МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ғавғои беасоси душманон

Ғавғои беасоси душманон

Дар ҳама давру замон оид ба корҳои некии ҳар як нафар, оила ва халқияту миллат қиссаву ҳикоя ва ҳатто достонҳо менависанд. Саҳифаҳои китоб бештар қаҳрамониҳои нафаронеро руи қоғаз нишон медиҳад, ки баҳри ободӣ, адолат ва дигар амалҳои нек талош кардаанд. Дар шароити имрӯза бошад баъзан нафарон аз дур истода як сарзамини тинҷу ором, маконе ки дар онҷо ҳама озодона  зисту зиндагони карда озодона пайрави ба дину мазҳабашон мекунанд, ғавғо мебардоранд. Қариб ҳамаи ҷомеаи ҷаҳони барои дар баҳр ғарқ шудани як тифле, ки дар тан либоси сурх дошт огаҳ ҳастанд ва дар ин ҷода суруду тарона ва барномаҳои махсус карданду собит намуданд, ки аз кори найрангбозиҳои гурурҳҳои террористиву экстремистӣ маҳз ҳамин гуна нафарони оҷиз қурбонӣ мешаванд. Ҳамагон медонанд, ки вақте ки давлат ё сарзамине, ки ноором мегардад даҳ ва садсолаҳо лозим аст, ки амният ва қонуниятро дар онҷо пойдор кард. Зумраи нафароне, ки дар Тоҷикистон зиндаги кардаанду аз хориҷ суханҳои ноҷо нисбати сарзаминашон мегӯянд ин албата аз шуста шудани мағзи сари онҳо дарак медиҳад. Бештари маврид давлатро гунаҳкор мекунанд ки дар ин масъалаву он масъала кор мегираду ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд, ки ин суханҳои тӯҳматангези гуруҳҳои нобакор аст. Дар ин ҷода гуфтанием, ки давлати мо то ба имрӯз танҳо барои беҳбудии кишвар фаъолият кардааст. Сатҳи зиндагии мардумро аз солҳои 90 то ба имрӯз беҳтар намудааст. Исботи оддӣ мо 6-7 сол пешро андеша кунем ки дар дастархони мардуми тоҷик чи буду имрӯз чи ҳаст ҳамаи ин собитгари он аст, ки давлати мо ру ба тараққӣ ниҳода истодааст.

 

С. Мирзоев сокини ноҳияи Восеъ  

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-03-2019, 07:02:57 | Диданд: 434