МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

БАҲCИ АЛИФБОИ ТОҶИКӢ

БАҲCИ  АЛИФБОИ ТОҶИКӢ

Вақтҳои охир баъзеҳо дар бораи забони тоҷикӣ ва алифбои он фикрҳое баён мекунанд, ки ба манфиати миллати тоҷик нест. Муаллифи ин китоб дар бораи ҳамин масъала андеша меронад.


Мо, халқҳои форсизабон, дигар дар сарзамини қадимаамон якҷоя зиндагӣ карда наметавонем. На Ҷумҳурии Исломии Эрон, на Давлати Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин имконро ба мо  намедиҳанд. Ҳама истиқлоли худро мехоҳанд ва  эҳтиром мекунанд. Ҳукумати имрӯза ва фардоинаи Тоҷикистон ҳам намехоҳад ҷузъи давлати дигаре,  дастнигари ҳокимияти дигаре бошад. Ва ин табиист. Зеро мо ҳама- эрониҳо, афғонистониҳо ва тоҷикистониҳо миллатем ва миллатвор зиндагӣ бояд кунем.

Пас, мо зиёиёни Тоҷикистон ғами ояндаи фарҳанги худро бояд хӯрем, фарҳангеро, ки асоси  пойдевораш маданияти умумииронӣ мебошад, моҳияти онро маданияти тоҷикӣ ташкил медиҳад. Мутаассифона, тамоилҳо ва талошҳои имрӯзаи  ҳам дар чаправию ҳам дар ростгароӣ ба манфиати миллати мустақил нест.  Нашавад, ки пас аз об аз сар гузаштан, ба худ оем. Мо дар ҳама чиз, аз ҷумла дар масъалаи расми хат низ инро бояд дар назар дошта бошем.

Бояд зикр кард, ки ман тахти мафҳуми маданияти умумииронӣ ҳолатеро мефаҳмам, ки ба сарзамини имрӯзаи Эрон ё Афғонистон ё Осиёи Миёнаи тоҷикӣ ба алоҳидагӣ ва танҳо хос нест, балки ҳамаи онҳоро дарбар мегирад ва оғози ин маданият ҳадди ақал асри XXV пеш аз милод аст. Ҳолатҳое шудааст, замонҳое будааст, ки дар инкишофи ин фарҳанг гузаштагони мардуми Осиёи Миёна пешрав будаанд, замонҳое гузаштагони Афғонистониҳо ва замонҳое гузаштагони  Эрониҳо. Пас, ин ифтихори умумии мост.

Масъалае, ки мо баҳс мекунем,  хусусияти иҷтимоӣ, хусусияти умумифарҳангӣ дорад. Ҷиҳати  илмии онро мутахассисон таҳқиқ кардаанд ва ҳар кадоми мо аз он таҳқиқот истифода мебарем. Ҳар фикри шахсие, ки ба ҳақиқати илмӣ наздиктар бошад, манфиати миллатро беҳтар ифода намояд, пайгирӣ кардани он беҳтар аст. Ҳатто барои фаҳми он ки бояд чигуна расмихат дошта бошем, бояд худамонро шиносем. Мо кистем ва аз куҷоем.

Қавми тоҷик, аз рӯи фаҳмиши ман, ба таври азалӣ ва якпорча дар Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон иқомат мекунад. Дар Афғонистон, Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон тоҷиконро ба номи тоҷик ном мебаранд. Дар Эрони имрӯза бошад, аз рӯи маълумоти расмӣ қавме ба номи тоҷик мавҷуд нест. Инро аз се сабаб якеаш буданаш мумкин аст.

Дар хоки Эрони имрӯза:

- ҳеҷ вақт қавме ба номи тоҷик зиндагӣ накардааст;

- замоне дар ин кишвар қавме ба номи тоҷик буду ба сабабҳои маълуму номаълум аз миён рафт;

- имрӯз ҳам дар ин сарзамин қавми тоҷик мавҷуд асту бо чи сабабе дар эҳсоияи расмӣ зикр намешавад.

Ҳар кадом ҷавоб бо ин андешаҳо, ҳоҳ мусбат бошад, хоҳ манфӣ баҳси худро дорад. Барои ба дарозиҳо накашидани сухан инро ба фаҳмишу иродати ҳар кадом хонанда ҳавола мекунам.

Назари ман ин ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам қавми тоҷик зиндагӣ мекунад. Инро ба чунин мисолҳо исбот кардан мумкин аст.

Хуросон, яъне минтақаҳои шимолу шарқии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар дохили давлати Сомониён ҳам буданд ва на танҳо дар он давр, балки пеш ва баъди он ҳам рафтуомад ва одобу муоширати ҳамсон бо ҳамсояҳои шарқии худ доштанд.

Шероз ҳамеша мулки тоҷикон будааст ва Саъдии Шерозӣ борҳо дар ғазалиёташ ин маъниро ифода кардааст. Роҷеъ ба Шероз воқеае ба ёдам меояд. Соли 1997 ҳайати Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси Олӣ Сафаралӣ Раҷабов ба Эрон сафар кард ва   раиси остони Шероз ҳангоми пазироӣ гуфт «Аксарияти мардуми Шероз гузаштагони худро тоҷик меҳисобанд».

Дар Эрони имрӯза насабҳое ҳастанд, ки ба қавми мардуми мо ишора мекунанд. Масалан Аҳмади Тоҷик, Робияи Тоҷикдухт ва ғайра.

Вақте ин мақолаамро аввалин бор дар маҳфили «Диалог» 29 марти соли 2008 ироа кардам, Қаҳрамон Сулаймонӣ роҳбари ройзании фарҳангии ҶИЭ дар Тоҷикистон, ки як марди ориф аст, гуфт: «Дар Ирон ҳама тоҷиканд. Аслан  лафзи «иронӣ» маънои «тоҷик»-ро дорад».

Ва ниҳоят, дар маълумотнома дар бораи Эрон, ки соли 1975 дар Маскав чоп шудааст, муаллифи бахши «Аҳолӣ» З.З. Трубеской навиштааст: «Тоҷикон- аҳолии қадимтарини заминдор, ки дар омехтагӣ бо форсҳо ва афшорҳо дар минтақаи байни Сабзавор ва Нишопур зиндагӣ мекунанд. Ҳамагӣ дар Эрон дар ҳудуди 30 ҳазор нафар тоҷик ба қайд гирифта шудааст. Гурӯҳҳои алоҳидаи онҳо дар Гургон низ истиқомат мекунанд»1.

Пас дар ҶИЭ ҳам тоҷик ҳаст, аммо маълумотҳои эҳсоияи расмии Эрон дар ин хусус хомӯшанд.

Дар Тоҷикистон мо сокинони ғайритоҷики кишварро низ на ба сифати қавм, балки ба сифати миллат ном мебарем, яъне ӯзбек, рус ва ғайра. Ин маҳсули миллатшиносии замони шӯравӣ аст, хуб аст ё бад, баҳси дигарест. Аммо дар Афғонистон миллат афғон ва қавм тоҷику пашту ва ғайраҳо, дар Эрон миллат эронӣ ё форс аст ва тавре гуфтам тоҷик дар шумори қавм ҳам нест. Дар эҳсоияи расмии Эрон қавми арманӣ ҳаст, туркман ҳаст, балуҷ ҳаст, калимӣ( яъне яҳудӣ) ҳаст, тоҷик нест.

Ба маврид аст, сари масъалае равшанӣ андозем. Дар замони Шӯравӣ мо тамоми аҳолии кишварро халқ ва мардумро дар иртибот ба забонашон миллат мегуфтем. Имрӯз миллат маънои аврупоӣ пайдо карда, ба мафҳуми собиқи давлат меояд. Яъне агар дар гузашта Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида мегуфтем, ҳоло Созмони Миллали Муттаҳид мегӯем, Бонки миллиро пештар Бонки давлатӣ мегуфтем. Имрӯз дар кишвар азбаски қонуни махсусе нест, миллат ҳам ба маънои давлат ва ҳамаи сокинони Тоҷикистон истифода мешавад ва ҳам ба маънои аҳли забоне. Дар Афғонистону Эрон миллат ба маънои аҳли забон бо мафҳумҳои миллият ва қавм истифода шудааст. Дар ин кор мо миллат ва қавм ва халқро ҳаммаъно кор фармудем, то ба хонандагони одаткарда осонтар шавад.

Баъзан дар матбуот сару садоҳое баланд мешаванд, ки мо ҳам аз баҳри калимаи тоҷик гузарем. Оё зарурате пеш омадааст, ки аз рӯи олам ин калимаро пок кунем ва худро ба калимаи дигари мувофиқтар оро диҳем?!

Ман медонам, ки ба назари баъзеҳо решаи тоҷик дар араб аст, ба назари дигарҳо дар чин, дар ҳар ду ҳолат ҳам гуфтан мехоҳанд, ки мо дар Осиёи Миёна бумӣ ва азалӣ нестем, балки омадаем, ба ин кишвар бегонаем. Он ҳаммилатоне, ки муқобили калимаи «тоҷик» ва муддаои «форс» ва «эронӣ» будани мо ҳастанд, дастёрони ҳамин одамонанд, ки моро бегона меҳисобанд. Имрӯз алакай дар баъзе ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, пеш аз ҳама дар Ӯзбекистон адабиёти классикиро аз адабиёти имрӯзаи мо ҷудо  карда онро форсӣ ва инро тоҷикӣ мегӯянд. Яъне «забони бегонаҳо дар Самарқанду Бухорои мо ҳукмронӣ карда, забонашонро ба мардуми мо бор карданд», мегӯянд, «қисми халқи моро – туркҳои чиғатоиро зӯран форс карданд», мегӯянд. Аммо ман тарафдори он назар ҳастам, ки тоҷик аз ҷое ба ин кишвар наомадааст, балки аввалин халқи ҳамин сарзамин аст ва халқи «тоҷик» номгирифта, ба ҷузъ халқҳои азалнишини Осиёи Миёна ва забони тоҷикӣ ба ҳар номе, ки ёд шавад, ба ҷузъ забони ин халқ- суғдҳо ва бохтариҳо забони дигаре нест.

Даҳ сол пеш дар матбуоти тоҷик «Порсиро пос дорем» ном мақолаи зиддитоҷикие чоп шуд, ки муаллифаш талаб мекард, ки аз баҳри калимаи «тоҷик» гузарему калимаи дигарро қабул кунем, аз вожаи «тоҷик» ӯ ҳазар дошт. Падару модари ин муаллиф тоҷик буданд. Устоди бузурги забони тоҷикӣ, донандаи азими «Шоҳнома» ва дигар осори адабиёти классикии тоҷику форс Сайиди Ҳалимиён дар ҳамон вақт навишта буданд: «Одамоне пайдо шуда истодаанд, ки номи халқи тоҷикро ва номи забони моро  инкор мекунанд. Агар ин корро намояндагони дигар халқҳо мегуфтанду менавиштанд, ҷои тааҷуб набуд, зеро дар ҳар ҷо дӯстон ҳастанду якто-нимто душманону бадхоҳони миллати мо.

Аммо дар бораи муаллифи мақолаи «Порсиро пос дорем» чи метавон гуфт? Агар ӯ эронӣ бошаду ба ҳимояи забони  мардумаш бархостан мехоҳад, ӯро метавон табрик гуфт. Вале  аз рӯи шунидам муаллифи мақолаи «Порсиро пос дорем»  иронӣ (форс) набудааст ва мазмуни мақолаи ин ҷаноб бо инкори халқи тоҷик, асолат надоштани номи он, инкори забони адабии тоҷик ва таҳқири он,  ба пашизе наарзидани ин қадар осори аҳли илму адаби тоҷик, бешармона тӯҳмат задан бар ин ки забони мардуми мо, калимаҳои асили порсиро аз даст додаст, даҳшатноктар аз ҳама зидди номи забони тоҷикӣ баромадани ӯст. Бадтар аз ҳама Ирондӯст тоҷики тоҷикқимоб аст.

Беҳуда нагуфтаанд, коре дӯсти худ кунад, душмани кас намекунад ё ин ки Ҳофиз гуфтааст:

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,

Ки он чи кард бо ман ошно кард»1.

Дар идомаи ин мақола устод меафзоянд, ки баъди навишта ва чоп шудани «Намунаи адабиёти тоҷик» ва яксилсилаи мақолаҳои устод С. Айнӣ оид ба миллати тоҷик, «Тоҷикон» ва дигар асарҳои аллома Б. Ғафуров «дар бораи асолати номи тоҷикон ва забони тоҷикӣ ҳоҷати қалам ба даст гирифтан набуд, вале дида мешавад, ки мункирони халқу миллати тоҷик, инкоркунандагони забони тоҷикӣ, забони адабии тоҷик боз пайдо мешаванд.

Пантуркистон ҳам даъво мекарданд, ки дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқе нест, балки онҳо ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири мадраса ва эрониён забони худро гум кардаанд. Онҳо зидди барпо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Устод Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» бо фактҳои таърих пардаи он иғвогаронро дарронд ва даҳони онҳо мӯҳри хомӯшӣ зад»2.

Давоми хулосагиронаи устоди арҷманд ин аст:

«Эронигароӣ ва эронимаобӣ барои миллати мо кори хайр  нест ва набояд ҷавонони поктинат ба ин доми хатарноки  ноаён биафтанд ва фиреби ватандӯстони дурӯғинро бихӯранд, зеро ин домест, ки баъзе эронгароён ба он афтидаанд ва мехоҳанд дӯстони нодони худро ба он кашанд. Дар  асл ин домест, ки душманони ному забони халқи тоҷик танидаанд ва онҳо шояд маъдуде чанд беш набошанд… Номи «тоҷик», мардуми тоҷик боаслу насаб аст ва  асолати таърихии дуру дароз дорад. Вале баъзан тоҷикони   беасолат, беаслу насаб пайдо мешаванд. Ин тоифа дар ҳар  асру замон бо шаклу рангҳои гуногун: бо фикру андешаҳои авомфиребонаи дигарон пайдо мешаванд. Ҳамин  вазъият дар солҳои бистум, дар вақти тақсимоти миллӣ рӯйдода буд. Фитрату Файзулло Хуҷаев ба халқи худ хиёнат намуда, моро турк карданӣ шуданд ва аз шаҳрҳои қадимтаринамон маҳрум шудем.

Агар пеши ин пастфитратӣ ва ноҷавонмардӣ гирифта нашавад, боз дурӯягон ва фурумоягони дигар пайрави ин  фикри ботил мешавад ва ба мо, ба мардуми мо чи ёдгор мемонад? Тоҷик як бор фиреби ин тоифаро хӯрда, шаҳрҳои таърихиашро аз даст дода буд ва ин бор дар марҳалаи дигари таърихӣ гӯли тоифаи дигари онро бихӯрад,  номашро, номи кишварашро, хуллас истиқлолашро, ки баъд аз ҳазор сол ба даст овардааст, аз даст медиҳад ва дар саҳифаҳои таърих гумном хоҳад шуд».1

Ман ҳамфикри ақидаи устод ҳастам. Он пантуркизмро имрӯз на танҳо дар миёни адибону олимони ҳамсояҳо, балки байни роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ҳам мебинам ва даъвои форсигӯию расми хати  бо ном «миллатпарастони» имрӯзаи мо, акси садои ҳамдилӣ бо онҳо менамояд. Онҳое, ки тоҷикро турк карда аз худ бегона карда  натавонистанд, онҳое, ки тоҷикро форс ё иронӣ карда, ба Осиёи Миёна бегона карда натавонистанд, акнун ба муқобили расми хаташ қиём карда, халқи тоҷикро аз расмихати мустақил маҳрум ва дар заминаи расми хат, номи забон ва ниҳоят номи халқро ҳам дигар кардан мехоҳанд. Зеро нағз медонанд, ки аҳли илми забони ҷаҳони имрӯза ин расмихатро ҳар куҷо бинад забони форсӣ ва давлати Форс (то нимаҳои солҳои сиюми асри 20) ва ниҳоят Эрон ба ёдаш меояд. Мо бошем, тоҷику тоҷикистонием. Яъне мо аз назари онҳо ҳеҷ пайвастагие ба он фарҳанг надорем ба ҷӯз хат.

Тоҷик забони худро аввал дарӣ гуфт, зиёдтар аз он забони дарӣ дар қаламраве пайдо шуд, ки онро имрӯз қаламрави тоҷикнишин эълон мекунем, дар давлате пайдо шуд, ки онро аввалин давлати тоҷикии замони мусулмонӣ медонем. Тоҷик сипас забони худро форсӣ номид.

Дар солҳои чилуми асри XVIII дар натиҷаи сустшудани империяҳои марказонидашудаи муғулҳо ва  меросхӯрони онҳо- туркҳои гуногунқавм Эрони бузург ё  Хуросони бузург ба се ҳисса тақсим шуд- Эрон, Осиёи Миёна ва Афғонистон. Дар Афғонистон паштунҳои  дурронӣ, дар Эрон ва Осиёи Миёна бошад, қабилаҳои  гуногуни турк ҳукмрон шуданд ва ифтихори мо танҳо ба он монд, ки коргузорӣ туркӣ нашуд.

Дар инкишофи фарҳангии минбаъда забони  форсии мо аз ҳисоби гӯишҳои маҳаллии маҳдудшуда ва гӯиши ҳокимони вақт махсусиятҳои худро пайдо кард. Бинобар ин гарчи забон дар Эрон ба номи форсӣ  боқӣ монд, дар забонҳои минтақаҳои дигар сифатҳои ба мисли кобулӣ, Мавароуннаҳрӣ ё бухороӣ пайдо шуданд. Дар авали  асри ХХ, вақте матбуоти тоҷикии Бухоро аз ҷумла соли 1912 рӯзномаи «Бухорои шариф» ба арсаи вуҷуд омад, яке аз пешниҳодҳо он буд, ки забони ин рӯзнома забони форсии бухороӣ- забони тоҷикӣ шавад. Дар ин бора Мирзоҷалол Юсуфзода дар №3 «Бухорои шариф» навишта буд:

«Ҳанӯз шумораи аввали «Бухорои шариф»-ро нашр накарда будем, ки баъзе аз оқоён ҳозир шуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд:

«Ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст, рӯзнома ҳам бо забони тоҷикӣ бошад беҳтар аст».

Муҳаррир дар шарҳи ин матлаб гуфтааст:

«Форс ҳам миллати махсус буда, дар атрофии олам порча-порча шуда ба соири ақвом махлут гардидаанд. Бо он ки ҳама як қавманд, мебинӣ, ки  бухороӣ забони самарқандӣ, ҳарду забони хуросонӣ, ҳарсе забони кошонӣ, ҳар чаҳор забони барбарӣ…намедонанд ва намефаҳманд. Ба ин восита ҳам риштаи қавмияти ҳама гусаста шуда яке ба номи дарӣ, дигаре ба номи порсӣ, сеюмӣ бо номи тоҷикӣ аз ҳам ҷудо шуданд»1.

Мисоли дигар. Соли 1928, вақте алифбои тоҷикӣ иваз мешуд, аз ҷумла пешниҳодҳое, ҳам буданд, ки номи забони мо дарӣ гуфта шавад. Масалан, Баҳриддин Азизӣ 10 январи соли 1929 дар «Овози тоҷик» ва сонӣ дар «Роҳбари дониш» мақолае бо номи «Бо забони дарӣ дурри сухан суфтан мехоҳам» чоп кард. Аммо тарафдорони тоҷикӣ номидани забон зиёдтар буданд.

Забони мо дар адабиёти Осиёи Миёна ба таври расмӣ соли 1924 тоҷикӣ ва дар нимаи солҳои шастуми асри бист дар Афғонистон дарӣ ном гирифт. Пас натанҳо тоҷикони Осиёи Миёна, ба ақидаи баъзе бародарҳо, бо таъзиқи ҳизби коммунист, балки тоҷикони Афғонистон низ  калимаи форсиро аз забон бароварданд. Ман гумон намекунам, ки олимони асри ХХ Тоҷикистон ба мисоли  устод Айнӣ ва Афғонистон ба мисоли устод Ғубор дар эрондӯстиву эронпарастӣ аз мо камтар буда бошанд.

Оё тоҷикӣ шудани забон ғалат аст? Мо замоне суғд ва  бохтар будем ва забони он даврро бо ҳамин истиллоҳҳо ёдоварӣ мекунем. Англисҳо, немисҳо, итолиёиҳо, туркҳо, қазоқҳо, русҳо забонашонро бо номи худ ёдоварӣ мекунанд. Пас ин таври номгузорӣ ғалат нест. Аз ин рӯ, агар халқамон дар воқеъ тоҷик ном дошта бошад ва ин калима ҷои айб ва нафрат надошта бошад, пас номи забонамон дуруст аст ва дар бораи тағйири он фикр кардан худнописандӣ мешавад.

Чаро?

Аввалан, барои он ки калимаи «тоҷик» ҳеҷ маънои бад ё таҳқиромез надорад, ки аз он шарм дорем. Балки баръакс бо гуфти  устод Садриддин Айнӣ «калимаи «тоҷик» аз се ҷузъ мураккаб аст: «тоҷ-и-к», ҷузъи якум «тоҷ» аст, ки зиннати сари подшоҳон ва нишонаи подшоҳии  онон буд…

Калимаи «тоҷӣ» бо ҳар чизе, ки бо тоҷ маҳсуб ва бо вай дахлдор бошад, рост меояд ва ҳар кадоми он гуна чизҳоро мефаҳмонад. (масалан марвориди тоҷӣ, ёқути тоҷӣ, лаъли тоҷӣ). Аммо вақте ки хостанд ин калимаро, калимаи «тоҷ»-ро бо халқи форсизабони баландмаданият номи хос кунанд, дар охираш «к»-и исмиро ҳамроҳ карда «тоҷик» гуфтанд».1

Андешаи устодро дар бораи маънои тоҷдор доштани «тоҷик» дар таҳқиқоти академик В.В. Бартолд, А. Шишов, Н. Хаников, Е.К. Мейендорф, Н.А. Фридрих ва дигар муҳаққиқони қарни 19 рус пайдо мекунем. Ва ман чунин мисолҳоро дар «Тоҷикон» ва «Ҳақиқат дар бораи тоҷикон» (бо забонҳои русӣ ва англисӣ) бисёр овардаам. Аммо барои  тасдиқи андешаи устод дар бораи он ки бо халқи форсӣ - забони баландмаърифат ин калимаро муносиб донистанд, фикри  муҳаққиқи асримиёнагии аврупоӣ Рафаэл дю Манро аз таҳқиқоти  В.В. Бартолд иқтибос мекунам: «Агар ҳамаи халқҳои Шарқро нобино ҳисоб кунем, зарур мешавад, ки форсҳоро якчашма шиносем».

Хулоса, ки дар назари ғарбиён донотарин ва бинотарин, яъне баландмаданияттарини шарқиён мо ҳастем.

Дигар тоҷик халки таҳҷоии Осиёи Миёна аст ва ин номро дар таърихи асрҳои X-X1 муаррих Байҳақӣ дар таърихи худ  инчунин муаллифи «Таърихи  Рашидӣ» фаровон зикр кардаанд. Қавми  ӯзбек- даъвогари сарзамини Осиёи Миёна дар ин ҷо соли 1501 пайдо шуд. Тоҷик танҳо бо тоҷикӣ  сухан гуфта метавонад, сарфи назар аз он ки онро чигуна ном мебаранд. Охир як фикр кунед: чаро номи забони миллати ӯзбек- узбекӣ, миллати пашту-паштунӣ, гуфта шаваду миллати тоҷик ҳаққи тоҷикӣ гуфтани забонашро надошта бошад?!

   «Таърих бо мо сахт бозӣ кард. Мо- як халқи тамоми мутамаддунро порча-порча намуд. Моро, ки давлати  муқтадирамон- Сомониҳо чун мушт бо лафзи дариамон муттаҳид месохт, моро,  ки илм, адабиёт ва фарҳанги бемисламон шӯҳрате ато карда буд, чун юнониҳоро, ҳиндуҳоро, итолиёҳоро, мисриҳоро, чиниҳоро, аввал араб пора кард, зеро ҳатто мазҳаби муқаддаси исломро  дар шакли мухталиф ба мо шиносонд, шояд барои он ки мо тоҷикон аз ҳам дур бошем, тоҷикони шиамазҳабу суннимазҳаб, исмоилиҳо. Ва сипас халқҳои дигар ба миёни мо- додарон даромаданд, то иғво кунанд, шӯр ангезанд, ҷудо созанд, қаҳрӣ кунанд. Ин навъи низоандозиҳо ба халқҳо не, ба ҳокимон таалуқ  дошт ва онҳо тавонистанд халқи моро бо ҳам барангезанд. Тоҷикони мо дар Ирон монданд, иронӣ ном ва форсӣ калом гирифта, зеро зодгоҳашон Ирон буд, тоҷикони мо дар Афғонистон (1747) монданд, афғон ном гирифта, лафзи дариро интихоб карда, зеро хуни нофашон дар он сарзамини бобоӣ рехта, тоҷикони мо дар ватани бобоии худ – Чин муқим  монданд, забонашонро сарикӯлӣ гирифта, миллати хеш ҷиноӣ донистанд, тоҷикони  мо, ки дар суроғи бахт, осоиш ва ҳатто ҷоҳу ҷалол ба Ҳинд расиданд, ҳинду шуданд, ҳатто забон гум карда, тоҷикони мо хоразмӣ шуданд, бухороӣ шуданд, туркистонӣ шуданд, зеро ватан буданд ин  сарзаминҳо ва қисме тавонистанд забони худ нигоҳ доранд, қисме аз онҳо бебаҳра монданд»1.

Аз рӯзе, ки истиқлолият дорем, дар ҳар маврид номи миллату забони худ шубҳа кардан ғалат не, ҷиноят аст. Тавре Т. Зеҳнӣ навиштааст: «Тоҷикии адабие, ки форсиаш меномем, забони байналмиллалии форсизабон аст. Гузашта аз ин мо-тоҷикон ин забонро аз соири  форсизабонон амонат ва орият нагирифтаем. Ин забон моли ҳалол ва машруҳи худамон аст. Зеро ин забон аз падарони худамон мерос мондааст. Яъне ин забони адабии мо забони ҳамон Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Муизӣ, Низомии Арӯзӣ, Рашидӣ, Сӯзанӣ, Исмат, Камол, Адиб Собир ва соирае, киҷумлагӣ аз ҳамин  Самарқанду Бухоро нашъунамо намуданд ва хоки поки ҳамин Мовароуннаҳр сар барзаданд, мебошад».

Забони форсӣ натанҳо забони зодашуда дар Осиёи  Миёна, натанҳо забони адабишудаи тоҷикӣ аст, балки ифтихори мунавварону адибони бузурги мост. Ин забон натанҳо ба мо бегона нест, балки забони муҳити мост. Аз ҳамин сабаб аст, ки забони тоҷикӣ аз софтарин наздиктарин ба  асли классик гуйишҳои миллатҳои форсизабон маҳсуб мешавад. Ин фикрро ман аз забони Манфред Лоренс, забоншиноси маъруфи Олмони имрӯза соли 1983 дар Кобул шунидам. Вай ба донишҷӯёни Пухантуни Кобул забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро муқоиса карда, ҳамин фикрро гуфт.

Ин маъноро дигар олимон, аз ҷумла олими маҷори асри XIX Герман Вамберӣ, ки соли 1863 ба  Осиёи Миёна омадааст низ гуфтааст:

«Худи шеваи форсии гуфтори Осиёи Миёнаи имрӯза  дар  қолабҳои лексикӣ ва грамматики худ, нишонаҳои забони қадимаи форсиро, ки ҳанӯз бо таъсири тӯрону семитӣ хароб нашудаанд аз ҳамаи шеваҳои дигар дар якҷоягӣ дида бештар маҳфуз доштааст. Гарчи аввалӣ чандин асрҳо боз бе танаффус дар муҳите ба сар мебарад, ки дар он унсурҳои туронӣ бартарӣ доранд. Дигарҳо, махсусан онҳое, ки дар ҷануб зиндагӣ мекунанд ба ҳамсояҳои ғарбӣ муваққатан сар ба сар мешаванд»1. Ҳамчунон «Шеваи форсии Осиёи Миёна, ки бо он тоҷикон сухан мегӯянд, дар сохтори грамматикӣ ва лексики худ хислатҳои зиёди хосе доранд, ки забони Фирдавсиро ба ёд меорад»2 ва ниҳоят «Талошҳои миллии ориёии Сомониён аввалин такконе гардидаанд барои эҳёи забону адабиёти форсӣ. Забони хушнавои эронӣ, ки беш аз 200 сол аз ҷониби ҳокимони араб таъқиб мешуд, дар замони Наср ва Исмоил ба ҷилои нав инкишоф ёфт»3.

На фақат олимони Аврупо, балки донишмандони бузурги халқҳои ҳамзабонамон аз ҷумла, эрониён низ бо ифтихор аз тоҷикон, зодгоҳи кулли форсизабонон будани сарзамини мо, қадимӣ ва ширинии гӯишҳои тоҷикӣ сухан рондаанд. Аз ҷумла, устод Сайид. Насифӣ, ки ба асари соли 1926 ба номи «Намунаи адабиёти тоҷик» дар Маскав чоп шудаи устод С. Айнӣ дар гармогармиаш тақриз навиштааст, аз ҷумла мефармояд:

«Дар Шимолу Шарқии Ирони имрӯз замини бисёр ҳосилхезе воқеъ аст, ки мо дилбастагии махсус ба он дорем. Бисёре аз уламои бузург ақида доранд, ки нажоди мо, яъне нажоди ориёӣ, дар он сарзамин, дар домани   кӯҳҳои Ҳиндукӯш ва дар канори рӯди Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидааст. китоби осмонии Эрони қадим, яъне, «Авесто» кишвареро нишон медиҳад, ки обу ҳавои он ҳулди замин буд ва аҷдоди мо нахуст дар он сарзамин  парвариш ёфтаанд… уламои таърих ақида доранд, ки мо аз он ҷо омадаем. Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дуввуми мост. Дар замонҳое, ки таърихи бостон ва асотирии мо ба ёд доранд, исми ин сарзамин, ағлаб бурда мешавад ва навоҳии мухталифи он ҷойгоҳи Пешдодиён ва Каён будааст…

Дар қарни саввум ва чоруми ҳиҷрӣ ду силсилаи эронии бузург – Саффориён ва Сомониён дар ин ноҳия падид омаданд ва пушти хилофати Бағдодро ин сарзамини бостонӣ шикаст… Ин хиттаи дилангез бузургтарин шуарои Эронро парваридааст. Рӯдакӣ пешрави ин силсила ва Ҷомӣ охирин марди бузурги ин хонаводааст... Маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шуморида мешаванд, мисли Самарқанду Бухоро ва Балх ва ғайра… ҳамеша дорулилми Эрон буданд. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостанд. Ҳар китоби форсиро, ки мехонем ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад. То авосити қарни 12-ум  сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад. Орзуи ман ин аст, ки ин сарзамини поки ниёгони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони самарқандиёну бухороиён бишнавам»1.

Ва латофати ин забонро устод С. Айнӣ чунин ёфтааст:

«Баъзе касон ҳастанд, ки ба сабаби ошно набуданашон забони тоҷикиро, яъне забони авоми тоҷикро забони форсии вайроншуда мепиндоранд. Лекин агар аз баъзе таъсирҳои ҷузъии забони ӯзбекӣ чашм пӯшем, (масалан, кор фармудани «мӣ» дар мавриди истифҳом) соддатарин ва софтарини лаҳҷаҳои форсӣ забони тоҷикӣ аст».

Ин андешаро, ки устод дар мақолаи «Дар атрофи забони тоҷикӣ ва форсӣ» гуфта буд, борҳо дар мавриди гуногун пурратар гуфтааст ва ҳатто устод ба таҳқиқи маънои калимаи «тоҷик» дар луғатҳо ва ҷои истифода фармудашудаи он дар таълифоти муаллифони шарқ ва баромадгоҳи ин калима машғул шуда, бо ҳамин ном соли 1942 мақолае омода кардааст.

«Калимаи тоҷик ба сифати номи як халқи форсизабон, сараввал ба мардуми форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармудашуда, баъд аз он дар мавриди ҳамаи форсизабонони рӯи дунё ба кор бурда шудааст.

Халқи форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон, ки аз замонҳои хеле қадим боз номи тоҷик ба онҳо дода шуда аст, албатта баробари ин ном пайдо нашудаанд, ё ин ки аз ягон ҷо наомадаанд, балки инҳо аҳолии ин сарзаминанд, ки баъд аз исломият ба онҳо номи тоҷик ва забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ» дода шудааст. Ва чунон ки баъд аз исломият забони форсии ҷадид аввал дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ташкил ва паҳн шуд, калимаи «тоҷик» ҳам ба сифати як номи миллӣ аввалин бор ба халқҳои форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон кор фармуда шуда, баъд аз он ҳамаи халқҳои форсизабонро бо ин ном ном бурдан мумкин шуморида шудааст.

Он халқҳои Осиёи Миёна ва Хуросон, ки онҳоро баъд аз исломият «тоҷик» ва забонашонро форсӣ ё ин ки тоҷикӣ номидаанд…Инҳо ҳамон суғдиён буданд, ки дар шаҳрҳои марказии Мовароуннаҳр дар канорҳо,  водиҳо ва кӯҳҳои Зарафшон ва бохтариёну тахориён буданд, ки бо марказияти Балхи қадим дар Хуросон ва чағониён  буданд, ки бо марказияти Тирмиз ва Ҳисори Шодмони имрӯза дар канорҳои рости дарёи Ому зиндагӣ мекарданд».

Аз рӯи мулоҳизаҳои фавқ ва мисолҳои зикршуда, бояд эҳсос шуда бошад, ки ман калимаҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро ҳаммаъно медонам ва забони тоҷикиро барои имрӯзи Осиёи Миёна мувофиқшуда меҳисобам, он ақидаро пайгирӣ мекунам, ки мардуми Осиёи Миёнаро ба номи халқаш ва номи забонаш тоҷик ва тоҷикӣ маҳрум кардан мумкин нест.  Ин ақидаамро муфассалтар дар китобҳоям ва мақолаҳоям борҳо собит кардам1.

Пас саволе пайдо мешавад, ки агар се забон як маъно дошта бошад, пас оё беҳтар нест, ки онҳо бо хати ягона навишта шаванд, то халқҳои мо аз дастовардҳои ҳамдигар истифода намоянд. Албатта ҳамкории пурра беҳтар аст.   Аммо мо имрӯз дар хусуси аз хати арабӣ  ба хатти кирилӣ гузаштан не, ин кор 80 сол пеш ҳал шудааст, балки дар хусуси он баҳс дорем, ки аз расмихати 70-соли охирамон даргузашта, ба хатти собиқаи худ баргардем.

Имрӯз дар Тоҷикистон бисёре аз зиёиён муқобили хати криллии тоҷикианд ва яке аз онҳо журналисти машҳур ва ҷасури тоҷик 10-уми июли соли 2007 навиштааст:

Дар 180 рӯз садоҳо перомуни ҳазар аз расмулхати форсии арабӣ баландтар ба гӯш мерасад. Муддаин дар ин назаранд, ки баргардиш ба асл Тоҷикистонро ба 70 ё 100 сол мепартофт, чун дастовардҳои илмиву фарҳангии мо дар бойгонии таърих мемонд. Аввалан ҳеҷ дастовард фаромӯш нахоҳад шуд, агар бо санскрит иншо шудааст. Ба вежа, ки тоҷикон тамоми кутубу асару рисолоти назарраси худро ҳатман таҳия ва тасниф хоҳанд кард. Баъдаҳу, шахсан ман камтар дастоварде дар ин арзу тӯли 70 сола дидам. Агар асарҳои адибону олимонеро дар назар дорем, ки муҳиммият ва арзиши илмиву адабии онҳо қабл аз соҳиб фавтидааст ва танҳо аз онҳо дар маҳфилҳое ёд меоранд, ки зану фарзанду набераву абераи ҳамон нафар бунёд кардаанд. Пас, маро бисёр мебахшанд, муддаин, аммо ин осор ниёз ба таҳия надорад ва зеби фаромӯшхонаи таърих аст. Аз сӯйи дигар баробари ба фаромӯшӣ рафтани онҳо тоҷикон аз зиёд осоре низ раҳо мешуданд, ки нанги миллатанд.

Воқеан ҳам расмулхати сриллик, ки имрӯз муддаиён бо ду даст аз пойи он гирифтаанд дар замони табъизии шӯравӣ маҳз ба хотири маҳвӣ забони тоҷикӣ қабул шуда буд. Зеро алифбои сриллик тоҷиконро боз як бор на танҳо аз ҳамзабонон, ки аз решаҳои ҳазорсолаи худ буридаву дур гузошта буд ва ҳамин сриллик буд, ки дар тули 80 соли охир шеъри моро сактадор нутқи моро маълул ва миллати моро иллатпазир карда буд. Барои эҳёи тоҷикӣ шарт ва зарур аст, ки бо хатари роиҷи идеологияи шӯравӣ – расмулхати срилликро чун дигар кишварҳои ҳамҷавор рад кунем. Роҳи раҳоӣ аз варта на танҳо баргардиш ба расмулхати форсист, ки ҳукумат бояд бо як амр ва дар як рӯз ба форсии арабӣ гузарад. Дар ин маврид масали «мусалмонии оҳиста – оҳиста» роиҷ нест».

Аммо ман тарафдори тағйири хати имрӯза ба хати пештара нестам.

Барои ман саволе пеш меояд: Чаро ин корро бояд кунем? Чаро бояд аз хатти имрӯза даст кашида ба хатти ниёгон боз гардем? Дар шароите,ки ҳама ба пеш менигаранд ва пеш мераванд, чаро мо бояд оқиб гардем 

Маъмулан тағийри ҳар чиз, аз ҷумла тағийри ҳарф ҳам ҳадафе дорад. Хондаҳо ва мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар тағийри хат таҳрир  аз ҷумлаи ҳадафҳои зерин сабаб мешаванд:

- мувофиқ наомадани ҳарфу овоз;

- мувофиқ наомадани ҳарф ба табиати забон;

- дастнорасшудани мероси таърихӣ;

- аҳдофи динӣ ва этникию миллӣ;

- ҳадафҳои сиёсӣ.

Албатта, танҳо ҳамин панҷ ҳадаф не, балки бовар дорам, мақсадҳои дигаре низ бояд бошанд, ки тағийри хатро сабаб шаванд. Аммо ман ба шумурдани ҳаминҳо, ки дар назарам асосӣ менамоянд, дар атрофи ин масъала мулоҳиза меронам. Яъне, андеша кардан мехоҳам, ки дар ҳоле, ки аз хатти имрӯза даст кашиданӣ бошем, пас бояд бидонем, ки чунин эҳтиёҷро кадоме аз омилхои зикршуда ва ё дигаре ташкил мекунанд.

Дар мавриди омили аввал- мувофиқ наомадани ҳарфу овоз. Гумон мекунам, ки ҳарфи ҳозираи тоҷикӣ тамоми овозҳои забонамонро фарогир ва ифодакунанда аст. Ва чанд ҳарфе, ки дар замони шӯравӣ зӯран ба забони мо ворид карда шуда буданд, мисли щ, ы, ц, ь хориҷ карда шуданд. Дар воқеъ, ҳарфе, ки дар забон овоз надошта бошад,  даркор нест.

Хусусияти хуби хатти имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои қадимаи то арабии тоҷикӣ, дар он аст, ки содда аст,   ҳар овоз ба як ҳарф ифода мешавад, ҳамаи овоз дар тамоми ҷои калима- аввал, миёна ва охир навишта мешаванд ва ҳатто касе, ки забонро надонаду ҳарфро шиносад, онро дуруст хондаву талаффуз карда метавонад. Ман инро аз ҷумла, дар мисоли устодони Донишгоҳи Кобул  профессорҳо Вола ва Қозим Оҳанг, Ҷалолиддин Сидиқӣ дидам, ки дар як ҳафта бо хатти имрӯзаи тоҷикӣ китоб мехондагӣ шуданд. Ҳарфҳои тоҷикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки вожаи оддӣ, истилоҳ ва ному насаби ҳар забони дигарро аввалин бор мехонда бошем ҳам, дуруст хонем ва талаффӯз кунем. Имлои ин ҳарфу овозҳо низ дар забони имрӯзаи тоҷикӣ содда ва фаҳмост. Мавҷуд будани ин хат калимаҳои асосии форсӣ, дарӣ ва тоҷикиро бештар дар забонамон ҳифз мекунад.

Ба миллате ё кишвари дигаре тобеъ набуданамон ё ҷузъи онҳо набуданамон ба хаттамон имконият медиҳад, ки аз таарӯзи вожа ва истилоҳҳои бегона забонамонро эҳтиёт кунем. Хати имрӯзаи тоҷикӣ ҳамроҳшавии моро ба дастовардҳои технологии замон роҳаттар мегардонад.

Баъзеҳо бо таҳқир ё масхара хатти имрӯзаи моро ҳамчун забони русӣ маънидод карда, маслиҳат медиҳанд, ки «ба хати ниёгон гузарем, хоҳу нохоҳ ин хат ҳам боқӣ мемонад, зеро забони русиро меомӯзем». Писхандзанҳо гӯё фаромӯш кардаанд, ки хат ҳам мисли либос аст, тоҷик бо либоси миллӣ ҳам, аврупоӣ ҳам, кӯлоҳи яҳудӣ ҳам ва дастори арабӣ  ҳам тоҷик мемонад, агар ботинан тоҷик бошад. Хат ҳам ҳамин хел. Ҳама гуна хатро ба мақсади миллӣ истифода бурдан мумкин аст. Ва бо хатти миллӣ низ бегона шудан мумкин аст. Афсӯс, ки хатти миллии аввалини мо ҳадди ақал дуним ҳазор сол боз истифода намешавад. Беҳтар аст, хатти миллии ҳазмшудаамонро пешпо надиҳем.

Акнун меоем ба сари мавзӯи алифбои ниёгонамон, яъне алифбои арабӣ. Дар алифбои арабӣ ҳам, ҳарфҳое ҳастанд, ки дар забони мо овоз надоранд. Масалан, дар забони мо калимаҳои сард, соф ва собит, тор, талаб ва лутф, роз, зарб ва зафар, ҳол ва ҳазор якхел талаффӯз мешаванд, гарчи онҳоро дар забони арабӣ ҳарфҳо ва овозҳои гуногун ифода мекунанд. Яъне дар забони арабӣ овозҳои монанде ҳастанд, ки онҳоро бо ҳарфҳои со, син, сод, то, итқи, зол, зо ва зод, изғи, ҳо-и ҳавас ва ҳо-и ҳуттӣ ифода мекунанд. Мо ҳамаи ин ҳарфҳоро бо ҳарфҳои с, т, з ва ҳ ифода карда якхел талаффӯз мекунем. Аммо ҳар гоҳ калимаҳои арабиро менависем, маҷбур мешавем 7 ҳарфи зиёдатиро истифода кунем. Ҳарфи хоси овози арабии айн низ дар хатти ниёгон ҳаст, ки вай дар забони тоҷикӣ овоз надорад.

Дар ҳоле, ки мо зидди ҳарфҳои ба забон номувофиқи кирилӣ бошем, барқарор кардани ҳарфҳои ба забон бегонаи дигар низ ҳеҷ зарурат надорад. Мо бо забони тоҷикӣ бояд зиндагӣ кунем, на ба забони халқи дигар, аз ҷумла арабӣ. Дар сурати ба хатти арабӣ гузаштан мо раҳгум мезанем. Аз як тараф,  мо наметавонем он ҳарфҳое, ки овози бегонаро ифода мекунанд нанависем. Зеро дар забони тоҷикии имрӯза на камтар аз чоряки калимаҳои мавриди истифода асли арабӣ доранд, арабии соф ва арабии тоҷикишуда мебошанд. Ман зери мафҳуми арабии тоҷикушуда он калимаҳои забонамонро дар назар дорам, ки маънои аввалашонро тағийр доданд. Ҳангоми навиштан чунин калимаҳо агар асли арабиашон навишта нашавад, моро бесавод ҳисоб мекунанд ва мо низ аз матни классики худ канда мешавем. Агар онҳоро нависем, ин бефоида аст, зеро талаффуз карда наметавонем ва онҳо хусусияти овозии забони тоҷикиро ифода намекунанд.

Баръакс, дар хатти арабӣ бисёр овозҳои тоҷикӣ ифода намеёбад. Ман ҳаракатҳоро ва ҳолати садонокҳои а, ӯ, у, и, е-ро дар миёни калима дар назар дорам. Ҳамчунин навишта нашудани пайвандаки «ӣ» калимаро бемаъно мекунад. Масалан, агар ба хатти арабӣ «саги мо» навиштани шавем, «саг мо» менависем, «моҳии нағз» навиштани шавем «моҳи нағз менависем» ва ғ. 

Олими барҷастаи Эрон Забехулло Сафо яке аз сабабҳои ба шеваҳои гуногун ҷудо шудани забони адабии форсиро ҳамин хат дониста, навиштааст:

«Лаҳҷаҳои эронии ҷадид, лаҳаҷоте ҳастанд, ки дар қарнҳои ахир мутадовиланд ва таъризи бештари онҳоро метавон аз аҳди шуюъи хатти арабӣ ва баъд оғоз кард. Ва чун ин хат барои нишон додани бисёре аз ҳаракот ва асвоти лаҳҷаҳои мазкур порасост, дар таҳрир ва ҳатто талаффӯзи онҳо тағийроте эҷод гардид. Гузашта аз он, ба ғалабаи араб ва шуюи дини ислому «Қуръон» ва забони арабӣ дар миёни эрониён тадриҷан бисере аз калимоти арабӣ ва мавориди мутаддит қавоиди дастурии арабӣ дар ин лаҳаҷот нуфуз кард»1.

Дар хати арабӣ душвор ифода ёфтани овозҳои тоҷикиро боз дар он ҳам мушоҳида кардан мумкин аст, ки як ҳарфи алиф овозҳои А, И, Э, У, Ӯ ва О-ро, ҳарфи айн ҳам овозҳои А, И, У, Ӯ-ро, ҳарфи Вов ҳам овозҳои В, У ва Ӯ-ро ҳарфи ҳои ҳаваз ҳам овозҳои Ҳ, А, И, Э-ро, ҳарфи Ё ҳам овозҳои Е, И, Э ва О-ро ифода мекунад2. Бинобар ин ҳам адабиётшиносони луғатнависи гузашта аз ҷумла дар «Лубуб-ул-албоб», «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ» ва ҳар луғати тафсирии дигар, баъди овардани вожжа,   пеш аз он ки маънояшро шарҳ диҳанд, маҷбур шудаанд аввал тарзи навиштани калимаро фаҳмонанд. Ман аз ҷилди дуввуми «Бурҳони қотеъ» чопи Эрон чанд мисолро номбар мекунам:

Расадгоҳ- бо фатҳи аввал ва сонӣ ва сукуни дол ва кофи форсӣ бо алифи кашида ва бо ҳои зада- ба маънои қадамгоҳ ва назаргоҳ…(с. 953).

Димна-бо фатҳи аввал ва сукуни сонӣ ва нуни мафтуҳ- номи шағоле ҳаст, дар китоби «Анвори суҳайлӣ»… (с. 881).

Дамик-бо касри сонӣ ва сукунӣ таҳтонӣ бар вазни шарик- ба маънои замин ва бум бошад… (с. 881).

Хӯрдсӯз – бо сини бенуқта бар вазни ҷигардӯз-номи оташкадае дар Озарбойҷон (с. 735).

Маълум аст, ки қомусҳо барои авом не, барои мардуми аҳли савод навишта мешаванд, пас аҳли савод ҳам то ҳаракатҳои овоз муайян нашуда бошад, онро дуруст хонда наметавонанд. Баҳси адабиётшиносона, ки дар кишварҳои форсизабон садсолаҳо давом дорад- «киштинишастагонем» ё «киштишикастагонем», «қ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 17-04-2019, 15:06:52 | Диданд: 607