МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИЛМ ВА ПАРВАРИШИ ФИКРИ СОЛИМ

ИЛМ ВА ПАРВАРИШИ ФИКРИ СОЛИМ

Ҷаҳони муосир дар раванди тақаддуми фикрӣ ва тараққиёти технологӣ қарор дорад. Кишварҳое, ки дар садри афзоиши вазъи иқтисодӣ қарор доранд, таҷрибаи таърихии чунин кишварҳо нишон медиҳад, ки танҳо ба туфайли илм ба дастовардҳои ниҳоят калон ноил гаштаанд. Бургтарин сармояи инсоният ин ақл ва илми ӯ мебошад.

Бо мақсади парвариш ва тарбияи фикри солим инсонро мебояд ҳамеша дар омӯзиш бошад. Ҳамчунин, ҷаҳонбинии васеъ фикри инсонро обутоб медиҳад. Ҷанбаи дигари парвариши фикри солим дар асоси мушоҳидаҳо ва бардоштаҳои нек аз афроди намунаи ибрати дар атроф будаи мо ба амал меояд. Фикри инсон ҳамеша дар раванди ташаккул қарор гирифта, рушд мекунад. Агар насли имрӯза дар асоси афкори вопасгароӣ тарбият ёбад, ояндаи ин насл зери хатар қарор хоҳад гирифт. Ҳамчунин яке аз омилҳои ҳалли чунин мушкилоти ҳаётан муҳим ин майл кардан ба таърихи фарҳанги гаронбаҳо ва маънавиёти беолоиши миллии хеш мебошад. Ин ҳолат боис мегардад, ки миллат аз таърихи фарҳанги пурғановати гузаштагони хеш ба хубӣ огоҳӣ ёфта, дар роҳи бозсозии идеологияи миллии тоҷикӣ муқовиматҳои аз ҳар гуна зуҳурот ҳимоявӣ нишон диҳанд. Ҳадаф дар инҷо тадбиқи пурраи фарҳанг ва маданияти тоҷикона мебошад. Миллат бояд ба ояндаи худ боэътимод ва хушбин бошад. Ин дар натиҷаи тақвияти афкори солим дар миёни ҷомеа ба амал меояд. Ин тавре бояд ба роҳ монда шавад, ки дар мафкураи онҳо ҳисси худтакмилдиҳӣ бедор шавад. Ҳар зуҳуроте, ки дар ҷомеа падидор мегардад бо назрдошти вазъи мавҷудаи суботи ҷомеа ва минтақаи худ ба он бархӯрд кунанд. Ёдовар мешавам, ки масъалаи таҳаммулпазирӣ яке аз ҷанбаҳои ахлоқӣ ва муассири дорои нақши калидидошта дар маънавиёти шаҳрвандон арзёбӣ мегардад. Самаранокии фикри солим дар ҷомеа ба фаъолшавии ангезаҳои созгор ва рушду пешрафти минбаъдаи он оварда мерасонад. Зарурати тақвияти фикри солим замоне эҳсос мегардад, ки дар миёни аҳли ҷомеа аз он нишонаҳо кам ба назар расанд. Ҳамчунин гаравидани мардум ба омилҳои пастравии ғояҳои созгор дар мадди аввали эҳтимом бояд қарор гирад. Дар акси ин ҳол мо ба як падидаҳои ғайричашмдошт бархӯрд мекунем, ки ҳеҷ интизорашро надоштем. Мисле ки имрӯзҳо мушоҳида мешавад ҷавонони ноогоҳ қурбони ҳадафҳои шуми гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва иртиҷоӣ мешаванд. Барои ҳамин ман фикр мекунам, бояд равандҳои пешгирикунандаро дасти кам нагирем. Ҳамчунин ҷомеа бояд нисбати ҳама гуна ҷузъиёти дарбаргирифта бо таҳаммулпазирӣ ва самаранок муносибатро ба роҳ монад.

Мутаассифона, гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва ҷинояткорони пасипардагии мамолики бегона ҷиҳати қудратталабии худ тамоми васоилро ба истифода мебаранд, ки фарҳанги миллатҳоро бар ҳам зананд ва қудрати ягонаи худро дар минтақааҳо ҷорӣ намоянд. Дар ташкили ин гуна таҳавввулоти тахрибкорона қувваи ҷисмонӣ ва зеҳнии ҷавонони ноогоҳ мавриди суистифода қарор мегирад. Ҳоло биёед бубинем, ки тайи солҳои охир чи қадар ҷавонон дар ин чоҳи ҳалокатбор қарор гирифтанд. Дар тамоми кунҷу гӯшаи дунё аксарияти амалиётҳои террористӣ тавассути ба истифода гирифтани қувваи ҷисмонӣ ва зеҳнии нарасону ҷавонон анҷом дода мешаванд.

Акрамов Рустам

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-03-2019, 07:21:00 | Диданд: 542