МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Душмани навбати мардуми Тоҷикистон

Душмани навбати мардуми Тоҷикистон

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ баъзан нафарон фирефта шуда, муқобили давлат ва мардуми худ мебароянд. Ман ҳамчун хонанда ҳайрон дар он, мешавам, ки бештари ин гурӯҳ танҳо як ақида доранду демократияро пеши назар меоранд. Демократия гуфта мехоҳанд  озод бошанду ҳар коре, ки табъашон мехоҳанд амалӣ созанд. Барои ин мисоли оддӣ овардан зарур аст. Дар муҳити ҳар як оила озодӣ гуфта ба ҳама иҷозат дода шавад, ки коре табъи дилашонро иҷро кунанд, дар натиҷа мефаҳмем, ки чи гап мешаваду оила чи рӯзгорро ба сар мебарад. Барои ҳамин дар сиёсати давлатдори тамоми соҳа бояд, ки зери назорат бошаду аз ҷумла дар соҳаи таблиғоту ташвиқот назорат бошад.  Чун агар дар ҷомеаи Тоҷикистон зарур аст, ки назорат дар тамоми самтҳо бошад. Таъсири ҷаҳонишавӣ метавонад бештари самтҳои фарҳангиву иқтисодиро заиф гардонад. Мо мардуми Тоҷикистон аз ҷиҳати фарҳангу тамаддун ғанӣ буда, ин неъмати худро ҳазорсолаҳо нигоҳ  дорем.

Салимпур бошад бо як сомонаи ташкил кардаи “Ахбор” мехоҳад, нисбати сиёсати давлатдори кордор шаваду баро маблағи андаке ки аз барнома ё сомонааш манфиат медигирад ба кори як давлат дахолат кунад.

Агар чунин сомона нисбати дигар давлатҳои демократии тарақикардаи ҷаҳонӣ шавад чи гунна чораҳо андешида мешавад худи хонанда медонад.

 

Р.Солеҳ корманди маорифи ноҳия

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-03-2019, 13:18:51 | Диданд: 445