МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ

ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ

Ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон ва бо мурури тағйир хурдани дунё ва сохти кишварҳо волоият ва маҳбубияту маъруфияти худро аз даст нахоҳад дод. Тамоми таълимотҳои диниву дунявии ҷаҳонӣ мафҳуми Ватанро дар мавқеи аввал мегузоранд, зеро инсон бидуни муҳаббати он дохили пазироии дигар анвои меҳру муҳаббат буда наметавонад. Меҳри ватанро бузургони андеша беҳуда бо меҳри модар дар як саф нагузоштаанд. Агар Модар инсонро ба вуҷуд оварда тарбия кунад ва ба муҳиту оила ҷазб намояд, ватан рӯҳия ва камолоти инсониро парвариш дода, дигар арзишҳои волои инсониро ба он зам менамояд.

Хар як инсон, хусусан ҷавононро мебояд барон дӯст доштани Ватан корҳои неку аъмоли баҳри ҷомеа манфиатбахшро анҷом бидиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо уҳдадориҳо ва масъулиятҳои бузурге дорад. Яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини поки ислом чуни наст: «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст».

Инсони некбахт натанҳо Ватанашро дӯст медорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он саъю талош намуда, бо душманони он мубориза мебарад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Ду чашм ҳаргиз дар оташи дӯзах намесӯзад, яке аз тарси Худо гиря мекунад, дигаре дар роҳи дӯст доштани Ватан мижа таҳ накарда, хидмат мекунад».

Ватандусти асил ҳам зодгоҳ ва ҳам Ватани бузургашро дӯст медорад, онҳоро аз ҳам ҷудо намесозад. Ҳамаи моро зарур аст, ки Ватани азизамон Тоҷикистонро ҳамчун модар дӯст дорем. Зодгоҳро аз Ватан ҷудо кардан ин маҳаллгароист ва маҳаллгароӣ бадтарин хислати инсонӣ буда, сабаби парокандагӣ ва ҷангу нооромиҳо мегардад. Яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин маҳалагароӣ буд, ки оқибат кишвари азизамонро пароканда намуда, чандин ободиҳоро ба вайрониҳо табдил дод, чандин оилаҳоро пароканда намуда, тифлаконро ятиму бесаробон сохт.

Чунин воқеот имрӯз дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва дигар давлатҳон ҷангзада дида мешавад. Сабаби ин ҳама ношкурии мардум ва ба қадри тинҷиву оромӣ нарасидани онҳо мебошад.

Моро зарур аст, ки аз давлатҳои ҷангзадаву ноором хулоса бароварда, ба қадри меҳнатузаҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президентикишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хиради азалии хеш дар кишвари мо сулҳу суботро ҷорӣ сохт, бирасем. Агар мо ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст диҳем, фирефтаи гурӯҳҳои фитнаҷӯву иғвоангез мегардем. Имом Муслим дар муқадимаи «Саҳеҳ»-аш ҳадисеро аз Паёмбар (с) ривоят мекунад, ки фармудаанд: «Дар охири замон якчанд ҳилагар ва дуруғгӯ пайдо мешаванд, ҳадисхоеро ба шумо нақл мекунанд, ки на шумо ва на падару бобоҳоятон онҳоро нашунидаанд. Пас ҳушёр бошед ва худро аз шарри эшон нигоҳ доред, то накунад, ки гумроҳатон намуда, аз дин берунатон созанд».

Гурӯҳҳои бадхоҳ барои амалӣ сохтани нақшаҳои бадашон аз дини ислом cӯистифода менамоянд, то ба нияту ғаразҳои худ ноил шаванд. Чунин намунаро мо дар амалҳои ташкилоти террористии ҲНИТ аллакай мушоҳида намудем ва хулосаҳои худро дорем. Дар асл ҳар иғвоангез ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ мехоҳанд дар кишвар нооромӣ ҷорӣ созад, зеро бадхоҳ ва душман тараққӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро намехоҳад.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванд ҳимояи Ватани худ чи дар хона, чи дар сарҳад, чи дар деҳа ва ғайраҳо мебошад. Пас мебояд, ҳар яки мо ҳимояи Ватанро тариқи фаҳмондадиҳӣ, огоҳонидани мардум аз макру ҳилаи душманон, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи баланди ватанпарварӣ ба роҳ монем.

Абдулаззиз Шукуров,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи «Имоми Аъзам»-и ноҳияи Ховалинг

бознашр аз сомонаи Шурои уламо

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 22-03-2018, 17:44:08 | Диданд: 5238