МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Намоиши ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда

Намоиши ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда

Бо мақсади вусъат бахшидан ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва дастрас намудани ниҳолҳои гуногуни сояафкану мевадиҳанда ба шаҳрвандон дар маркази ноҳия намоиши ниҳолҳо ва дигар маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ҳунарҳои халқӣ гузаронида шуд.

Дар ин намоиш бо ҳамроҳии раиси ноҳия Ғафурзода Мусо Зариф ҳамаи роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия аз ниҳолҳои парваришнамудаи хоҷагидорон ва дигар маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ҳунарҳои халқӣ дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола аз ҷониби шаҳрвандон барои сабзу хуррамгардони дар ҳудуди ноҳияи Восеъ ҳудуди 80 000   ниҳолҳо  шинонида мешаванд.

 

 

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2016-01-18 | Диданд: 927