МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Изҳорот ба баромадҳои гумроҳон

Изҳорот ба баромадҳои гумроҳон

Дирӯз дар сомонаи “Ахбор” мақолаҳоеро мутолиа кардам, ки аз руи ғараз нисбати сиёсати давлатии мо навишта шудаанд, мудати зиёд хандидам. Хандаам аз он хотир буд, ки ин зумра гумроҳон шомили гуруҳҳои террористиву экстремистӣ зери танқид озодӣ ва амнияти мардуми моро қарор додаанд. Мо дар ин сарзамини тинҷу осуда умр ба сар мебарему аз боду ҳавои мусафо, меваю сабзавоти табииаш лаззат мебарему душманон ҳамаи инро барои мо ночиз мешуморанд. Як бор аз гап ва насиҳатҳои ғаразноки душманони мардуми Тоҷикистон зиён дида будем ва дигар дуғро пуф карда мехӯрем. Онҳое, ки дар хориҷанду зери супоришҳои хоҷагонашон кору фаъолият доранд намедонанд, ки чи айб ёбанду ба сиёсати давлатии моро доғдор созанд. Ман ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мефахрам аз он ки соҳиби давлате  ҳастам, ки дар осмони софу беғубораш нафас мекашам. Шодам аз он, ки сарзамини ман сабзу хуррам ва мардумаш серу пуранд. Дар дастрахони дилхоҳ нафари Тоҷикистонӣ тамоми неъматҳо дида мешавад. Ҳамаи ин иқболи баланд ва арзонии неъмат аст. Дигар мо барои чи гила кунему ва чаро норизо бошем. Сиёсати созандаи кишвари азизи мо имрӯз ба корҳои қодир аст, ки ин дар солҳои қабли муяссар нагардида буд. Аз ҷумла ба фаъолият шуруъ кардани НБО “Роғун” ин дастовард ва нангу номуси мардуми Тоҷикистон аст. Барои ҳамаи ин афзунии неъмати имрӯза мо шукр хоҳем карду ба душманони миллат ки дар ҷанги иттилооти бо ҳастанд гуфтанием, ки ҳаргиз ба суханҳои шумо касе рози намешавад ва касе ҳам пайрави намекунад. Аз наворҳои шумо маълум аст, ки дар баратон се чор нафар кас ҳаст, ки ҳамон ҳо ҳам боз руяшонро печонидаанд. Яъне дар хориҷи кишвар ҳам шумо метарсед аз мо мардуми Тоҷикистон.

 

Абдулҳақзода Д-сокини Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-03-2019, 13:55:05 | Диданд: 481