МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Мо ҷонибдори Сулҳем!

Мо ҷонибдори Сулҳем!

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми баромадҳояш  ба ҷонибдории сулҳ, ваҳдат, якдигарфаҳмӣ ва ҳалли низоъҳо бо гуфтушуниди ҳарду ҷониб таъкид мекунад. Ин суханҳоро ҳатто дар минбарҳои сатҳи байналмилалӣ низ қайд менамояд. Аз саргузашти мардуми Тоҷикистон дар солҳои 90-ум мунтазам таъкид мекунаду тинҷиву оромиро беҳтарин неъмат мешуморад. 

Дар давраи соҳибистиқлолӣ мардуми кишвари азизи мо аз чандин имтиҳонҳои зиндагӣ гузаштанд. Онҳо пасту баландии зиндагиро дида барои ҳаёти осоишта мубориза бурданд. Имрӯз сад шукри замони соҳибистиқлолӣ, ки ба шаҳрвандони мо зиндагии осоишта муяссар гардид. 

Ҳарчанде, ки мушкилоти назди сарҳади бо давлати Қирғиз мавҷуд бошад ҳам мо бовари дорем, ки онро роҳбарон бо гуфтушунид ва маслиҳат ҳаллу фасл менамоянд. Барои ин мушкилотро ҳал намудан масъулон фаъолияти кориашонро ба роҳ мондаанд. 

Дар ин маврид ҳамчун шаҳрванд ман гуфтаниям, ки мо бояд кушиш кунем, ки ин масъалаи сарҳадиро дар доираи ҷамъомад бо маслиҳат ҳал карда пеши роҳи ҳамагуна амалҳои нохушро гирем. 

Барои ҷудо намудани хатти сарҳад танҳо масъулон фаҳмиш доранду онро илман ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқ хоҳанд кард, мардуми маҳалл фаҳмише дар ин бора надорад. Мардуми Қирғиз инро бояд дарк намоянд. 

 

Раҷабов Ҷ- сокини н.Восеъ 

 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-10-2019, 06:29:16 | Диданд: 338