МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ МУҲТАРАМ ШАРИФЗОДА ҶАМШЕД РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ  РАИСИ НОҲИЯИ  ВОСЕЪ  	МУҲТАРАМ 	ШАРИФЗОДА  ҶАМШЕД РАҲМОН 	БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ 	ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз! Мардуми шарафманди ноҳияи Восеъ! Имрӯз мо яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории навини худро - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем. Ин ҷашн на танҳо ҷашни ҳуқуқӣ, балки ҷашни бузурги ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу субот ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади олии ҳуқуқӣ барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу оромӣ ва барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи воқеӣ гузоштааст. Дар ин санад мақсадҳои стратегии давлат, вазифаҳои шаҳрвандон, ҳуқуқу озодиҳо ва арзишҳои ахлоқию фарҳангии миллат ба таври возеҳ инъикос ёфтаанд. Он на танҳо қонун, балки рамзи ҳувияти миллию давлатӣ ва сарчашмаи боварии мардум ба ояндаи дурахшон мебошад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Сулҳи пойдор, суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодӣ, бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, рушди маорифу тандурустӣ ва инкишофи зиндагии иҷтимоии халқ - ҳама аз амалӣ шудани меъёрҳо ва принсипҳои Конститутсия сарчашма мегиранд. Мо - сокинони ноҳияи Восеъ бояд аз ин дастовардҳо ифтихор кунем ва баҳри таҳкими онҳо дар амал саҳми шахсии худро гузорем. Имрӯз масъулияти наслҳои ҷавон, омӯзгорон, кормандони давлативу ҷамъиятӣ ва ҳар як оилаи тоҷик дар он аст, ки бо эҳтироми қонун, меҳнати содиқона барои ободии диёрамон ҳиссагузор бошанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ тамоми кӯшишро ба он равона месозад, ки шароити зиндагӣ ва имкониятҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии сокинон боз ҳам беҳтар гардад, корҳои ободонию созандагӣ густариш ёбад ва ноҳия дар ҳамаи самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шавад. Бо истифода аз ин фурсат, тамоми мардуми меҳнатқарини ноҳия, ходимони давлативу ҷамъиятӣ, падару модарон, ва кулли ҳамдиёрони азизро бо ифтихор ва самимияти беандоза ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям. Ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, файзу баракат, саодати рӯзгор, рӯҳияи созанда, нияти нек ва муваффақиятҳои нав таманно дорам. Рӯзи Конститутсия муборак, ҳамдиёрони азиз! Поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол! Поянда бод ваҳдати миллии мардуми мо!

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 06-11-2025, 10:03:05 | Диданд: 3