МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.

ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД.

ХОИНОН БА ТАРАҚҚИЁТУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН ҲАСАД МЕХУРАНД. Чуноне, ки иттилоъ дорем санаҳои 8-10-уми октябри соли равон дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои аъзои ИДМ доир гардид. Дар ҷаласаи баргузоргардида, масъалаҳои гуногун баррасӣ гардиданд, ки ҳама ба манфиати мардуми кишварҳо нигаронида шуда буданд. Аммо бо як навори видеоӣ яке аз хоини миллат Муҳаммадиқболи Садриддин ба дӯстиву тифоқии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ҳасад бурда, зери танқид ва баррасӣ қарор дода аст ва бо ақидаҳои ғаразнокаш сафсатаҳои зиёдеро гирди забон овардааст. Гуфтаҳояш бе поя ва мантиқ надошта, танҳо аз бадбинии худ ҳарчизе, ки ба забонаш ояд мегӯяд. Чунин ашхос танҳо ноамниву тирагиро мехоҳанд. Ин хоинони миллат ба давлату миллати худ ҳеҷ хизмат накардааанд ва аз берун истода тинҷиву оромии мардуми тоҷикро халолдор мекунанду халос. Бо сафсатахонӣ вақти худро беҳуда сарф мекунанду, ба ғайр аз иғвоанзезӣ ҳеҷ коре аз дасташон намеояд. Ба мардуми сарбаланди тоҷик ҷанг, нотинҷӣ лозим нест, ҳама сулҳро мехоҳанду оромию ваҳдатро. Мардуми сарбаланди тоҷик ҳамеша дар зери сиёсати Пешвои муаззаму ғамхорӣ миллат саф мекашанд, инчунин баҳри пешрафту шукуфоии он то ҷон дар бадан доранд талош менамоянду ба ҳарфи дуруғу иғвоҳои нокасон фирефта намешаванд. Шукрона мекунем, ки бо сиёсати дурбинона, хирадмандона ва оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯзҳои нек расидем. Ин ҳама оромӣ, сулҳу ваҳдатро мо тоҷикон бо иғвову дасисаҳои нокасон бовар карда, аз даст додани нестем, баръакс баҳри пешрафту ободӣ, сулҳу суботи кишвар то вақте ҳастем дар зери сояи Пешвои маҳбуби миллат, Пешвои ғамхору инсондӯст, талош менамоем. Мирзоева Г.-сокининоҳияиВосеъ

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 14-10-2025, 16:53:36 | Диданд: 5