Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8778]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5811]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5199]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4669]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3978]
7. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3976]
8. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3968]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3964]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3667]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
2. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
3. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
4. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
5. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
7. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2417
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 54714
Таърихи ноҳия
Ҳолати умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳияи Восеъ
Сохтори маъмурӣ ва ҳудудии ноҳияи Восеъ
Восеъ ҳамчун ноҳия соли 1936 ташкил ёфтааст. Восеъ дар қисмати ҷанубу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ буда, он аз шимол бо ноҳияи Темурмалик, аз тарафи шарқ бо ноҳияҳои Ховалинг ва Кӯлоб, аз тарафи ғарб ба ноҳияи Данғара ва аз тарафи ҷануб бо ноҳияи Ҳамадонӣ ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии ноҳияи Восеъ 0,8 ҳазор километри мураббаъ буда, маркази маъмурии он шаҳраки Восеъ ба шумор меравад. Ноҳия аз 1 ҷамоати шаҳрак ва 7 ҷамоати деҳот иборат аст.
Маълумоти фарҳангӣ ва таърихӣ
Восеъ кишвари куҳанбунёд буда, дорои таърихи рангоранг мебошад. Дар ноҳия 18 мавзеъҳои таърихӣ ва осорҳои меъмори-таърихӣ арзи вуҷуд дорад. Инҳо маҷмӯаи таърихии Ҳулбук, Манзартеппа, Қайнар, Қабристони деҳаи Ғелот, мавзеъи Эмомалӣ, Авғондилӣ. Дар аксар мавзеъҳои таърихӣ ковишҳои бостоншиносӣ идома дорад, вале ин ковишҳо пурра таърихи аслии ин мазеъҳои таърихиро аён насохтанд аз ин ру моро зарур аст, ки ин мавзеъҳоро ҳифз намоем. Мушкилоти аввалиндараҷа набудани воҳиди кории нозири ҳифзи ёдгориҳои таърихиест, ки солҳои қабли чунин воҳиди кории дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохия амал мекард. Барқароркунии воҳиди кори масъул оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ имкон медиҳад , ки таърихи ниёгон таввасути бостоншиносон кушода шавад инчунин тартиб додани харитаи ҷойгиршавии мавзеъҳои таърихӣ таҳия мегардад.
Шароитҳои табиӣ ва иқлим
Сатҳи ҳудуди ноҳия ноҳамвор буда, қисми шимолиашро нишебиҳои қаторкуҳи Вахш, шимолу шарқашро нишебиҳои қаторкуҳи Ҳазрати Шоҳ, ғарбиашро нишебиҳои куҳи Ҷилонтоғ ва қисми ҷанубиашро ҳамвории водии дарёҳои Сурхоб ва Ёхсу ишғол кардаанд. Нуқтаи баландтаринаш аз сатҳи баҳр 4088 метр, пасттаринаш 450 метр мебошад.
Иқлими Восеъ, сарфи назар аз воқеъ буданаш дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ, гуногун аст. Дар ин ҷо қариб ҳама гуна обу ҳаво: ҳам барфу яхбандӣ ва субтропикии хушк дида мешавад. Солона ба ҳисоби миёна сатҳи боришот то 300-400 миллиметрро ташкил менамояд. Дар фасли зимистон ҳарорати хунуктарини ҳаво аз -8 то -12С дараҷа паст мефурояд. Ҳарорати гармтарини ҳаво дар фасли тобистон ба ҳисоби миёна 30-40 дараҷаро ташкил менамояд. Умуман, иқлими Восеъ нисбат ба дигар ноҳияҳои ҳамсоя гармтар аст.
Ноҳия дорои захираҳои бойи об мебошад. Ноҳияи Восеъро дарёҳои Ёхсу ва Сурхоб аз тарафи ҷанубу ғарб ва ғарбу шимол чун миёнбанд печонидаанд. Инчунин аз “Кӯлоб-дарё” ҳамчун манбаи обтаъминкунӣ истифода мешавад.
Вазъи демографӣ
Мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар ноҳияи Восеъ зиёда аз 190,9 ҳазор нафар аҳолӣ аз ҷумла 96,2 ҳазор нафар занҳо ба қайд гирифта шудааст, ки он 50.4%-ро ташкил менамоянд.
Тавсифи ноҳияи Восеъ
Масоҳати ноҳия га |
76592 |
Маркази маъмурии ноҳия |
шаҳраки Восеъ |
Аҳолии ноҳия, ҳамагӣ нафар |
195930 |
аз ҷумла аҳолии шаҳрак нафар |
22790 |
Аҳолии деҳот, нафар |
173140 |
Шумораи мардҳо, нафар |
97180 |
Шумораи занҳо нафар |
98750 |
Зичии аҳолӣ дар 1 км.кв |
255 |
Шумораи аҳолӣ аз руи дараҷаи таҳсилот, нафар |
|
-олӣ |
4825 |
-миёнаи касбӣ (техникум ва коллеҷ) |
6242 |
-ибтидои касбӣ (омузишгоҳҳо) |
4175 |
-миёнаи умумӣ |
26046 |
-миёнаи асосӣ |
7883 |
-ибтидоӣ |
10327 |