МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Омодагии ҷиддӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

Омодагии ҷиддӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

Дар зарфи 3 моҳи соли 2019 бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ як қатор корҳо ба иҷро расонида шуданд.          Дар се моҳи соли 2019 13-адад иншоот ва корҳои ободонӣ ба истифода дода шуданд.

         Рафти корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар 115 адад иншоотҳои банақшагирифташуда мунтазам зери назорати мутасадиён қарор дорад.

          Айни ҳол корҳои сохтмонию бунёдкорӣ бо як сифати баланд дар даромадгоҳи ноҳия ҷараён дошта, алакай корҳои панҷарабандӣ,  гузоштани пояҳои 10 адад парчам, сабзу хуррамгадонӣ, чароғонкунӣ, сафолакчинӣ, усули қатрагии обтаъминкунии боғи атрофи даромадгоҳ, ҳоҷҷатхона, дукони тезтаёр, зарфи обгирии ҳаҷми 503,  7-пояҳои баланди рушноидиҳанда, 23-чароғакҳои замонавӣ ба анҷом расонида шуда, ҳоло ҳам корҳои ободонӣ дар ин мавзеъ идома дорад.    

         Корҳои сохтмонию бунёдкорӣ ва таҷҳизонидани воситаҳо обтаъминкунии зинабоғи деҳаи Гулистон, сохтмони бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби Мирзоалиев Қурбон, сохтмони бинои муассисаи таълимӣ аз ҷониби Нусратулло Давлатзода, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби оилаи Қодирзодаҳо, сохтмони муассисаи таълимӣ аз ҷониби оилаи Қурбонзодаҳо, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ аз ҷониби оилаи Давлатзодаҳо, сохтмони бинои иловагӣ ва таъмири муассисаи таълимии №2, сохтмони Литсей-гимназия аз ҷониби ҶДММ “Комил-2010”, таъмири Беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби маблағгузории давлати Олмон, сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоятӣ, сохтмони варзишгоҳ барои 20 000 ҷойи нишаст аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ, сохтмони бинои маъмурии К.И ҲХТД, сохтмони бинои прокуратураи ноҳия,  барќарор намудани девор ва дарвозаи ќалъаи Њулбук, тармими дохили ќалъа (марњилаи сеюм девори ќисмати шимолу шарќии ќалъа), сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Гулистон, сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи Заркамар аз ҳисоби х/д Ширин, ва маркази саломатӣ, таваллудхона, даҳонпизишкӣ дар деҳаи Арал ва дигарон ҷараён дорад.  

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 09-04-2019, 06:14:05 | Диданд: 617