МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

«КАБИРӢ»-ҲО АЗ ИНТЕРНЕТ ТО ТАЗОҲУРОТ

«КАБИРӢ»-ҲО АЗ ИНТЕРНЕТ ТО ТАЗОҲУРОТ

Сафаҳоти номаи аъмоли ТЭТ Наҳзати ислом аз рафторҳои хиёнаткоронаи бунёдгузорону думравонаш ва аз мазҳабфурӯшиву қатлу куштори онҳо сиёҳ буда, ба варақзании он дигар ниёзе нест. Чунки дар мавриди мазкур навиштаанду ҳамарӯза менависанд ва мо – шаҳрвандон низ шоҳиди бевоситаи кирдорҳои хабисонаи наҳзатиён будем ва натиҷаи майдонбозиву гирдиҳамоӣ ва исломгароиву маҳалпарастиашон қариб буд, Тоҷикистони азизро аз харитаи ҷаҳон пок сохта, миллатро ба гумномӣ кашад (ҳарчанд то андозае муваффақ низ гардиданд). Хушбахтона Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона, ҳисси меҳандӯстиву асолати тоҷикона тавонистанд, қомати миллати ба зону кашидаи «худиҳои бегонапарасти фурӯхташуда»-ро рост намоянд, пояҳои давлату Ҳукумати миллиро бунёд гузоранд ва тоҷикон, дар умум, тамоми қавму миллатҳои сокини Тоҷикистонро муттаҳид намуда, ба онҳо сулҳу субот, тинҷиву осоиштагӣ ва пуриву сериро ба армуғон оранд. Чуғзтинатони наҳзатӣ, ки мақсаду маромашон ба нобудӣ кашидани миллати тоҷик буда, барномарезӣ низ аз ҷониби хоҷагони хориҷиашон аст, ҳамаи ин дастовардҳову пешрафтҳои даврони истиқлолият дар комашон заҳру зақум гардида, онҳоро ноорому безобита мекунад. Аз ин рӯ, онҳо роҳу усулҳои нав ба навро дар расидан ба аҳдофи нопокашон имтиҳон доранд.

Таҳқиқот дар ин самт нишон медиҳад, ки наҳзатиҳо барои расидан ба аҳдофи нопоки хеш ду усул – тазоҳурот ва таблиғотро ба кор гирифтаанд:

Тазоҳурот ё гирдиҳамоӣ: «Тазоҳурот»-е, ки наҳзатиҳо дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Олмон 10-уми декабри соли равон барпо карданд, дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоии интернет назарҳои гуногунро ба бор овард. Суоли матраҳ он аст, ки оё «тазоҳурот»-и берлинии наҳзатиҳои хоин то кадом андоза бар суди онҳо ва хоҷагони хориҷиашон аст? Агар сайри таърихие ба фаъолияти ТЭТ Наҳзати ислом намоем, тазоҳурот дар пиёда сохтани ҳадафҳои нопоки наҳзатиёни хоин нақши меҳварӣ дорад. Ба ин митинг («тазоҳурот»)-и дар солҳои 80-уми асри гузашта, ки Мулло Абдулло (Саидов Абдулло Нуриддинович) бар муқобили Ҳукумати Шӯравӣ анҷом дода буд, мисол шуда метавонад. Ҳарчанд дар митинги мазкур Мулло Абдулло муваффақ нагашта, аз ҷониби мақомоти вақти Шӯравӣ боздошт ва маҳбасӣ гашта бошад ҳам, дар гирдиҳамоиҳову майдонбозиҳои солҳои 90-уми асри гузашта анҷом додаашон то андозае «муваффақ» гаштанд, ки самараи он ба ҳамагон маълум аст. Бешубҳа, чунин «холабозӣ»-ҳои Кабирӣ ва думравонаш (бо теъдоди ками иштирокчӣ, ки аксарияти онҳоро хешу ақрабояшон ташкил медиҳанд) на ба имиҷи Ҳукумати Тоҷикистон латма мезананду на шаҳрвандони бонангу номуси кишварро мунҳариф месозанд. Чунки мардуми тоҷик дигар ба ҳеҷ ваҷҳ ба фазлфурӯшиҳову суханони мардумфиребонаи хоинони Ватану миллат дода намешаванд ва сулҳу субот, оромишу осоиши ба заҳамоти беандоза бадастомадаро бо ҷону тан ҳифз менамоянд. Аммо ногуфта намонад, ки «тазоҳурот» ё ба истилоҳ «холабозӣ»-ҳои Кабириву думравонаш паёмадҳои нигароникунандаро низ дар пай доранд. Аз назари ин ҷониб бо теъдоди ками одам ҳам бошад тазоҳур кардани наҳзатиён ду ҳадафро дар пай доранд:

Якум, пайравони дигар гурӯҳу ташкилотҳои террористиву экстремистиро, ки қасдашон вазъи Тоҷикистонро ноором сохтан аст, дар атрофашон ҷамъ кардан;

Дувум, сафи думравонашонро аз муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷики муқими хориҷи кишвар пур намудан.

Таблиғоти интернетӣ: Наҳзатиён тӯли як сол мешавад, ки таблиғоти интернетиро, бахусус, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ва мессенҷерҳо пурзӯр намуда, ба бадном кардани давлату миллати тоҷик пардохтаанд. Чӣ тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, амалиётҳои мудҳиши террористӣ, ки дар нуқоти гуногуни ҷаҳон аз ҷониби гурӯҳу ташкилотҳои террористиву экстремистӣ роҳандозӣ гардида буданд, дар амалӣ гаштанашон шабакаи ҷаҳонии интернет, ба хусус, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо нақши калидӣ бозидаанд, ки ДИИШ (номҳои дигараш Ҳизби таҳрир, Алқоида, ТЭТ ҲНИ ва ғайра) дар саргаҳи тамоми ин гурӯҳу ташкилотҳо меистод. Дар натиҷаи масдуд гаштани фаъолияти ДИИШ дар ҷаҳони интернет ҷойи онро ТЭТ Наҳзати ислом ва «Гурӯҳи 24» гирифтааст. Ҳарчанд сомонаҳои расмии ташкилоти мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ масдуд гардида бошанд ҳам, думравони ТЭТ Наҳзати ислом ва «Гурӯҳи 24» фаъолиятшонро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, ба хусус, «Фейсбук» пурзӯр намуда, гурӯҳҳоеро дар «Фейсбук» ихтисос додаанд, ки ҳамчун минбари таблиғ барояшон хизмат мекунанд. Мушоҳидаҳо дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ба ҳампаймон гаштани ТЭТ Наҳзати ислом бо ТЭТ «Гурӯҳи 24» ва фаъолияти муштараки онҳо дар «тазоҳурот»-и берлинӣ ва шабакаи ҷаҳонии интернет ишора мекунанд. Ин дар ҳолест ки «Гурӯҳи 24» то ҳол эътилофашро нисбат ба ТЭТ Наҳзати ислом ошкор насохтааст. 

Интернет ҳамчун абзори таблиғоти ақоиду ғояҳои террористонаву ифротгароёнаи ТЭТ Наҳзати ислом ва бахусус, дар «бадвоҳима» нишон додани «холабозӣ»-ҳои Кабириву думравонаш нақши меҳварӣ бозидааст.

 Ҳарчанд «холабозиҳо»-и Кабирӣ ва думравонаш ба сулҳу суботи кишвар рахна ворид насозад ҳам, аммо метавонад бо роҳи таблиғи интернетӣ баъзе ҷавонони ноогоҳи кишварро ба инҳироф барад. Раванди мазкур метавонад ба ҷавонони тоҷики муқими хориҷ аз кишвар муассиртар бошад.

 

Исатулло Холов

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-03-2019, 11:28:26 | Диданд: 612