МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВОХУРӢ БО АҲЛИ МЕҲНАТ

ВОХУРӢ БО АҲЛИ МЕҲНАТ

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони коллективҳои меҳнатии маркази шаҳрак вохӯрӣ доир гардид. Муовини раиси ноҳия Ғуломова Л, ҷамъомадро оғоз бахшида ба самъи ҳозирин нуктаю хулосаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида сипас ба раиси кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқӣ демократии Тоҷикистон Аҳмадҷон Ализода сухан дод.

Аҳмадҷон Ализода раиси кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқӣ демократии Тоҷикистон зимни баромади худ оид ба дастуру нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддовар гардида афзуд, ки Паёми Сардори давлат барои ҳар яки мо роҳнамои хубест баҳри амалӣ гардонидани нақшаю барномаҳои тарҳрезишуда, пешрафту тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, беҳтаршавии ҳаёти мардуми шарифи кишварамон. Ва ҳамзамон таъкидҳои Сардори давлатро дар хусуси беҳдошти вазъи таълиму тарбияи ҷавонон, алалхусус касбомӯзию аз худ намудани забонҳои русию англисӣ хотиррасон намуд.

Баъд аз баромадҳо иштирокдорони ҷамъомад аз ҷумла Шаҳноза Шокирова-дониҷӯи курси якуми филиали коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Восеъ, Сафаргул Нозимова- корманди беморхонаи марказии ноҳия, Сфарали Мирзоев- сардухтури беморхонаи касалиҳои сили ноҳия баромад намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар  роҳнамои фаъолияту кори худ дониста, изҳор доштанд, ки барои амалӣ гардонидани он тамоми фаъолияташонро сафарбар менамоянд.

 

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2016-02-09 | Диданд: 1048