МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад.    

         Он дар минтақаҳои том ва умуман ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.
             Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст.  Аз суханронӣхои Асосгузори сулху вахдат,Пешвои Миллат Эмомалйи Раҳмон  дар иҷлоси байналмилалии мубориза бо терроризм. 25.06.2017сол.

                                     

                                                                                                                 Эмомалй Раҳмон

 

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоиният баробари тараққиёти илму техника афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст. Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону  ҷавонони синнашон аз 16 то 18 сола ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.

            Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст.

Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад.     

Бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад

Тӯли даҳсолаҳои охир ҷараёнҳое пайдо шудаанд, ки ба равияҳои динӣ алоқаманданд, рӯз аз рӯз беш  дар  рӯи  олам паҳн гардиданд.  Ҳамаи ин гурӯҳ радикалӣ ҳисобида шуда, ҷонибдорӣ аз дин дар асоси ақидаҳо ва амалҳои қатъӣ мебошанд.

      Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки  дар марҳилаи ҳозира хавфи бештареро на терорист на экстремисти  оддӣ балки диндорони махфӣ ба сар меоранд. Фарқияти онҳо аз дигар шаклҳои ифротгаро фарқ мекунад.

Онҳо ба дигаргунсозӣ, зуроварии  сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва шамомияти арзиши давлат  нигаронида шудаанд. Ин гуруҳҳо таъинот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷалбсозии одамон истифода мекунанд ва онҳоро ба муборизаҳои гуногуни оштинопазирӣ сафарбар менамоянд.

      Солҳои охир ин ноаҳлон ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардаанд.

      Имрӯз мо воқеаҳоеро эҳсос менамоем, ки қудратҳои ҷаҳонӣ минтақавӣ дар роҳандози сиёсати худ ҳанӯз аз тактикаи дастгирии молиявию  низоми ҷангҳои динию мазҳабӣ ҳамчун омили асосии нигоҳдории ихтилофот дар Ховари Миёна даст накашидаанд. Идома ёфтани ин равандҳо ба вазъи муносибати давлатҳо ба дин дар ҳама гуна ҷомеаҳои мусулмонӣ таъсиргузор шуда аст ва ҳар лаҳза метавонад ҳамзистии инсониятро  халалдор созад. Ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ, пойдории сулҳу салоҳ ва таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоёти ин кишварҳоро зери шубҳа андозад.

      Имрӯз баъзе нохилофони аз илму фарҳангу хиради инсонӣ бехабар миллатҳои гуногуни башариатро бадном кардани шуда ба ифротгароиву зиштиву фасоду фуҷур метавонанд ба чаҳони худ ва дигаронро зери хатари марговар гузоранд.

     Набояд фаромуш кард, ки хиёнат ба Ватан ин хиёнат ба миллат, хиёнат ба падару модар  ва фарзанду бародару хоҳари худ аст. Вазъи кунунии ҷаҳон хеле мураккаб аст. Мо бояд ҳамеша ҳушёрии сиёсиро  аз даст надиҳем, ки фазои беғубори моро тира гардонанд.

     Ҷараёнҳои ноаҳлон  имрӯз дар сайёра хеле мавқеи ноинсониро таъсис додаанд ин ҷараёнҳо ба мисли (Салафия, Ҳизбу – таҳрир, Толибон, ДИИШ) ва ғайра мебошанд.

Экстремизм, яъне ифротгароӣ ин ноогоҳӣ аз арзишҳои ҳуқуқӣ, озодӣ ва сиёсии мардум, алалхусус ҷавонон аст. Онро зуҳуроти номатлуб ва хатарафкан гўянд. Саркардагони ифроту радикализми ҷаҳонӣ аз беимонии худ хоҷагонашонро пуштибонӣ менамоянд, ҳатто зери ниқоби дини Ислом идеологияи нобихрадиву хирасариро зидди мардуму ҳаёти осоишта мегузоранд. Мақсадҳои нопоки худро аз номи дини мубини Ислом амалӣ карданӣ шуда, оқибат ба бало гирифтор мегарданд.

Ақли солим, масъулияти том ва маърифати баланд, албатта, пеши роҳи ифротгароиро гирифта метавонад, агар ҳуввият ва садоқати ватандорӣ дар вуҷуди ҳар инсони покдил қарор дошта бошад.

Синнам дар арафаи шаст аст, биноан пастиву баландиҳои роҳи ҳаётро бисёр гузаштаам. Аз барномаву хабарҳои телевизион, навиштаҳои рўзномаҳо огаҳии том дорам: мехонам ва мефаҳмам, ки амалҳои бераҳмона ва кирдорҳои ғайриинсонии гурўҳҳои ифротгаро дар ҷаҳон боиси ҳалокат ва гурезаву хонавайроншавии садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, кўдакону занони бесарпаноҳ мегарданд.

Боиси афсўсу ғамбору риққатоварӣ он аст, ки ба гурўҳҳои ифротӣ асосан ҷавонони ноогоҳу гумроҳ ва тиҳӣ аз донишу маърифатро бо ваъдаҳои пучу бардурўғ ҷалб менамоянд қувваҳои сиёҳкор. Таассуфовар ва нобахшиданӣ аст, ки дар миёни фирефташудагон ҷавонони тоҷик ҳам ҳастанд. Азбаски онҳо маърифати комил, донишу афкори расо надоранд, аз пайи пулу сарвати муфту ваъдаҳои хушк аз дидори падару модар ва ҳаёти оилаву фарзандони дилбанд ҷудо гардида, ба вартаи ҷаҳолату разолат меафтанд.

Бо сиёсати оқилонаву башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами мамлакати соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон дар кишвар фазои орому осоиш ва созандагиву маҳбубият, самимият ва офияти мардум танин дорад. Дилпурона мегўям: касе, ки аз чунин ҳаёти осоишта ношукрӣ намояд, ў одами комилу солим нест ё дар қатори инсон гуфтан ноарзанда, ноодам аст. Дидем рўзҳои душвору хориву залилии мардуми бечорамондаро, ки дасисабозони беимону бешараф ба сарамон оварда буданд. Бетамизон он вақт аз номи дини мубини Ислом ҳарзагўӣ карда, мардумро парешону сарон менамуданд. Аслан дини Ислом роҳи саодату наҷот, роҳат, осоишу муҳаббатро равшан менамояд, меҳрубониву садоқат, вафодориву ҳамгироиро тақвият медиҳад. Ифротгароён аслан душмани ин дини муборак буда, бо ному насаби дурўғини «равшанфикрон» худро ба таври худ доно гирифта, бо амалу кирдорҳои ноҷавонмардонаашон корҳои номақбули худро чун узви ҳизби наҳзат ба амал бароварданӣ шуданд, ки оқибат ба нафрини халқ гирифтор гардиданд. Ҳамчун як нафар аз қаламкашони собиқадор гуфта будам ва боз такроран мегўям, ки азбаски нияташон ифлос, ғаразнок ва номақбул буд, ба қавле, мисашон баромад, нобоварӣ ба онҳо бешу афзун гардид.

 

Тоҷикистони соҳибихтиёру дар ҷаҳон нуфузи болиғ дошта Ватани ободкорону соҳибдилону бофазилатон, суботкорону некўдилон аст. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» мефармояд:

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд.

    Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Аз ин бармеояд, ки инсонҳо барои анҷом додани рисолате ва амалӣ намудани корҳои накўву ибратбахш ба дунё меоянд. Ҳеҷ як инсони ватандўст даст ба хиёнату хиёнаткорӣ намезанад. Дар сараш танҳо осудагиву ободии рўзгор, оромиву ҳамгироӣ, шукуфоии Ватан ҳасту аз он замираш равшан.

Бо ақли солим, бо чашми сар мебинем, ки мамлакатамон – Тоҷикистони биҳиштосо бо азму суботи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш рафта, мавқеи устувори худро дар ҷаҳон гирифтааст, сазовори эътибор шудааст. Бо камоли эҳтиром ба хирадмандии Пешвои миллатамон садҳо ташаккур мегўям, ки мардум бахтёранду соҳибиқбол.

Дар ин росто ҷавонони Ватанро ба кору амалҳои неку дастҷамъона ҳидоятгару роҳнамо бошему тарбиятгар. Дар Тоҷикистон ҳамаи шароитҳо, имкониятҳо барои ҷавонон ҷиҳати таҳсилу гирифтани дониш, хониш ва омўзиш, соҳибкасбу соҳибмаърифат шудани онҳо муҳайё мебошад. Аз ин лиҳоз, нақшаҳои нопок барои ҷавонони мо хос нест. Бояд такя бар хиради азалӣ дошта бошем.

Аз рўзномаҳо мехонам ва таассуфовар аст, ки ифротгароёни сиёҳдилу ноасл шукуфоии Тоҷикистони моро дидан намехоҳанд, аз хориҷи кишвар дар ҳаққи халқи худ суханони ноҷоя мегўянд, ки оқибати он пушаймонист.

Имрўз моро лозим аст, ки ҳамеша ҳушёр бошем, баҳри ояндаи дурахшони кишвари азизамон қуввати дилу ғайрати комили худро бахшем.

Шарифхон Тиллоев, рӯзноманигор

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-01-2019, 14:24:17 | Диданд: 8827