МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

МАЪРУЗАИ АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР МАСЪАЛАИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ

МАЪРУЗАИ АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР МАСЪАЛАИ ПАЙМОНИ МИЛЛӢ

 

 

Дар бораи Паймони миллӣ, ки Шумо савол кардед фикри ман ин аст, ки ман дар ин ҳаракат на паймонро мебинам на миллиро, зеро паймон ҳолатест дар сиёсат, ки гуруҳи ҳизбу ҳаракатҳои воқеӣ байни ҳам эътилоф мекунанд ва як неруи васеи фарогирро ба вуҷуд меоранд.

Вале дар ин мислои мушахас мо ин ҷизро намебинем, зеро чанд нафар дӯстон байни ҳам нишастанд ва маслиҳат карданд, ки ту, ту худатро бо номҳои гуногун бо номи ташкилотҳои гуногун муаррифӣ кун ва баъдан тибқи ҳамин схема мо ҷамъ мешавем мегӯем бо чанд ташкилотем ва худро Алянс ё Паймони миллии Тоҷикистон меномем.

Бинобар ин тағйир додани ин ном ё гирифтани ин номи фиребҳо ҳеҷ воқеиятеро тағйир намекунад, бинобар ин на паймон аст дар ин ҷо ва на миллӣ. Аммо миллӣ будан дар забон чӣ маъно дорад ё ба маънои фарогири умумӣ миллӣ будан аст, ки миқёси як ҳаракатро нишон медиҳад дар ин ҷо ягон миқёсе нест, ки мо гӯем ин ҳаракат фарогир аст ҳаракати миллӣ аст, ё арзишҳо меҳвар буданро нишон медиҳад.

Аз назари арзишҳо мо мебинем, ки хусусан ҳам дар роҳбарияти он, ҳам дар пайравони он як гурҳу гароишҳои тунди ифротӣ ҳастанд, як гуруҳ гароишҳои либералии берун аз ҳувияти миллӣ ҳастанд, бинобар ин он мавқеи миллии тоҷикӣ дар ин ҷо зиёд мушоҳида намешавад. Бинобар ин аз назари миқёси ҳам миллӣ нест аз назари арзиши ҳам миллӣ нест.

Ин нуқтаи хеле муҳим аст, вале агар гӯем пас чӣ аст ман чиро мебинам ман фикр мекунам, ки ин лоиҳа ду хусусияти асосӣ дорад, яке ин, ки як лоиҳаи тиҷорӣ аст, зеро дар шароити муҳоҷират роҳбарияти мухолифин ҳизби наҳзат боқимондаҳои он ба хулосае омаданд, ки бо номҳои гуногун баромад кардани ҳар як аъзои он, ҳар як фаъоли он як механизми ба даст овардани грантҳо, ба даст овардани маблағҳоро фароҳам мекунад, ки аз ташкилотҳои гуногуни байналхалқӣ, аз давлатҳои гуногун мешавад маблағҳои гуногунро ба даст оранд.

Ин моҳияти тиҷорӣ аст бинобар ин метавон гуфт, ки тарҳ тарҳи тиҷорӣ аст, вале аз назари ақидавию маънавӣ агар гӯи фикри ман ин аст, ки таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон ин фани ниҳоии ҳизби наҳзати исломӣ аст. Зеро ҳизби наҳзати исломӣ аз назари ҳуқуқи кайҳо аз байн рафта буд, вале аз назари сиёсӣ, иттилоотӣ ҳануз инҳо ин ҳизбро дар фазои иттилоотӣ нигоҳ медоштанд, вале бо таъсиси Паймони миллӣ Шумо бубинед дар як соли охир номе аз ин ҳизб нест.

Пас метавон гуфт, ки роҳбарияти Паймони миллӣ ҳизби наҳзати исломиро худашон ба таърих супориданд ва ин мешавад гуфт, ки Паймони миллӣ як навъ санги мазоре бар сари ҳизби наҳзати исломӣ аст, зеро онҳо чаро ба ин роҳ рафтанд, барои он ки имрӯз ҷаҳониён ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла аврупоиҳо ҳам моҳияти ин ҳизбро дигар медонанд, собиқаи ҳизбро медонанд он дидгоҳҳои ифротие, ки дар тули ин фаъолият муайян шуду он ҷиноятҳое, ки содир шуд барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мушаххаст аст.

Барои ҳамин имрӯз касе омода нест, ки ба ташкилоте бо номи ҳизби наҳзат маблағгузорӣ кунад, кумак кунад, ё онро сарпарастӣ кунад, ё ба он паноҳандагӣ диҳад, ё ба он майдони фаъолият дар ин кишварҳо диҳад, бинобар ин онҳо аз бохиҷолат аз наҳзатӣ будан берун омаданд ва як нав бо номи нав бо бренди нав бо як рӯйкаши нав зоҳир шуданд ин як тараф ва дар ниҳоят агар гӯем аз назари ман, ки ин ҷо таъсири геополитики ҳам таъсири бисёр ҷиддӣ дорад, зеро дастгирии чунин ҳаракатҳо, кумак ба рушди ин гуна ҳаракатҳо ҷузъе аз манфиатҳои кишварҳои манфиатдор дар минтақаи мо дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон аст ва ин паймони миллӣ ва созмонҳое мисли ин, ки нисбат ба ҳар кишварҳо дар ин ҷо дар кишварҳои гуногун сохта мешавад, дар асл як инструменти татбиқи манфиатҳои хириҷӣ дар минтақа ва дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Бинобар ин ҳеҷ ҷои таърифе нест, ки ин созмон ё ин ташкилот чӣ қудрате дорад ё чизе ба даст овардааст худи ин ташкилот ҳеҷ қудрате ҳам надорад, ҳеҷ патенсиале ҳам надорад инро ман пештар ҳам гуфта будам.

Агар патенсиале ҳаст, агар қудрате ҳаст он қудрати хоҷагон ё соҳибони он аст, ки метавонад бо қудрати худаш ин фарзанди худро бузург кунад, ё ин тарҳи худро бузург кунад, ё ин тарҳи худро агар зарурат шавад ҷамъ кунад.

Ҳамон гуна Толибонро калон мекунанд боз хурд мекунанд, боз калон мекунанд, боз хурд мекунанд вобаст ба тақозои манфиат. Бинобар ин агар ин ҳаракатро дастгирии калони хориҷӣ ёбад қавитар аз ин ҳам шавад ҳеҷ ҷои ифтихор нест. Зеро вай инъикоси воқеият ва армонҳо ва арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ маънои он аст, ки бо дасти хориҷӣ бузург шудан, бо даст хориҷӣ калон шудан ё қавӣ шудан ҳеҷ ифтихоре надорад, ки аз он ҳарф зананд.

Ва ман фикр мекунам, ки имрӯз агар шаҳрвандони мо дӯстони мо мехоҳанд, ки воқеан дар Паймони миллӣ пайваст бошанд Паймони миллӣ имрӯз дар Тоҷикистон аст он ҳаракати бузурги созандагӣ, он ваҳдати миллии устувор он ҳолате, ки ваҳдати миллии мо дигар бо хориҷ рафтани як ҳизб бо хориҷ рафтани як ҳаракат ё як шахс тағйир намеёбад ва ҳамчунон устувор истодааст.

Ин аст паймони миллӣ, паймони миллии мо ин Роғун аст ва он корномаи бузурге, ки миллати мо, роҳбари давлати мо дар Роғун нишон дод ва он пирузии азми миллии мо бар тамоми масъалаҳо, пирузии равшанӣ дар торикӣ, ки дар Роғун мо шоҳиди он будем ҳамин ҷуз паймони миллӣ бинобар ин касе, ки агар бо ин номҳои муқаддас мехоҳад пайваст бошад бо паймон, бо миллат, бо давлат, бо мардум, бо ваҳдат пайват бошад он бояд ҷузъе аз он ҳаракати таърихсозӣ, ҳаракати миллатсозӣ, ҳаракати давлатсозӣ бошад

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 20-09-2019, 16:25:00 | Диданд: 981