МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ИМА ишора кард....

ИМА ишора кард....

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир ҷараёнҳои иртиҷои ба монанди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ ва ѓайра дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон батадриҷ доман паҳн намуда, ба омили  ососии мураккабшавии муносибатҳои байнихалқи табдил ёфтааст. Тамоми ҷараёнҳои номбурда дар фаъолияти худ аз чорабиниҳои радикалӣ истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз онҳоро ҷараёнҳои террористӣ, экстремистӣ радикалӣ ё ифротгароӣ меноманд. 

         Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар аризаи охиринаш қайд намуд, ки шахсиятҳое ҳастанд дар давлатии исломии Эрон, ки барои нотинҷи овардан ба дигар мамлакату кишварҳо гуруҳҳои ифротию террористиро маблаѓгузорӣ мекунанд. Аҷабе нест, ки ҲНИ ҳам аз он гуруҳҳое бошад, ки аз тарафи якхел шахсиятҳои давлати исломии Эрон маблаѓгузори  мегарданд, барои он, ки онҳо дар кишварҳое ҳастанд, ки бо маблаѓҳои каму беш ягон кор карда намешавад, лек онҳо бошад истироҳат карда дар давлатҳои дигар зиндаги доранд ва барои ин кайфу сафояшон давлате, ки дар онҷо онҳо таваллуд шудаанд, давлате, ки барои онҳо Ватан аст фақат таҳқид карда нотинҷи овардан мехоҳанд. Ин шахсиятҳоро фақат як ном гузошта мумкин аст, ватанфурӯш ва хиёнаткор.

         Нафароне, ки ободиро намехоҳанд ва доимо як гурӯҳи инсонро ба гурӯҳи дигар ҷангу иғво меандозанд як умр зери танқиди таърих қарор мегиранд.

 

Абдулхайр Холов-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 11-04-2019, 13:32:50 | Диданд: 401