МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН

ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН

Дар арафаи иди Артиши Миллӣ шуъбаи  кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, амали некро пиёда намуданд.  Бо ташаббусу роҳнамоии онҳо як гурӯҳ занону модарони сарбозон,  дар ҳайати сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокиияти давлатии вилояти Хатлон Гулчеҳра Наимова, сардори Раёсати Агентии давлатии шуғли меҳнат ва муҳоҷирати вилоят Аслбӣ Денбегиева, қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ, собиқадори меҳнат Гавҳарбӣ Пиракова ва дигар занони ифтихории ноҳия меҳмони сарбозони қисми ҳарбии дар ноҳиябуда гардиданд. Сараввал меҳмонон бо шароити буду боши аскарбачаҳо шинос шуда, барои фароҳам овардани шароитҳои зарурии хизмат ба Сардори давлат, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти қисми низомӣ изҳори сипос намуданд.

Баъдан дар ҳавлии қисми низомӣ вохурии меҳмонон бо сарбозон доир гардид, ки зимни он аз ҳаёту корномаи падарону бобоён нисбати ватандорию ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ифтихори миллӣ, дӯстию рафақат ва ваҳдати миллӣ ибрози назар карда шуд. Дар фарҷоми вохурӣ дастаи ҳунарии идораи фарҳанги ноҳия хотири меҳмонону сарбозонро бо барномаи ҷолиби ҳунарӣ шод намуданд. 

 

Илова кард: Мирзоев С | Илова шуд: 2016-02-17 | Диданд: 3687