МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Сиёсати давлати мо созанда аст!

Сиёсати давлати мо созанда аст!

Дар зарфи соҳибистиқлоли давлати мо дар корҳое саҳм гузошт, ки иҷро кардани он замони Шӯравӣ ба мо муяссар нагардида буд, бунёди НБО "Роғун", сохтмон пул ва иншоотҳо, ташкили мавзеъҳои сайёҳӣ маҳз замони соҳибистиқлолӣ амалӣ гардид. Аз ин пешравии мардуми Тоҷикистон душманони миллати мо ба танг омада ҳамарӯз таънакуниҳо ва ғайбатҳояшонро тариқи сайтҳои иҷтимоӣ мегузоранд. Аммо барои дастгирии гуфтаҳои онҳо касе ҳамовозӣ намекунад. Зеро мардум худ медонад, ки онҳо ки буданду кистанд. 

Замоне, ки дар кишвари азизи мо ҷанг мерафт ва марду аҳволи танг дошт. Бе барқиву бе обӣ, бе ғизогиву набудани волоияти қонун шаҳрвандонро дилтанг карда буд. Ҳама умед ба давлати тинҷу осуда дошт. Радио ва телевизионро ҳама бо диққат гӯш мекард то муждае шунаванд, ки барои онҳо гаронбаҳо аст. Бо чунин вазъ Тоҷикистониён зиндагӣ карданду асли воқеаро ба чашм диданд. Дар хотир дорем, ки барои як бурда нон тамоми молу ашёро медоданд. Сиёсати инсондӯстонаи давлати Тоҷикистон буд, ки талу тепаҳоро барои кишти гандум ба мардум доданд. Мардум барои дарёфти як бурда нон шабонарӯзи заҳмат мекашид то ки хираманаш пур аз дон бошад. Баромад ва ҳидоятҳои мунтазами Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он оварда расонид, ки имрӯз давлати мо Тоҷикистониён ру ба инкишоф ниҳод. Тамоми соҳаҳои фалаҷгардида ба по хест. Роҳи оҳан бунёд ёфт. Мардум мутаҳид шуда ба якдигар дасти ёрӣ дароз карданд. Ин саргузаштро танҳо мо Тоҷикистониён медонем. Гунаҳкори асоси ҲНИ буд. Агар ин ҳизб намебуд ватани мо даҳо сол ақиб намемонд.

Имрӯз ҳазорҳо бор шукрона ки давлати осуда дорем. ҲНИ бошад бо талоши зиёд дар созмонҳои байналмиллаи аз ҷумла САҲА талош дорад, ки худро сафед кунад. Вале бо чи кораш сафед мекунад. Дар ин солҳои фаъолияташ дар кишвари мо чи кори некеро ба амал овард? Ягон мактаб сохт?, дасти ёри дароз кард? На ҳар коре кард фақат харобкорӣ буд ва низоъ меандохт.

 

Мирзоалиев Х-сокини н.Восеъ

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 07-10-2019, 12:50:40 | Диданд: 388