Раиси ноҳия
Муовини Раис
Дастгоҳи Раиси ноҳия
ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-8467]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-5584]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-4998]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-4549]
6. РУШДИ МАОРИФ [диданд-3851]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-3846]
8. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-3842]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-3842]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-3555]
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Омор
- Хабархо: 2412
- Расмхо: 39
- Онлайн: 2
- Хамаги омаданд: 51905
РУШДИ МАОРИФ
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол 9-уми сентябрро ҳамчун санаи таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз бо тантана қайд менамояд, зеро чуноне ҳамагон медонем ин рӯз барои мо тоҷикон бахти баланде насиб гашт. Миллати тоҷик баъди ҳазор сол соҳиби давлати соҳибихтиёру мустақил гашт. Тавонист, ки дар радифи мамолики олам гом бардошта, ливояшро дар бузургтарин созмони бонуфузи ҷаҳон Созмони Миллал парафшон гардонад.
Ин гувоҳи он буд, ки миллати тоҷик, давлати Тоҷикистон аз тарафи оламиён шгинохта шуд ва тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун эътироф гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин соҳибихтиёрӣ, Истиқлолият ҳарчанд ба осонӣ ба даст омада бошад, ҳам вале барои нигоҳдорӣ ва пойдории он хуни ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик реҳт, мардум фирорӣ гашту оилаҳои зиёде бесарпаноҳ монданд. Шукри Худованд, ки барои миллати тоҷик бахти накӯро боз сазовор дониста, марди сиёсатмадору фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат ва роҳнамоӣ овард. Тавассути хиради олӣ ва сиёсатмадориаш ӯ тавонист, ки мардумро ба ҳам оварад, фирориёнро ба ватани аҷдодӣ баргардонад ва он харобаҳои овардаи ҷанги бародаркушро бо дастгирии миллати бофарҳангу соҳибтамаддунаш аз нав барқарор намуда, ба захмҳои расида шифо бахшад.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки кишварашро рушд бахшад, зиндагиашро хубтару беҳтар намояд ва бо дастгирии ҳамдигар тавонист, ки сулҳу сафоро дар Тоҷикистон барқарор намуда, масъалаҳои мавҷудаашро ҳаллу фасл намояд. Ман ҳамчун омӯзгор шукуфоии кишвар, пешрафти онро дар истиқлолияти комили кишвар ва роҳбарию роҳнамоии Сардори давлатамон Ҷаноби Олӣ муҳтароам Эмомалӣ Раҳмон мебинам. Ва хоҳони онам, ки ҷумҳурии азизамон зери ливои истиқлолият дар ваҳдату ягонагӣ вадӯстию рафоқат рушд ёфта, бо мамолики тараккикардаи ҷаҳон баробар шавад.
Истиқлолияти кишварро барои кулли ҳамдиёронамон табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳо таманно менамоям.
Раҷабалӣ ШОКИРОВ.
Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 3851