МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф

Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф

Ҳамдиёрони азиз!

 

Соли 2015 бо кӯлвори пур аз воқеаву ҳодисаҳои фараҳбахш моро тарк мегӯяд ва ба бойгонии таърих фурӯ меравад. Таърих бо саҳифаи тозаи соли 2016 варақгардон мешавад. Соле, ки бо мо хайрбод мегӯяд дар ҳаёти мардуми шарафманди ноҳияи мо низ чун тамоми мардуми кишвар фаромӯшнопазир боқӣ мемонад.

Дар ҳақиқат дар соли 2015 дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми ноҳия дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ омадаанд, ки ба пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беҳдошти рӯзафзуни рӯзгори иҷтимоии мардуми ноҳия мусоидат кардаанд.  Бузургтарин воқеаи сол қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат”  ва пазируфта шудани Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми  Пешвои миллат мебошад, ки мардуми шарафманди ноҳияи мо низ ин иқдомро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Соли 2015 –ро кишоварзони ноҳия бо натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст карданд. Фароҳам овардани шароитҳои муфид барои хоҷагидорон, таъсис ёфтани “Гӯшаи деҳқон” ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозори истеъмолии мардум дар ҳама ҷамоатҳои деҳотӣ, бунёду барқарорсозии боғу токзорҳо дар мавзеъҳои талу тепаҳо, бунёд шудани корхонаҳои  истеҳсолии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоии марди деҳқон ва тадриҷан ҳал гардидани дигар масъалаҳои марбути соҳа аз рушди бонизоми соҳаи аграрии ноҳия башорат медиҳад.

 Саноатчиёни ноҳия низ тавонистанд дар соли 2015 ғайратмандона меҳнат карда, ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолиро бештар намоянд ва ба таъмини садҳо ҷойҳои нави корӣ барои эҳтиёҷмандон мушараф шуданд.

Анҷоми корҳои барқарорсозии бинои Қасри фарҳанг ва Осорхонаи Миралӣ Маҳмадалиев дар ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев, бунёди гулгашти зебои фарҳангӣ ба номи Рӯдакӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи А.Рӯдакӣ, идомаи корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг дар маркази ноҳия, таъмиру таҷдиди комили боғи фарҳангу истироҳатӣ, азнавсозии хатҳои интиқоли оби полезӣ ва дигар амалҳои созандагӣ ва беҳтар гардидани симои шаҳраку деҳот ва болоравии сатҳи фарҳанги деҳадорӣ таъсири муфид хоҳад расонд.  

Фараҳбахштарин руйдоди ҳаёти фарҳангии ноҳия таъсиси Филармонияи халқии ноҳия мебошад, ки феълан ба фаъолияти касби худ оғоз намудааст.

Барои маорифчиёни ноҳия низ соли 2015 хотирмон арзёбӣ мешавад. Дар ин сол барои толибилмони ноҳия 1 мактаби нави замонавӣ сохта шуда,  дари худро боз кард. Инчунин барои мактабҳои ноҳия бо 220 мизу курсӣ ва дигар лавозимоти дарсӣ таъмин карда шуданд. Боиси хушнудист, ки дар ин сол корҳои сохтмонии 7 мактаби дигар муваффақона идома доранд.  

        Дар маҷмуъ соли 2015 барои мардуми шарафманди ноҳия соли барору комёбиҳо маҳсуб мешавад. Мо бо соли 2015 хайрухуш намуда, бо руҳияи баланди меҳнатӣ, иродаи қавӣ ва итминони комил ба остонаи соли нави 2016 ворид мешавем. Дар соли нав моро амалҳои шоиста ва манфиатовар ба нафъи мардуми диёр интизор аст.

       Аз ин рӯ бори дигар ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо тамоми мардуми ноҳияро бо фарорасии Соли Нави мелодӣ-2016 сидқан табрику муборакбод намуда ба шумо тандурустии комил, рӯзгори осуда ва руҳияи қавии меҳнатӣ орзу менамоям.

 

Соли наватон хуҷаста бод, ҳамдиёрони азиз!        

 

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2015-12-31 | Диданд: 3995