МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ватанро бояд ҳифз кард

Ватанро бояд ҳифз кард

Ватан-ин зодгоҳест, ки инсон дар он диёр ба дунё омада аз боду ҳавояш нафас кашида, дар димоғаш бӯи хору хас, санг ва дигар набототашро эҳсос менамояд. Тамоми обу тоби бадани инсони камол ёфта маҳз аз ҳамин зодгоҳ инкишоф меёбад. Баданаш чунон унс мегирад, ки дар ҷое дигар ҳатто шароиташ ҳам беҳтар бошад, аммо барояш бегона аст. Ватан-маконест, ки агар дар биёбон бошад барои инсон аз тахти Ҷамшед беҳтар аст. Дар ин маврид шоирону нависандагон дар мавзӯӣ Ватан ва мафҳуми он ҳазор ҳо асар эҷод кардаанд.

Кароматуллоҳ Олимов дар мисраҳои зерин дар васфи Ватан гуфтааст:

 Аё, Тоҷикистони озоди ман,

Умеди дилу хотири шоди ман.

 Чу фарзанди ту ҳозирам бар дифоъ,

 Ба ҳифзи ту ҷонро намоям фидо!

 Ватан, боиси ифтихорам туӣ,

 Ватан, мабдаи эътиборам туӣ,

 Ватан, тору пуди вуҷудам туӣ,

 Ватан, қиблагоҳи суҷудам туӣ!

 Манам вориси Рустами достон,

Чу Восеи размовари паҳлавон,

 Чу сарбози Темурмалики замон,

 Наёбад зи ман душмани ту амон!

Ба софии оби зулолат қасам,

 Ба покии хоку ҷалолат қасам,

Зи кӯҳсору водӣ ҳама тоҷикем,

 Ҳама яктану ҷон ба ту содиқем!


        Пос доштани арзишҳои Ватан ин нишонаи ҷавонмардии ҳар як инсон аст. Зарур аст, ки мо зери шиори “Мо ободгари Ватанем” ҷиду ҷаҳд намуда сарзамини худро ободу зебо созему барз зидди ҳамаи он нафароне, ки бар зидди амнияти кишвари азизи мо суханҳои тӯҳмат мегӯянд вокуниш нишон диҳем.

 

 

Раҷабов Ҷ-сокини ноҳияи Восеъ

 

 

 

 

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-05-2019, 12:27:51 | Диданд: 587