МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ УСТУВОРИСТ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ УСТУВОРИСТ

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

                                                      Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам

 Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

     Дахр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

 

Сулҳу вахдат иборахоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ — оштиву фарзонагй, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад ба хам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, хамдигарфахму покзинату миллатдуст будан.

Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва Сулҳи умумибашарии Тоҷикистон чонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси чаҳон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва хамдилии халки тоҷик мавриди омузиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисер ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо рохи вахдат, якдигарфахмй истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Хақиқатан Вахдати миллй шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки Сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармосг, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад.

Зарур аст, ки мо мардуми Тоҷикистон новобаста аз кадом деҳаву вилоят Истиқлолияти ба даст омадаамонро пос дорем. Ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азиз ба мисли Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Суғду Хатлонро ободу зебо бахшем. Мо мардуми Тоҷикистон барои якдигар узве ҳастем, ки ҷудонопазир аст.  

 

 

 

Раҷабов С-сокини ноҳияи Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 10-05-2019, 12:38:34 | Диданд: 455