ТОП 10
1. Ҳар касеро баҳри коре сохтанд [диданд-10718]
2. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-6488]
3. ҲИМОЯИ ВАТАН ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ [диданд-6416]
4. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-5365]
6. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-4778]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-4640]
8. РУШДИ МАОРИФ [диданд-4630]
9. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-4605]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-4232]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
| « | » | |||||
| Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Хабархои навтарин
2. Изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
3. Кабирӣ мухолиф не, хоин аст
5. НОМУСБОХТА
6. Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7. Кабирии Хоин ба мақсади нопоки худ намерасад.
8. Оқибатҳои фоҷиабори терроризм
9. Ман амали бадахлоқонаи гурӯҳи террористиро дар марзи Тоҷкистону Афғонистон қотеона маҳкум менамоям,
Омор
- Хабархо: 2456
- Расмхо: 39
- Онлайн: 6
- Хамаги омаданд: 104777
Нишасти Варшава. ҲНИ ва дигар гуруҳҳо чи мехоҳанд?
Вақте мақолаеро дар сомонаи радиои "Озодӣ" хондам рости гап аз хашми бисёр чи гуфтанамро надонистам. Аҷиб он аст, ки замоне буд, ки як мулки биҳитосоро ба оташи ҷанг маҳз ҳамин гуруҳбозҳо кашида буданд вақте, ки як қисми ҳокимиятро аъзоёнашон роҳбарӣ мекарданд заррае ба касе кӯмак ва дастгири ҳам накарда буданд. Агар ин гурӯҳбозҳо ғами мардум мехурданду ба манфиати мардум кор мекарданд то имруз аз онхо касе пуштибони мекард. Лек ҲНИ ва дигар гуруҳҳои экстремистӣ танҳо хонаи мардумро хароб карданду миёни мардум ғавғову сафсатаро роҳандози менамоянд. Аз тарафи дигар мардумро ба мазҳабу равияҳои дигар ҷалб намуда миёни онҳо муноқишаҳоро ташкил менамуданд.
Мардуми Тоҷикистон садҳо ҳазор бор шукр ки имрӯз тинҷу осуда зисту зиндагони намуда шароити зиндагиашон руз аз руз беҳ гардида истодааст. Барои мо ягон пуштибон аз хориҷи кишвар лозим нест. Мо зодгоҳамонро худамон ободу зебо мекунем. Президенти кишвари мо мунтазам таъкид менамояд, ки каси дигар Ватани моро обод намекунад.
Дар Варшава ва дигар ҷо баромад кардани душманони давлати мо асаре надорад зеро ҳамагон медонанд, ки онҳо ки ҳастанду чи мақсад доранд.
Абдукаримов Ҳ-сокини ноҳияи Восеъ
Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-09-2019, 12:36:53 | Диданд: 775