Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8827]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5851]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-5239]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4695]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4013]
7. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4011]
8. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3998]
9. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3996]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3687]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
1. Э Ъ Л О Н
2. МУҲИДДИН КАБИРӢ - ХОИНИ МИЛЛАТ
3. Кабирии хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
4. ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА АҲЛИ БАШАР
5. Ҷиноятҳои сангин ва амалҳои нангини як ифротӣ
6. Хоини миллат – Муҳиддин Кабирӣ
8. Иқболи хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
Омор
- Хабархо: 2418
- Расмхо: 39
- Онлайн: 4
- Хамаги омаданд: 55153
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА
Бисту се соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеаи навини мо нақши бузурге гузошт. Чунин пешравии назаррас дар самти фаъолияти иттифоқи касаба баръало ҳис карда мешавад. Дар ин муддат фаъолияти коргузории иттифоқи касабаи маорифи ноҳияи Восеъ низ рушд ёфт. Аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон иттифоқҳои касаба ҷонибдори давлати Конститутсионии Тоҷикистон буд ва дар мавқеи ҷонибдории давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявии Ватани азизамон истодааст. Барои муваффақ шудан ба ҳалли ин масоили ҳаётан хеле муҳиму ифтихорманд қувваю ғайрати иттифоқи касабаи маорифи ноҳия равона гардида, вазифаи таърихии ба зимма доштаашро дар бобати ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии кормандон ва ҳаллу фасли онҳо иҷро намуда истодааст.
Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи ноҳия дар даврони истиқлолият дар асоси дурнамои фаъолияти кумита вазифаҳояшро дар самти назорати риоя гардидани ҳуқуқ ва кафолатҳои кормандони соҳаи маориф муайян намуда, мақсади асосии худро баҳри пешниҳоди талабот ва ноил гардидан ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аъзоён ва ҳимояи ҳуқуқии онҳо равона сохт.
Кумитаи иттифоқи касаба ба шуъбаи маориф ҳамкории зич дошта, дар ҳама чорабиниҳо иштирок ва саҳмгузорӣ намуда, мувофиқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар пешрафти фаъолияти соҳаи маориф саҳми басо калон дорад.
Дар ин давра барои пешафти кори ташкилотҳои ибтидоии иттифоқи касаба озмунҳои «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба», «Раиси иттифоқи касабаи сол», «Парчами сайёр» гузаронида шуд.Дар ин озмунҳо ташкилотҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумии №№17, 1 ва Кумитаи иттифоқи касабаи маорифи ноҳия дар вилоят соҳиби ҷои аввал гардиданд.Дар гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ оид ба намуди волейбол варзишгарони ноҳияи Восеъ дар ҷумҳурӣ ду сол пай дар пай сазовори дипломи дараҷаи якум, ҷом ва маблағ, дар намуди теннис бошад, сазовори дипломи дараҷаи дуюм ва маблағ гардиданд.
Ҳамасола мувофиқи қарори раиси ноҳия ва қарори муштараки шуъбаи маориф ва раёсати кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи маориф оид ба ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон нақша - чорабиниҳо қабул карда, аз рӯи он амал карда мешавад. Соли ҷорӣ дар се баст истироҳати хонандагон дар лагерҳои истироҳатии наздимактабӣ ва боғча 469 нафар, лагерҳои фароғатӣ-таълимӣ 3950 нафар фаро Гирифта шуданд.
Бо ташаббуси кумитаи иттифоқи касабаи ноҳия аз ҳисоби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон 28 нафар дар лагери истироҳатии «Шифобахш» -и ноҳияи Вахш, 5 нафар дар лагери «Чайка»-и ноҳияи Варзоб, 10 нафар дар лагери истироҳатии «Соҳил»-и ноҳияи Хуросон, нафар дар лагери «Шоҳин»-и ноҳияи Қайроқуми вилояти Суғд ва 40 нафар дар лагери назди муассисаи таълимии №69 ба истироҳат фаро гирифта шуданд.
Инчуни кумитаи иттифоқи касабаи маорифи ноҳия ба истироҳати кормандон низ диққати зарурӣ дода, соли ҷорӣ 49 нафарро барои барқарор кардани саломатиашон ба истироҳатгоҳҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Оби Гарм», «Тосқалъа», «Шоҳамбарӣ», «Зумрад» фиристод.
Мо низ дар оянда фаъолияти худро мувофиқи талабот ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва Оинномаи соҳавӣ ба роҳ монда, барои сазовор пешвоз гирифтани 24 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чораву тадбирҳои заруриро амалӣ менамуда, ба ин васила дар рушди кишвар саҳми арзандаю муносиб мегузорем.
Ҳикматулло Ҳамидов,
раиси кумитаи иттифоқи касабаи
маорифи ноҳияи Восеъ
Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 3998