МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ
ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
НОҲИЯИ ВОСЕЪ

Бадахшон мавзеи сайёҳист

Бадахшон мавзеи сайёҳист

Бадахшон минтақаест, ки кӯҳҳо ва обҳои мусаффояш касро мафтун мекунад. Маҳз барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ  барои сайёҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои зиёде менамояд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар амалҳои созадааш талош намуд, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳури инфрасохтори сайёҳӣ ташкил карда шавад. Дар ин замин қарор ва дигар барномаҳои дахлдорро таҳия ва қабул намуд. Тавре бештари нафароне, ки хориҷи кишвар рафтаанд нағз медонанд, ки давлатҳои хориҷ аз ҳисоби сайёҳон маблағҳои зиёде ба даст меоранд ва ин соҳаро яке аз соҳаҳои афзалиятнок мешуморанд. Дар ин маврид иншоот ва дигар лавозимоти зарурӣ барои сайёҳон ташкил карда шуд.

Солҳои охири шумораи ташрифи саёҳон дар кишвари мо бо маротиб афзуда истодааст. Ин барои ҳар як шаҳрванди мо нафъ мебахшад. 

Мардуми ВМКБ низ бояд ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ бештар кор кунанду шароити мусоид фароҳам созанд. 

Дар тамоми соҳаҳои ВМКБ корҳои сохтмонию созандагӣ бо маром идома дорад. Сохтмони роҳи нақлиётӣ худ барои рушди тамоми соҳаҳо шароит муҳаё месозад. 

Хатлоншои М.сокини ноҳияи Восеъ 


 

Илова кард: Администратор | Илова шуд: 16-10-2019, 12:54:46 | Диданд: 353