МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо ҳама аз як миллату як давлатем

Мо ҳама аз як миллату як давлатем

Мо тоҷикем новобаста аз кадом гушаву канори Тоҷикистон бошем, аз як гиребон  сар бароварда Тоҷикистони гулистонро гулистонтар мекунем. Имрўзҳо ватани азизамон як гушаи биҳиштро мемонад. Вале сад афус то ҳол ҳастанд нафароне, ки ҳастии миллати тоҷикро намехоҳанд ва боз ба ҳамон маҳалгароие, ки сабаби ба вуқуъ омадани ҷанги шаҳрванди гардида буд даст мезананд. Ҳануз ҳам аз ҷониби бархе аз нафароне, ки дар намакдони миллати тоҷик туф кардаанду истиқлолият, ки яке аз неъмат бебаҳост онро намехоҳанд маҳалгарои намуда тавваҷуҳ ба ВМКБ кардаанд, ВМКБ, ки яке аз узви ҷудо нашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол буда  мардуми шарафманди бадахшонӣ тоҷиканду аз тоҷик будани худ ифтихор мекунанд. Мо тоҷикон аз тоҷик будани худ ифтихор мекунем ва ватани ру ба тарақиамонро  боз ҳам зебо мекунем. Иттифоқ будан ин ҳадафи мо тоҷикон аст! Новобаста, ки дар кадом гушаи Точикистон ё дигар гушаи дунё қарор дошта бошем. Эй хоинони ватан эй курнамакон, эй беватанон охир аз ноҳақи безор нашудед. Пас агар базор нашуда бошед, инро дониста бошед, ки мардуми шарафмаду бо нангу номуси тоҷик ба хусуси мардуми бо нангу номуси ВМКБ ба чунин сафсатаҳои шумо хоинон бовар накарда сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллатро дастгири намуда аз як гиребон сар бароварда баҳри пешрафти диёри худ саҳми арзандаи хешро мегузоранд ва мо инро ба шумо кафолат медиҳем, ки Тоҷикисонро боз ҳам давлати тарақи кардаи рўи олам мегардонем.

 

Б.Султонов сокини н.Восеъ

 

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 18-04-2019, 11:36:15 | Диданд: 681