МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Терор ба мо бегона аст.

Терор ба мо бегона аст.

Мо аз расонаҳои хабари ба хуби воқиф ва огоҳем, ки давлату кишварҳои зиёд ба ҳамлаҳои террористон қарор мегиранду аз ҷиҳати иқтиисодию маънавӣ зарарҳои калоне мебинанд. Метавон гуфт, ки зарарҳои иқтисодиро бо тули гузашти даҳсолаҳо метавон барқарор намуд, аммо он захмҳо қалбҳо инсоният мебинад садсолаҳо лозим, ки андаке шифо ёбад.                   Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола хеш ба масоили байналмилали нигоҳи некбинона андохта аз он нигарони нашуд, ки дар солҳои охир доираи амалиёти террористи дар сайёраи заминхеле густариш ёфт ва инсониятро ба таҳалули овард.

         Ба мавқеъ аст, ки гузаштаи на чандон дури худ назарандозӣ намоем ва мебинем, ки бо дасти ин гурӯҳҳои террористӣ кишвари ободу зебо низ майдони ҳарбу балвои террористон қарор гирифту падар ба муқобили писар дар сангар нишаст. Кишварро хатари папрокандаги фаро мегирифт. Ва ба ибораи Лоиқ Шералӣ "раҳми парвардигори мо омад"- у фарзанди ба нангу ори миллат Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омад. Бо талошҳои пайгиронаи ин фарзанди шуҷои дилсӯзи миллат марҳила ба марҳила сулҳу осоиштагӣ барқарор мешуду мавқеи террористон , ки дар ниқоби дини мубини ислом амал мекарданд танг мегашт.                                                                                            Ҳоло мардуми шарафманди мо дар арафаи ҷашни 30 солагии Истиқлолият қарор дораду аз он рӯзҳои талхи гузашта хуб сабақ бардоштааст.

Ҳар ки наомӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ наомӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

       гуфтааст устод Рӯдакӣ. Мардуми мо дар тули ин солҳо фаҳмид ва илман дарк намуд, ки дӯст кисту душман кист. Дигар мардуми моро таблиғоти ҳеҷ гуна душманони  хориҷ аз кишвар ба доми худ кашида наметавонад. Мо аз саҳифаҳои рӯзномаҳои даври мехонем ва дар намоишҳои шабакаҳои телевизиони мебинем, ки он ҷавононе, ки дохили гурӯҳҳо афтида буданд ба ватан бармегарданду тамоми ҳиллаю найранг ва макру роҳҳои фиребидани онҳо ба мардуми фош мегӯянд.                                                                         Имрӯзҳо ҳам душманони миллати мо хориҷ аз кишвар ором наистода дар боби кишвари мо ва сиёсати имрӯза бадгӯиҳо мекунанд, аммо ин девор намечаспад.                                                                                                        Солеҳов Р-корманди шуъбаи маорифи ноҳия                         

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-03-2019, 14:15:35 | Диданд: 622