МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Восеъ

Сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Восеъ

          Субҳи рӯзи 24-августи соли ҷорӣ Қоҳир Расулзода Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ аз рафти кишту кори саҳроӣ ва ҷамъоварии ҳосил дидан намуда, сипас дар маросими ифтитоҳи муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №58, 65, 61 ва Беморхонаи ташхисию табобатии №25 дар Ҷамоати шаҳраки Восеъ иштирок намуданд.

           Инчунин дар ин сафари корӣ  аз рафти корҳои сохтмони варзишгоҳ барои 20 000  ҷойи нишаст дар Ҷамоати шаҳраки Восеъ аз наздик шинос гардид.

         Баъди ифтитоҳи муассисаи таълимии миёнаи умумии №61 бо иқтидори лоиҳавии барои 640 ҷойи нишаст дар Ҷамоати шаҳраки Восеъ ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд.            

          Сипас зимни вохӯри бо фаъолони ноҳия  ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандон, риояи қонунҳои амалкунанда ва иҷрои корҳои ободонию созандагӣ таъкид намуданд.

 

 

 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 24-08-2017, 14:17:28 | Диданд: 869