МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Рушди соҳаи варзиши нохия

Рушди соҳаи варзиши нохия

Дар ноҳияи Восеъ ҷиҳати рушди соҳаи варзиш соҳибкорону сармоягузорон мунтазам ҷалб карда мешаванд. 

Теъдоди умумии майдончањои варзишӣ 180-то ва толорҳои варзишӣ 25-торо ташкил медиҳанд. Давоми 3 моҳи соли 2019 дар ноҳия 1 майдончаи замонавии варзишӣ аз ҳисоби соњибкорони мањаллї сохта ба истифода дода шудааст.

Муассисаҳои варзишии ноҳия фаъолияти худро аз рўи 15 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 1030 кўдаку наврасони ноҳия ба тамринҳои гуногуни варзишӣ фаро ва ҷалб карда шуданд, ки  аз ин шумора 162 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Варзишгарони ноҳия дар ин муддат дар 2-мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-04-2019, 13:30:09 | Диданд: 483