ТОП 10
1. ҶАВОНОН ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ [диданд-3788]
2. НИШАСТИ МАТБУОТИ [диданд-2191]
3. РУШДИ МАОРИФ [диданд-2092]
5. САРВАТИ БЕБАҲО [диданд-1923]
6. ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА [диданд-1873]
7. Табрикоти раиси ноҳия муҳтарам Ғафурзода Мусо Зариф [диданд-1774]
8. БОЗ СИМОИ АСЛИИ ТЭТ ҲНИ ОШКОР ГАШТ [диданд-1715]
9. ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МУСО ҒАФУРЗОДА [диданд-1712]
10. ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОН [диданд-1687]

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Воридшави
Таквим
« | » | |||||
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷм | Шб | Яш |
Обу хаво
Хабархои навтарин
1. Мо мардуми тоҷик дорои ақли солим ҳастем бо истифода аз он моро ҳеҷ кас гумроҳ нахоҳад кард.
2. Хоини миллат, Муҳиддини Кабирӣ
3. Аз дидани пешравиҳои мо онҳо розӣ нестан
4. Захарова рассказала о Русском культурном центре в Таджикистане
6. Новые сказки от холуя М. Кабири
7. Кабири - адвокат дьявола (об интервью уголовного беглеца - Мухиддина Кабири, скрывающегося в Европе)
8. Мардуми тоҷик хоинони миллатро мешиносанд.
Омор
- Хабархо: 1773
- Расмхо: 23
- Онлайн: 3
- Хамаги омаданд: 22287
РУШДИ МАОРИФ

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол 9-уми сентябрро ҳамчун санаи таърихӣ ва барои миллати тоҷик сарнавиштсоз бо тантана қайд менамояд, зеро чуноне ҳамагон медонем ин рӯз барои мо тоҷикон бахти баланде насиб гашт. Миллати тоҷик баъди ҳазор сол соҳиби давлати соҳибихтиёру мустақил гашт. Тавонист, ки дар радифи мамолики олам гом бардошта, ливояшро дар бузургтарин созмони бонуфузи ҷаҳон Созмони Миллал парафшон гардонад.
Ин гувоҳи он буд, ки миллати тоҷик, давлати Тоҷикистон аз тарафи оламиён шгинохта шуд ва тоҷикон ҳамчун миллати соҳибтамаддун эътироф гардид.
Бояд тазаккур дод, ки ин соҳибихтиёрӣ, Истиқлолият ҳарчанд ба осонӣ ба даст омада бошад, ҳам вале барои нигоҳдорӣ ва пойдории он хуни ҳазорҳо нафар ҷавонони тоҷик реҳт, мардум фирорӣ гашту оилаҳои зиёде бесарпаноҳ монданд. Шукри Худованд, ки барои миллати тоҷик бахти накӯро боз сазовор дониста, марди сиёсатмадору фарзанди фарзонаи миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат ва роҳнамоӣ овард. Тавассути хиради олӣ ва сиёсатмадориаш ӯ тавонист, ки мардумро ба ҳам оварад, фирориёнро ба ватани аҷдодӣ баргардонад ва он харобаҳои овардаи ҷанги бародаркушро бо дастгирии миллати бофарҳангу соҳибтамаддунаш аз нав барқарор намуда, ба захмҳои расида шифо бахшад.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки кишварашро рушд бахшад, зиндагиашро хубтару беҳтар намояд ва бо дастгирии ҳамдигар тавонист, ки сулҳу сафоро дар Тоҷикистон барқарор намуда, масъалаҳои мавҷудаашро ҳаллу фасл намояд. Ман ҳамчун омӯзгор шукуфоии кишвар, пешрафти онро дар истиқлолияти комили кишвар ва роҳбарию роҳнамоии Сардори давлатамон Ҷаноби Олӣ муҳтароам Эмомалӣ Раҳмон мебинам. Ва хоҳони онам, ки ҷумҳурии азизамон зери ливои истиқлолият дар ваҳдату ягонагӣ вадӯстию рафоқат рушд ёфта, бо мамолики тараккикардаи ҷаҳон баробар шавад.
Истиқлолияти кишварро барои кулли ҳамдиёронамон табрик гуфта, барояшон пирӯзиҳо таманно менамоям.
Раҷабалӣ ШОКИРОВ.
Илова кард: Бобоев Ахмад | Илова шуд: 2015-10-09 | Диданд: 2092