МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Таъсири терроризми интернетӣ

Таъсири терроризми интернетӣ

Вобаста ба пайдоши илму технологияҳои муосир дар ҷомеаи башари намудҳои ҷинояткорӣ низ тағийр меёбанд. Баъзан нафарон кушиш мекунанд, ки бо меҳнати кам дар ва корҳои ғайриқонунӣ маблағҳои зиёдеро ба даст оранд.  Дар замони муосир ба воситаи интернет саҳифаҳои гуногун кушода гуруҳҳои террористиву экстремистӣ сафи худро зиёд менамоянд. Вобаста ба руҳу равони бештар ҷавонон таъсир расонида онҳо ба корҳои номатлуби худ ҷалб менамояд. Шукронаи Истиқлолияти давлатӣ, ки имрӯз шумораи зиёди ҷавонони Ватандӯст дарҳол нисбати ҳар як маводи душманони миллат ҷавобҳо медиҳанд ва  собит месозанд, ки ин зумра одамон бо роҳи каҷ рафта истодаанд ва бори онҳо ба мақсад намерасад.

Аҳёнан аҳёнан ҷавононро фирефта намуда бар оташи ҷанг меандозанд. Онгоҳ онҳо аз кори кардаашон пушаймон мегарданд аммо дигар суде надорад, зеро онҳо алакай дар миёни ҳарбу зарб қарор доранд.

          Тамоми шаҳрвандонро зарур аст, ки дар ҳимояи марзу бум якҷо ва яктан буда сулҳ ва амнияти кишварамонро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ доранд.

 

          Хатлоншоҳи М-сокини ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 15-04-2019, 13:22:00 | Диданд: 393