МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Кабириро ҳамчун дуруя ҳама медонад

Кабириро ҳамчун дуруя ҳама медонад

Дар замони муосир, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмўи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ғояҳои созандаро тақозо менамоянд.

Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Терроризм ва экстремизм имрўз бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.

Терроризм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.

Терроризм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузоштааст, ки он монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башарият гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври мушаххас дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.

Душманони миллату меҳани тоҷик, ки бо суханони бемантиқонаю беасос ҳамеша бар сари мардуми мо  санги маломат мезананд. Бо ҳар роҳу восита иттилооти бардурўғро паҳн карда, худро мусичаи бегуноҳ нишон медиҳанд. Маҳз бо ҳамин усули корӣ ва тарзи амалкардаи худ тавонистанд, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз рӯзҳои аввали Истиқлолият ба хоку хун оғўшта намоянд ва халқи фарҳангпарвару таҳаммулпазири меҳанро сарсону саргардон кунанд. Имрўзҳо аъзоёни ҲНИ ба мисли гадою талбанда дар ба дари созмонҳои хориҷӣ гашта, худро бечораю нотавон ва дармондаю қаландар нишон медиҳанд. Онҳо  мехоҳанд, ки боз миллату меҳанро ба гирдоби вартаҳову бадбахтиҳои чанде қабл созмондодаашон тела диҳанд. Чанд террористи наҳзатие, ки худро ба девонагӣ задаю ба ҳам ҷамъ омада, дар шаҳри Берлин бо унвони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ созмонеро ташкил кардаанд. Натиҷаҳои интизорӣ аз ин ҷамъияти худбохтагон боз ҳамон бадбахту бенаво намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Ин террористону экстремистон, ки дар асл душманону хоинони миллату меҳан мебошанд, боз бешармона аз номи миллату меҳан сухан карда, даъвои ташкили гирдиҳамоӣ доранд.

Бо вуҷуди ин, террористону экстремистони наҳзатӣ, ки душманони ашадии њуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб мераванду аслан озод будани инсонро ҳамчун арзиш қабул надоранд, дар санаи таърихии 10 декабр – Рўзи байналмилалии Ҳуқуқи инсон талаби раҳоии чанд ҷинояткорро, аз қабили Маҳмадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёровро ва дигаронро доранд. Ҳамзамон, онҳо чун террорист аз нафароне, ки дар зиндони шаҳри Хуҷанд даст ба ҷинояти бераҳмона куштани одам ва созмон додани ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони мақомоти қудратӣ зада буданд, дифоъ намуда, чунин ваҳшоният ва даҳшати зиндониёнро ҳодисаи хубу хуш муаррифӣ кардан мехоҳанд.

Дар сомонаҳои ифротӣ «эъломияи Кумитаи ба ном шаҳрвандии ба ном зиндониёни сиёсӣ» ба нашр расидааст, ки мардумро ба митинг даъват менамоянд. Корфармои ин ҳама нооромӣ, як қувваи заъиф ва хориҷибунёд Ташкилоти экстеримистию террористии ҲНИ аст.

Мақсад аз роҳпаймоӣ чизи дигар аст. Дар ин роҳпаймоӣ наҳзатиёни ифротӣ нақша доранд, ки ба нооромӣ ва террор даст бизананд ва гуноҳи содиркардашонро ба ҷониби ҳукумат вогузор намоянд. Ба гуфти шоҳидони воқеа, наҳзатиҳо меҳоҳанд парвандаи муҳоҷириашонро дар мақоми паноҳдиҳандаи Олмон бо ин роҳ такмил кунанд.

Бозҷӯйиҳои нав бар онанд, ки амволи М.Кабирӣ бамаротиб болотар аз он будааст, ки 3 млн.доллари амрикої, ки аз он 1,2 млн. доллар барои “ҳоҷӣ” Ҳалим дар соли 2015 будааст. Ин бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки ба ғайр аз бозору хонаву дар ва автомошинҳо, танҳо дар хориҷа, арзиши хонаҳои истиқоматии ӯ ба 10 млн. доллар мерасад. Заминҳои нави лалмӣ ва обии ӯ маълум шудаанд ва барои мусодираи онҳо иқдом сурат мегирад.Чор зани ғайриникоҳии ӯ ошкор шудааст ва маълум мешавад, ки амволи ин раҳбари нафсбедори наҳзатиро соҳибӣ мекардаанд. Парасторони хориҷии ӯ ба миқдори миллионҳо доллар барои ноором сохтани Тоҷикистон ба ӯ сармоя додаанд.

 

Ҳ.Сафарова сокини н.Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 13-08-2019, 13:47:38 | Диданд: 396