҷиддӣ буд дар ҷодаи саноати кишвар. Акнун Тоҷикистони тозаистиқлол дар минтақа яке аз давлатҳои асосии тавлидкунандаи қувваи барқи арзон ва ҷиҳати экологи тозаю безарар мебошад. Ба кор дароии чархҳои авввал нишони он буд, ки мо метавонемд дастаҷамона корҳои аз ин ҳам бузургро ба сомон расонем. Таърих ба ин гувоҳ аст, ки мардуми тоҷик аз аввал созандаю бунёдкор буду ба ҳамма мардуми олам нигоҳи хайрхоҳона дошт. Ба кор даровардани чархҳои аввал на танҳо ба хонадони мардуми тоҷик нуру равшани мебахшад, балки ин рушнои хонадони мардумони ҳамсоякишварҳоро низ равшан намуда, ба ҳазорон оилаҳо хушбахтию суруд мебахшад. Ҳамин буд, ки дар ин руйдоди таърихи намояндагони воломақоми кишварҳои Руссия, Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ иштирок доштаанд. Дар ин лаҳзаҳои муносиб зикр кардан ба маврид аст, ки кулли мардуми кишвар ба ин сохтумони азим таваҷҷуҳӣ зиёде доштаанд. Соли 2010 дар асоси муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳазорон нафар сокинон ба руҳияи ватандӯстию ободкорӣ бо роҳпаймоии баромада ба хариддорӣ намудани саҳмияҳо ҳиссаи хешро дар бунёди ин кохии нур гузоштанд. Дар маросими ба кор дарории чархи аввал Пешвои муаззами миллат, дар ин боб арзи миннатдорӣ намуда чунин гуфта буд. “Дар ин лаҳзаи фвроҳбахш ба ҳаммаи онҳое, ки даъвати моро пазируфта саҳмияҳои неругоҳро хариддори карданд ва барои оғози корҳои сохтмони он саҳми ватандӯстона гузоштаанд  миннатдории самимӣ ба онҳо мекунем ”

            Тоҷикистон дар зарфи 27-соли Истиқлолият ба сохтумону азнавсози неругоҳи хурду бузурги «Сангтуда-1, Сангтуда-2, Норак, Сарбанд, Қайроқум, Помир-1» ба кишвари асосии тавлидкунандаи барқ дар минтақа гардид. Агар имрӯз чархҳои аввал бо иқтидори 600-мегават ба кор даромада бошад, зина ба зина          5-огрегати дигарро меҳнати софдилонаю ватандӯстонаи мардуми мо ба кор дароварда кишварамон дар қатори 10-давлати пешсафи тавлидкунандаи барқӣ аз ҷиҳати экологи тозаи ҷаҳон ҷой мегирад.

            Ҳама дар хотир дорем, ки 29-уми октябри соли 2016 ҳангоми бастани маҷрои дарё Пешвои муаззами миллат,  яку ним соат бо Булдозер кор карда нахуст шуда маҷрои дарёро баст ба бунёди Сарбанди 335 метра асос гузошт.  Ин амали Пешвои муаззами миллат ба сохтмончиёни ин иншооти азим ғайрату неъруи тозае бахшид. Дар ҳамма самтҳои сохтмон корҳои таҳти шиори «Мо пайравони Пешвои муаззами миллатем» ҷараён дошт.

            Қобили зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат бо саркории хеш нигоҳ накарда доимо аз рафти корҳои ин иншооти аҳамияти муҳими стратегӣ дошта бо хабар буд ва таъкидан мегуфт, ки ҳама корҳоро бо сифати баланд ва бо меъёрҳои стандарти ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд ва чунинҳам шуд.

  Ҳукумати Тоҷикистон ҳалли масъалаҳои ба миён омадаро ба инобат гирифта сохтумону ба корандозии неругоҳи “Роғун”-ро сари вақт ва мақсадноки медонист. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилотҳои молявию иқтисодӣ нигоҳ накарда бо дарки масъулият аз захираю имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, баҳри пешравии кор шароити хубе фароҳам овард.

            Мо дар сохтумонҳои азими аср, ки то ҳол таҷриба надоштем ва акнун таҷриба пайдо кардем, он рӯз дур нест, ки қувваи барқи арзони кишвари азизи мо тамоми мамлакатҳои шарқро равшани диҳад.

        Бо ин шиорем «Тоҷикистон кишвари нур»   

Шамси Араб омузгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 27-11-2018, 13:58:09 | Диданд: 867